logo

иқтисод

«ПАРАНДАПАРВАРӢ. ДАСТОВАРДҲО ЗИЁД, ВАЛЕ МУШКИЛОТ ҲАМ КАМ НЕСТ!»

 
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо рӯзномаи "Ҷумҳурият" арзи сипос менамояд. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳад, ки мақолаи хабарнигори рӯзнома Кароматулло Ато зери унвони «Парандапарварӣ. Дастовардҳо зиёд, вале мушкилот ҳам кам нест!», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 4 июли соли 2022, № 126 (24 485) нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
 
Дар иртибот ба навиштаи мазкур гуфтанием, ки воқеан, баробари рушди ҳар соҳа мушкилот низ ҷой дорад. Ҳоло мушкилоти асосии соҳаи парандапарварӣ гарон будани арзиши хӯроки омехтаи паранда мебошад, зеро он аз хориҷи кишвар ворид мешавад, ки вазъи иқтисодии баамаломадаи  давлатҳо ба воридоти маҳсулот  таъсир мегузорад.  
Мувофиқи маълумоти расонаҳо, имсол дар бисёр мамлакатҳо истеҳсоли ғалладона, аз ҷумла гандум, чанд маротиб кам гаштааст. Гарон шудани нархи сӯзишворӣ ва минералҳо, ки дар таркиби хӯроки паранда истифода мешаванд, омили дигари қиматшавӣ мебошад. Ҳамаи ин ба арзиши аслии хӯроки омехтаи паранда таъсир мерасонад.
КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз ҳамаи сарчашмаҳо самараноку мақсаднок истифода намуда, саршумори паранда ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаро зиёд намояд. Барои рафъи мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ва рушди он ҳамкориҳо бо олимон  зич ба роҳ монда шудааст. 
Бо мақсади пешрафти бахши парандапарварии  ҷумҳурӣ, ҳамчунин, лозим аст, ки корхонаҳои давлатии зотпарварӣ оид ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаҳои хушзоти якрӯза ташкил карда шавад. Ҳамзамон, дар назди КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» ташкил намудани озмоишгоҳи махсус барои ташхиси саривақтии бемориҳо ва аз санҷиш гузарондани сифати маҳсулоти соҳаи паранда талаботи замон аст.
Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ ва КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» якҷо бо роҳбарони корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ мақсад гузоштаанд, ки ҷиҳати истеҳсоли бештари тухму гӯшти паранда аз тамоми иқтидору имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, иҷрои дурнамои соли равонро ба пуррагӣ таъмин намоянд.
 
М. Б. МИРЗОЗОДА,
муовини якуми вазири кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2022    №: 159    Мутолиа карданд: 1073
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед