logo

маориф

ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ. ЯКЕ АЗ ПАНҶГОНАИ БЕҲТАРИН МУАССИСАҲОИ ОЛИИ КАСБӢ

 
Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» 27 январи соли 2022 мақоми байналмилалӣ гирифта, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Он, аслан, 22 июли соли 1991 ҳамчун Коллеҷи технологӣ – маишӣ дар асоси ҳисоби хоҷагӣ чун таълимгоҳи олии бисёрсоҳа, сипас муассисаи олии таълимии дараҷаи якум, ки аз ҳисоби васоити шартномавӣ маблағгузорӣ мешавад, таъсис ёфта буд. Соли 1995 ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон табдили ном кард.
Роҷеъ ба фаъолияти имрӯза, дастовард ва ҳадафҳои минбаъдаи Донишгоҳ бо Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳ, ҳамсуҳбат шудем, ки чунин ибрози андеша кард:
Боиси хушнудист, ки соли таҳсили 2021-2022 ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳ сурат гирифта, кулли иқдомоти раёсати Донишгоҳ дар ин давра амалӣ шуда, шароити зарурӣ ва пойгоҳи муосири мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ барои кору фаъолият муҳайё гардид. 
Маҳз ифтитоҳи биноҳои наву замонавӣ, фароҳам гардидани шароити муосири таълимӣ ва густариши корҳо дар самтҳои мухталифи фаъолияти муассиса боис шуд, ки таълимгоҳ мақоми байналмилалиро соҳиб гардида, фаъолияти филиалҳои он дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд низ тибқи талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсейи касбии кимиёи саноати шаҳри Левакант ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ба ихтиёрдории Донишгоҳ гузаронда шуд. Иқдомоти мазкур ба раёсати Донишгоҳ имкон фароҳам меорад, ки кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ омода карда шаванд. 
 
ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ВОБАСТА БА ТАҚОЗОИ ЗАМОН
 
Раёсати Донишгоҳ бо мақсади дастгирии ҳамешагии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат, сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, қабл аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳи азхудкунӣ ва сифати таҳсил дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва талаботи имрӯзаи бозори меҳнат дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар Донишгоҳ якчанд ихтисосҳои нав - омӯзгорӣ, саноат, иқтисодиёти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, системаи зеҳнии геоиттилоотӣ, технологияи зеҳнии компютерии реинжиниринг ва бизнес - равандҳо, маркетинг дар тиҷорати электронӣ, кибернетикаи иқтисодӣ, хадамоти консулӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, полиси сайёҳӣ, тибби сайёҳӣ, сайёҳии осоиштагӣ- табобатӣ таъсис ёфта, ҷамъи ихтисосҳои амалкунанда аз 56 ба 77-то расонда шуд.
Дар баробари ин, шумораи ихтисосҳои филиалҳои Донишгоҳ (Хатлон ва Суғд) зиёд шуд. Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар филиалҳо ба инобат гирифтани талаботи рӯзафзуни бозори меҳнати минтақаҳо ва таъмини шароит ҷиҳати фаро гирифтани довталабон ба таҳсил дар макони истиқомат маҳсуб меёбад. Бо мақсади тақвияти забондонии омӯзгорону донишҷӯён курсҳои кӯтоҳмуддати ройгон ташкил ва гузаронда шуда, 120 омӯзгор ва 293 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Илова ба гурӯҳҳои таҳсилаш бо забони англисӣ, аз ҳисоби донишҷӯёне, ки дар курсҳои ройгони забономӯзӣ иштирок намуданд, 5 гурӯҳи иловагии забони англисӣ барои соли таҳсили 2022-2023 ташкил гардид. Тибқи талаботи низоми кредитии таҳсилот дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 барои 60 дарсади фанҳои таълимӣ қабули имтиҳонот тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ ба роҳ монда шуд. 
Бо назардошти эҳтиёҷоти ихтисосҳои нави ҷоришуда илова ба ихтисосҳои амалкунанда, инчунин, дар доираи имкониятҳои мавҷуда 3 лабораторияи компютерии муҷаҳҳаз бо 120 компютер ва технологияи муосири иттилоотӣ - коммуникатсионӣ мавриди амал қарор гирифт. Дар доираи таҳияи лоиҳаҳои грантӣ ва маблағҳои махсуси Донишгоҳ шумораи  компютерҳо ба 1000-то расонда шуд, ки ба ҳар як донишҷӯ 1 адад рост меояд. 
 
ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ – ТАҶРИБАВИИ «САЙЁҲ»
 
Барои машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар ноҳияи Варзоб маркази таълимӣ – таҷрибавии «Сайёҳ» таъсис ёфта, дар ин давра 13  машғулияти амалии сайёри донишҷӯёни равияи сайёҳӣ бо иштироки дастурдиҳандагон аз ширкатҳо ва сохторҳои дигари соҳаи сайёҳӣ доир шуд, ки натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард. 
Донишгоҳ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалигардонии нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» 13-14 майи соли равон дуюмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДБССТ» баргузор намуд. Хурсандиовар он буд, ки нисбат ба соли гузашта завқи донишҷӯёни риштаҳои дақиқ ва риёзӣ ба иқдомоти Донишгоҳ дар мавриди баргузории озмун зиёд гардидааст. Агар соли гузашта дар озмуни якум аз 23 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 78 донишҷӯ иштирок намуда бошад, пас соли ҷорӣ дар 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДБССТ» аз 35 муассисаи таълимӣ 186 донишҷӯ ширкат кард. Барои баҳогузории холисона мутахассисон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии мамлакат даъват гардида буданд. Аз 86 иштирокчии озмун, дар асоси хулосаи комиссия 80 нафар ғолиб ва ҷоизадорони он дониста шуданд. Ҳамин тавр, 6 нафар соҳиби ҷойи якум, 12 нафар дуюм, 34 нафар сеюм ва 28 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум «Ҷоми раёсати ДБССТ», дипломи дараҷаи I ва ба ҳар кадоме ба андозаи 5000 сомонӣ, ба барандагони ҷойи дуюм диплом ва ба ҳар кадоме 2000 сомонӣ ва ба ишғолкунандагони ҷойи сеюм диплом ва 1000 сомонӣ ҳавасмандӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон, интиқоли ғолибони озмуни мазкур ба гурӯҳҳои ройгони Донишгоҳ аз дастгирии дигари раёсати Донишгоҳ маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда низ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ бо роҳхат ба осоишгоҳҳо таъмин мешаванд. Дар озмуни мазкур 1 донишҷӯи Донишгоҳ соҳиби Шоҳҷоиза, «Ҷоми раёсати ДБССТ» ва 1 нафар соҳиби ҷойи дуюм гардид. 
 
ДАР РӮЙХАТИ ПАНҶГОНАИ БЕҲТАРИНҲО
 
Дар ин давра аз ҷониби ҳайати профессорон  ва  омӯзгорон 12 монографияи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 8 васоити  таълимӣ, 24 даструи методӣ, 6 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 2 рисолаи докторӣ, 442 мақолаи илмӣ, илова бар ин, 68 мақолаи илмӣ – оммавӣ нашр гардид. 
Вобаста ба натиҷаҳои фаъолият, хушбахтона рейтинги Донишгоҳ тибқи арзёбии  Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 зина боло рафта, шомили 5-гонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътироф гардид.
Омодасозии кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷаи унвони илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, 4 нафар устодон рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Инчунин, 47 устод аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд. 
Даври донишгоҳии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» аз 15 - 25 апрели соли равон ҷамъбаст гардида, ғолибон ба даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи 4 номинатсия, дар маҷмуъ, 16 иштирокчӣ роҳхат гирифт. Ба даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» бошад, 13 нафар аз се номинатсия роҳ ёфтанд. 
 
ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ
 
Бо  мақсади тақвияти робитаҳои хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ раёсати робитаҳои хориҷӣ бо 32 донишгоҳу донишкадаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, аз ҷумла бо Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия, Донишгоҳи бизнес ва технологияи Гурҷистон, Донишгоҳи Гурҷистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмондории Қазоқистон, Донишгоҳи байналмилалии қазоқӣ- туркии ба номи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ, Донишгоҳи иқтисодиёт, молия ва савдои байналмилалии Қазоқистон, Донишгоҳи байналмилалии иқтисодии Тошкент, Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии омӯзиши проблемаҳои объектҳои мероси фарҳангӣ ва рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи менеҷменти Мумбай шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки аз онҳо 18 шартномаи ҳамкорӣ ва 14 шартнома маҳз барои табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад. Айни замон, 90 нафар тавассути барномаҳои табодули академии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ва барномаҳои Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои соли таҳсили 2022-2023 ҳуҷҷат супурдаанд. Раёсати Донишгоҳ вобаста ба таҳсил ва будубоши онҳо дар хориҷи кишвар бо сохторҳои марбута корбарӣ намуда истодааст.
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯёну омӯзгорони риштаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар хориҷи мамлакат чораандешӣ сурат гирифта истодааст. 15 июни соли ҷорӣ вобаста ба масъалаи болозикр раёсати Донишгоҳ бо сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ва намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  мулоқот анҷом дод. Намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал- Сувалайҳ иброз дошт, ки тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ Академия имкон дорад ҳамасола 4 бурсия барои донишҷӯёни Донишгоҳ ҷудо намуда, ҳудуди 30 муҳассилинро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирад. Иқдомоти мазкур шуруъ аз соли таҳсили 2022-2023 амалӣ мешавад. Инчунин, дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масъалаи дар ҳамкорӣ бо Академияи аккредитатсионии Швейтсария гузарондани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таҳсилотии Донишгоҳ муҳокима гашт. 
Ҷиҳати таъсиси филиали Донишгоҳ дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя тадбирандешӣ сурат гирифта истодааст ва бо дастгирии ниҳодҳои давлатӣ филиалҳо таъсис дода мешаванд.  
Яке аз ҳодисаҳои муҳим дар самти густариши равобити байналмилалӣ ин ба узвияти шабакаи донишгоҳҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё пазируфта шудани Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад. Узвият ба шабакаи донишгоҳҳои мазкур имкон фароҳам месозад, ки табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорони хориҷӣ ба Донишгоҳ роҳандозӣ карда шавад.   
Донишҷӯён дар Олимпадаи байналмилалӣ, ки аз моҳи феврал то марти соли 2022 дар шаҳри Қазон аз рӯи чор номинатсия доир гардид, ширкат варзида, сазовори 1 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм гардиданд. Олимпиадаи умумироссиягӣ доир ба сервис, сайёҳӣ ва фаъолияти меҳмонхонавӣ аз рӯи равияҳои «Менеҷмент дар саноати сайёҳӣ ва меҳмондорӣ» ва «Сайёҳӣ» иштирок намуда, сазовори 3 ҷойи сеюм ва як ҷойи ифтихорӣ гаштанд. Дар Донишгоҳ бо ҷалби устодони варзидаи соҳаи зеҳни сунъӣ аз Донишгоҳи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ машғулиятҳои онлайнӣ сурат гирифта истодаанд, ки дар самти баландбардории дараҷаи касбии омӯзгорон нақши муассир дорад. 
 
ТАҶҲИЗОТИ ЛАБОРАТОРӢ БА МАБЛАҒИ 1600000 СОМОНӢ ДАСТРАС МЕШАВАД
 
Дар доираи барномаҳои грантии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» - и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон» аз ҷониби Донишгоҳ барномаи грантӣ бомуваффақият амалӣ шуда истодааст. Ғайр аз ин, барномаи грантӣ барои таъсиси Маркази иттилоотии сайёҳӣ ва лабораторияи инноватсионии зеҳни сунъӣ таҳия гардида буд, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ таҷҳизоти лабораторӣ ба маблағи 1600000 сомонӣ то моҳи октябри соли равон давра ба давра дастрас мешавад. Ҳамчунин, барои дарёфти грантҳо тавассути маблағгузории Бонки осиёии рушд  ва Бонки ҷаҳонӣ барои баргузории форумҳои байналмилалӣ, мустаҳкамсозии  пойгоҳи моддӣ – техникии раванди таълим корҳои муайян сурат гирифта истодаанд. 
Дар ин давра биноҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, пойгоҳи таълимии муассиса мустаҳкам гардид. Сохтмони бинои ҳафтошёнаи филиали Донишгоҳ дар вилояти Хатлон бомаром идома дошта, барои бунёди муассисаи томактабии бачагона дар ҳудуди қитъаи замини Донишгоҳ корҳои омодагию ташкилӣ ҷараён доранд. Барои ободу зебо гардондани гирду атрофи Донишгоҳ беш аз 125 000 гули мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонда шуд. 
Имрӯзҳо раёсати Донишгоҳ ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва муҳайё сохтани шароити хуби таҳсил ҳама тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо донишҷӯёни ин боргоҳро зарур аст, ки пайи илмомӯзии бештар талош варзанд.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2022    №: 159    Мутолиа карданд: 2516
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед