logo

иҷтимоиёт

ЗАМИНИ РИЗҚБАХШИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо инсоният мувоҷеҳи мушкилоти озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон аст. Ҷангҳо ва бархӯрдҳое, ки ахиран дар байни кишварҳои сайёра рӯй мезананд, ин мушкилро боз ҳам сангинтар мекунанд. Таҳдиди хушксоливу беобӣ бори ин ҳама мушкилотро барои инсоният боз ҳам гаронтар месозанд, ки ҷои баҳс надорад. Ҳоло дар ин парешониҳои бани башар, дар ин вазъияти ноорому мутақобили байналмилалӣ бо умеди дигарон нашуда танҳо тавассути  ҳунар, имконият ва қобилияти худ метавон ба  мушкилоти замон муқовимат ва истодагарӣ намуд.   
Беҳуда нест, ки Ҳукумати Тоҷикистон чандин сол аст, стратегияи амнияти озуқавориро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии худ қарор додааст. Дар ҷаҳони имрӯза амнияти озуқаворӣ аҳамият ва ҷиддияти рӯзафзун пайдо кардааст ва дар сиёсати ҳар халқу миллат дар мадди назари аввал қарор дорад.
Боиси хушбахтиву сарфарозии мост, ки дар ин солҳои гарони бархӯрдҳову нооромиҳо Тоҷикистони биҳиштосои мо дар муҳити амониву осудагӣ ва амният  зиндагӣ ба сар мебарад.  Ва дар радифи ин амониву осудагӣ тақдир ба миллати мо сарзаминеро насиб гардондааст, ки ҳам хоки  ҳосилхез дораду ҳам манбаъҳои оби зулолу ҷонбахш ва ҳам халқи ҳунарманду заҳмативу матинирода, ки қобил аст ризқи худро аз заминҳои сангини кӯҳистон  ҳам бирӯёнад.
Пешвои миллат пайваста талқин мекунанд, ки дар ин даврони мушкил аз ин заминҳои файзбору худодод, аз ин табиати беназир, ки Худованд ризқи моро тавассути онҳо додааст, мо бояд ҳадалимкону ҳамаҷониба истифода барем. Ҳатто солҳои гарони гуруснагиҳои пешин, даврони ҷангҳои хонумонсӯз ҳамин обу хоки Ватан, ҳамин табиати саховатманди диёр тавассути гиёҳҳону решаи онҳо, меваҳову хушкмеваҳои дарахтон мардуми моро аз маҳв шудан нигоҳ доштааст. Дуои хайрхоҳонаи мардуми мо “Худованд то баҳор расонад”  маънои то наҷот расонадро дошт, чунки бо расидан ба баҳорон Замин-Модари муқаддас ба мо ғизо медод ва аз маҳвшавӣ нигоҳ медошт.
Ҳамин раҳнамоии Сарвари давлат солҳои оғози истиқлолияти кишвар буд, ки дар замони ҷангҳои шаҳрвандӣ, вақте ки ба мардуми кишвар гуруснагӣ таҳдид мекард, илова бар заминҳои корам, дар тамоми пуштаву адирҳои кишвар гандум кошта шуд. Ёдам ҳаст, хусусан доманакӯҳҳои беканор ва талу теппаҳои бекорхобидаи ноҳияи Данғара, ҳама сарсабзи гандумзор гардида  буданд. Дар он соли таҳдиди бенонӣ аз ин гандумзорҳо он қадар ҳосил ба даст оварда шуд, ки на танҳо аҳолии кишвар бо гандум таъмин гардид, балки қисме аз ин ҳосил ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ба  савдо рафт.  Аз кӯдакӣ ёд дорам, ки кишти гандум дар замини доманакӯҳҳо, коштани ғаллаву ғалладона дар талу пуштаҳои кӯҳистони деҳот ва дараву ғунучини он  дар ноҳияи кӯҳистони Панҷакент як зуҳуроти маъмулӣ буд. Яъне, агар мо заҳмат кашему дар  ҳама пуштаву адирҳои кӯҳистонамон, ки масоҳати бузургеро фаро мегиранд, гандуму ҷав ва зироати дигар бикорем, метавонем мушкили ғалладонаро дар Ватан аз байн барем ва дастнигари беруниён ҳам набошем.
Мо мебинем, ки сиёсати чанд маротиба ҳосил гирифтан аз як замин дар кишвари мо, аллакай, самараи неки худро дода истодааст. Далелҳо кам нестанд. Баъзе деҳқонони заҳматкаш ва соҳибкорони ҳушёру муваффақ солҳои охир бо заҳмати хастагинопазиронаи худ нишон доданду исбот карданд, ки воқеан, аз заминҳои файзбори сарзамини мо метавон дар як сол то чаҳор бор ҳосил гирифт ва дар баробари он, ин заминҳоро солиму безиён нигоҳ дошт.
Аслан, мардуми мо  боғпарвару зироаткоранд ва муҳаббат ба замин доранд. Ёдам ҳаст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ҳатто дар заминҳои пойтахти ватанамон, дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, поразаминҳои назди биноҳои баландошёна ҳам мардуми деҳқонтабиату заҳматдӯсти мо  киштукор ва боғдорӣ мекарданд. Дарахтони ғарқи меваҳои гуногун ва полизакҳои сабзавоту зироатро дар назди биноҳои шаҳр борҳо дида будем. Мутаассифона, бо чӣ сабабе аксари ин дарахтон бурида шудаву ин сабзавоткориҳоро имрӯзҳо хеле кам мебинем. Гумон мекунам бо риояи қонуни шаҳрдорӣ ва безиён ба муҳити атроф метавон иҷозат ва дастур дод, то супориши Президентамон дар мавриди истифодаи ҳар қитъаи замини бекорхобида дар шаҳрҳо, аз ҷумла дар пойтахт ҳам, амалӣ гардад. Чаро не? Дар ҳолате, ки имрӯз баъзе ҳунармандон, ҳатто, дар тубакҳои хокии айвонҳои худ дар иморатҳои баландошёна бо парвариши нахлу гулу буттаҳо машғуланду ҳосил ҳам мегиранд. Ду-се сол  пештар мо шоҳидем, ки  аз ҳисоби боғу боғчакорӣ дар пойтахт атрофу акнофи биноҳои шаҳрамон хеле  сабзу хурраму дилкушо гардида буданд. Фармони шаҳрдорӣ ба бардоштани гаражҳо ва иморатҳои иловагӣ  ва  симбандҳои  хусусӣ дар назди биноҳои серошёнаи маҳалҳои шаҳр дахл дошт, на ба буридани дарахтони сарсабз ва манъ кардани кишти полизҳои кӯчак.
Мо медонем, ки баъзе хонаводаҳои маҳалҳои канораҳои Душанбе, ки аз мардуми Фарғонаву Ургуту Самарқанд ва ғайра ҳастанд, ҳатто дар замони шуравӣ аз се-чор садяк замини наздиҳавлигии худ тамоми сол кабудӣ, сабзавот, помидору бодиринг мегирифтанду  бозорҳои  шаҳр  ва ҳам зиндагии худро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин менамуданд. Ҳамон вақтҳо қоил ба ҳунару заҳматашон шуда будем. Яъне, мешавад, ки як қитъа замин, агар заҳмат кашед, то ҷое инсонро мехӯронаду мепӯшонад. Дар шаҳри мо чунин таҷрибадорон кам нестанд ва имрӯз ин амалро  метавонанд дигарон низ таҷриба кунанду интишор диҳанд ва, дар маҷмуъ, барои арзониву фаровонӣ ва сериву пурии дастархонҳои халқамон саҳм бигузоранд.  
Барои амалӣ намудани ин сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат ҳама идораю корхонаҳо, мақомоти шаҳру маҳалу деҳот бояд ташаббускорона  саҳм гузоранд ва мардумро, хусусан дар таъмини об, ки яке аз мушкилҳои асосии киштукори мардум аст, ёрӣ расонанд. Ин суханонро барои он мегӯям, ки чанд сол пеш бо ташаббуси як созмони ёрирасони байналмилалӣ, дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент аз дарёи Зарафшон ба деҳаи Ғӯсар ҷӯйбори об гузаронда, ҳама ҷоро шодобу сарсабз гардонда, мушкили оби мардумро ҳал намуд. Аммо баъд аз ду сол ҷӯйбор ба сабаби бемасъулиятии мақомоти маҳаллӣ ва худи мардум аз кор монд. Ва имрӯзҳо боз ҳамон ҷанҷоли об барои обёрии заминҳои наздиҳавлигӣ ба миён омадааст. 
Бо таҳия ва амалӣ кардани нақшаҳои махсус дар гӯшаҳои кишвар мушкили обро дар кӯҳистони мо метавон ҳал кард ва дар ин кор бояд мақомоти маҳаллию соҳибкорони хайрхоҳу ҷавонмардони кишвар саҳм гузоранд. 
Гумон мекунам, барои муваффақона амалӣ сохтани сиёсати амнияти озуқаворӣ ва иҷрои даъвати Пешвои миллат барои истифодаи самараноки ҳар қитъа замин ва гирифтани чанд ҳосил аз як замин дар кишвари мо имконият вуҷуд дорад.  Аввал, халқи меҳнатдӯст ва дар заминкориву боғдорӣ соҳибтаҷрибаи тоҷик, баъдан, замини файзбори Тоҷикистони азиз, ки ба қавле чӯби хушкро ҳам месабзонад, метавонанд асоси ин заминаҳо бошанд
Беҳуда нест, ки барои миллати мо замин ва об ду унсур аз чаҳор унсури муқаддасест, ки ҳамеша бояд пок дошта шаванд. Беҳуда нест, ки мо заминро мисли модар муқаддас меҳисобем. Ҳамин одоби муносибат ба обу замин буд, ки халқи ҷабрдидаи мо дар паноҳи ин ду зуҳуроти  муқаддас ва ҳаётбахш: Об ва Замин ҳамеша ҳаёти пурсамару ибратангез доштааст. Эҳтиром ва муҳаббати халқи мо ба обу замин аст, ки ин муҳаббат муштарак асту бозгашт дорад ва обу замини Ватани маҳбубамон  самари неки худро низ аз мо дареғ нахоҳанд дошт.
 
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2022    №: 160    Мутолиа карданд: 778
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед