иқтисод
ВАНҶ ДАР МАСИРИ РУШД
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ дар нимсолаи якуми соли равон баҳри иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳо ва вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 декабри соли 2021 ва дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, аз 20 январи соли 2022, дар назди роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва заҳматкашони ҷумҳурӣ гузошта буданд, як қатор корҳоро ба анҷом расонд.
- Бояд зикр кард, ки дар асоси супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ барои давраи то соли 2025 мутобиқ бар муҳтавои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо”, ҳадафу афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Ҳадафҳои рушди устувор таҳия гардид,- иброз дошт Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ ва идома бахшид, ки дар доираи Барномаи рушд фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти энергетикӣ, истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, вусъатдиҳии шуғлҳои пурмаҳсул ва саноатикунонии босуръат равона шудааст.
Барнома ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи пешрафти иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои давраи миёнамуҳлат муайян карда, баҳри ноил гаштан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, инфрасохтори замонавӣ, муҳайё намудани шароити шоистаи зиндагӣ, аз байн бурдани ниёзмандӣ ва зиёд шудани табақаи миёнаи аҳолӣ заминаи босазо хоҳад гузошт.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ванҷ 116 лоиҳаро бо маблағи 174 миллиону 485 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад. Аз ин 42 лоиҳа (58 миллиону 857 ҳазор сомонӣ) ба бахши иқтисодӣ, 39 лоиҳа (53 миллиону 470 сомонӣ) ба бахши иҷтимоӣ, 27 лоиҳа (59 миллиону 853 ҳазор сомонӣ) ба инфрасохтор ва 8 лоиҳа (2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ) ба бахши ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва таъминоти захиравӣ пешбинӣ гардидаанд.
Дар давоми солҳои 2021-2025 амалишавии 16 лоиҳа бо харҷи 42 миллиону 144 ҳазору 900 сомонӣ дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт ва инфрасохтор дар назар аст.
Тибқи маълумоти оморӣ нақшаи даромади буҷети ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2022 маблағи 16 миллиону 69 ҳазору 400 сомониро ташкил дод. Иҷрои қисми даромад ба андозаи 16 миллиону 199 ҳазору 78 сомонӣ ё 100,8 фоиз иҷро гардид. Қисми хароҷоти буҷет дар нимсолаи якум 17 миллиону 987 ҳазору 830 сомонӣ пешбинӣ гардида буд, иҷрои он дар ҳаҷми 16 миллиону 228 ҳазору 254 сомонӣ (90,2 фоиз) таъмин шуд, ки боиси нигаронист.
Ба ҳолати 1 июли соли 2022 бақияпулиҳои андози андозсупорандагони тобеи нозироти андоз 110526 сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли рафта 222693 сомонӣ буд. Яъне, пешравӣ ба чашм мерасад ва рӯзе бақияпулиҳо барҳам хоҳанд хӯрд. Барои ҳалли ин мушкилот, мақомоти андоз ва молия бояд барои пурра ба даромади буҷети маҳаллӣ ворид шудани даромадҳои андозию ғайриандозӣ бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд ва дарёфти сарчашмаҳои иловагии даромадро таъмин созанд.
Яке аз самтҳои асосии рушди ноҳия фаъолияти соҳибкорӣ буда, дар мақомоти андоз 160 соҳибкори инфиродӣ дар қайд аст, ки бо патент фаъолият доранд. Аз ҳисоби онҳо ба буҷети маҳаллӣ дар ним сол 83562 сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 23386 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9409 сомонӣ зиёд аст. Соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома фаъолият доранд, 79 нафаранд. Онҳо ба буҷети маҳаллӣ 47120 сомонӣ, ба фонди нафақа 37787 сомонӣ пардохтаанд, ки нисбат ба соли рафта афзунтар мебошад.
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, шароити пешбурди соҳибкорӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он тавассути рақамикунонии махзани маълумоти вазорату идораҳои давлатӣ, муосиргардонии хизматрасониҳо ба соҳибкорону сармоягузорон ва роҳандозии расмиёт дар реҷаи мустақим, сарфаи вақт ва коҳиш додани хароҷоти пешбурди соҳибкорӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, технологияҳои молиявию бонкӣ, андозу гумрук, инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ, тиҷорат, сохтмон ва дигар соҳаҳо ҷиҳати истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, корбарии электронӣ ривоҷ ёфтааст.
Ҷорӣ гаштани низоми “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, инчунин механизми равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолияти соҳибкоронро осон, ба рушди муназзами истеҳсолот мусоидат намуда истодааст.
Як нукта боиси зикр аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти таъмин намудани пешрафти соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия ва таҳкими ҳамкории судманд бо шарикони рушд ҳаҷми воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ванҷ мунтазам афзоиш ёфта, ҳоло дар ҳудуди ноҳия барои беҳдошти шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт, обёрӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гаштан дорад, ки маблағи то имрӯз азхудшудаи онҳо 16 629,736 сомониро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҷиҳати ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида, дар ин давра лоиҳаи 21 барномаи соҳибкориро дар самти истеҳсолӣ таҳия намудааст. Аз ҷумла, лоиҳаи коргоҳи коркарди хушкмева, мебел, равғани ангат ва афшураи меваҷотро. Дар шаш моҳи соли 2022 дар ноҳияи Ванҷ 14 корхонаи саноатӣ, 6 коргоҳи хурди истеҳсолӣ фаъол шуда, маҷмуи маҳсулоти саноатӣ 3 миллиону 807 ҳазору 800 сомониро ташкил намуд.
Айни ҳол дар ноҳия корхонаи хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ аз тарафи соҳибкор Бахтиёр Ғайратшоев ва ҶДММ “Зиёратшо” бо истеҳсоли маҳсулоти меваю сабзавот фаъоланд. Дар деҳаи Ғумасти деҳоти Рованд соҳибкор Давлат Мирзоев коргоҳи хурди истеҳсоли собун сохт, ки ашёи хом аз вилояти Суғд дастрас мегардад. Ҳамчунин, бо саҳми соҳибкорон Нурмаҳмад Юсуф, Раҳматшо Мазамов ва Нур Эмомов корхонаҳои хурди истеҳсоли блоки сементӣ дар деҳоти Язгулом, чӯбу тахта ва ҳунарҳои мардумӣ дар Рованд ба истифода дода шуданд. Умуман, дар нимсолаи аввали соли 2022 дар ноҳия 14 корхона зиёд гардид.
Бо мақсади рушди қолинбофӣ, таъмини занон бо ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум 2 дастгоҳи хурди қолинбофӣ аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ба ноҳия дастрас ва мавриди истифода қарор гирифт.
Кишоварзӣ соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб рафта, истифодаи оқилонаю самаранок ва ҳифзи замин вазифаи ҳар як саҳмдор буда, иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии давлат: амнияти озуқаворӣ ба он зич алоқаманд мебошад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партоб чораҷӯӣ намуда, аз 39 гектар заминҳои партов 33 гектарро ба гардиши кишоварзӣ ҳамчун заминҳои обӣ ворид кард. Мавзеи дашти Язгулом бо оби полизӣ таъмин гардид.
Ҷӯйбори калони деҳаи Убари Даргов, каналҳои деҳаҳои Удоб, Техарв аз сангу лойқа тоза ва бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обгузари Бунай-Одешт ба масофаи 1300 метри тулонӣ лӯлаҳои полиэтилении қутрашон 200 мм васл ва хобонда шуданд.
Дар 7 гармхонаи мавсимӣ дар майдони 450 метри мураббаъ кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронда, ҳосили фаровон рӯёнданд. Айни замон сохтмони боз 2 гармхона ва 1 гармхонаи парвариши лиму идома дорад.
Маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар бозорҳои Ванҷ, шаҳри Хоруғ ва пойтахт харидори худро доранд. Иттиҳодияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар доираи 6 ярмарка дастранҷи худро дар маркази ноҳия ва шаҳри Хоруғ бо нархи нисбатан арзон пешниҳоди харидорон гардонданд.
Ванҷ яке аз мавзеъҳои сайёҳии ВМКБ ва ҷумҳурӣ ба шумор рафта, сайёҳони зиёди дохилию хориҷӣ аз ҷойҳои таърихию фарҳангии ноҳия дидан менамоянд. Дар як макони биҳиштӣ маҷмаи сайёҳию истироҳатии “Ванҷи Боло” аз ҷониби соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов сохта шудааст. Дар деҳаи Вишхарвак меҳмонхона барои қабули сайёҳон қомат афрохт ва шумори меҳмонхонаҳо ба 5 адад расид. Дар назар аст, ки бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Рованд пойгоҳи сайёҳӣ сохта ба истифода дода шавад. Дар деҳаи Поймазор ду хонаи истиқоматӣ барои қабули сайёҳон омода аст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2022 №: 160 Мутолиа карданд: 930