logo

иқтисод

АЛИШЕР МИРЗОНАБОТ: “ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН БА ПЕШРАФТИ БОСУРЪАТИ ВИЛОЯТ ТАКОН БАХШИД”

Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зимни нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар шаш моҳи аввали соли равон ба таври фишурда гузориш дода, гуфт, ки, сарфи назар аз вазъи буҳрони сиёсию иқтисодии ҷаҳону минтақа, аксари нақшаю вазифаҳое, ки дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар назди мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он гузошта шуданд, муваффақона ба иҷро расиданд. 
Таъмину таҳкими волоияти қонун, суботи иҷтимоӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ки бо ҳидояти оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат, фаъолияти хуби Ситоди байниидоравии тартиботи ҷамъиятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо дастгирии аксари мардуми вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ, ба даст оварда шуд, аз дастоварди меҳварӣ дар ин давра маънидод гардид. Таъмини волоияти қонун ба пешрафти босуръати вилоят такон бахшид. 
Маҷмуи маҳсулоти дохилии вилоят дар шаш моҳ ба 809,1 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 9,5, кишоварзӣ 18,2, сохтмон 23,7, хизматрасонӣ 12,7 дарсадро ташкил медиҳад. Нақшаи қисми даромади буҷети вилоят 105,2 дарсад иҷро гардид. Илова ба нақша 3,3 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шуд. Қисми хароҷоти буҷет 88,8 дарсад иҷро шуда, қарздории музди меҳнати кормандони идораву муассисаҳое, ки аз буҷет пардохт мегардад ва нафақапулию кумакпулиҳо дар вилоят вуҷуд надорад.
Дар ҷаласа раиси вилоят ба рушди соҳибкории хурду миёна, ҳиссаи соҳибкорон дар ғанигардонии буҷети вилоят, пешниҳоди қарз аз ҷониби бонку ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорону дигар ниёзмандон, гардиши савдои хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки дар шаш моҳ ба шаҳрвандон бештар аз 73,5 миллион сомонӣ аз ҷониби бонкҳо қарз дода шудааст. Ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 17,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Пасандози аҳолӣ дар бонкҳо назар ба шаш моҳи соли гузашта 30,3 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. 
Раиси вилоят бо нигаронӣ арз кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ имсол назар ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархи муқоисавӣ 25,6 дарсад коҳиш ёфтааст, ки ба мураттаб кор накардани корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшону Мурғоб алоқаманд мебошад. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ҳиссаи саноати истихроҷ 24,9 дарсад, неруи барқу об 56,5 дарсад ва саноати коркард 18,6 дарсадро ташкил дод. 
Ҳоло дар ВМКБ 12 кон, 54 зуҳуроти маъдан бо 24 намуди канданиҳои фоиданок мавҷуд буда, ҷиҳати минбаъд зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зарурати бунёд намудани корхонаю коргоҳҳои коркарди маъдан ва канданиҳои фоиданок ба миён омадааст. Айни замон дар вилоят 65 корхонаю коргоҳи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, тибқи нақша соли ҷорӣ дар вилоят бунёди 30 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо ташкили 407 ҷойи нави кор дар назар аст. Дар 6 моҳ 10 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки 33,3 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар нимсола аз ҳисоби 13 неругоҳи хурди барқӣ 104,3 миллион кВт қувваи барқ истеҳсол гардид. Айни ҳол дар вилоят 1445 хоҷагӣ ё 6330 нафар дастрасӣ ба қувваи барқ надоранд. Барои ҳалли ин қазия тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мешаванд. 
Дар соҳаи сохтмон сармоягузории асосӣ, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 225,2 миллион сомонӣ истифода шудааст, ки нисбати соли гузашта 28,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки дар чаҳорчӯбаи Барномаи рушди иҷтимию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021 – 2025, ки 135 лоиҳаро дарбар мегирад, 4759,1 миллион сомонӣ сармоя бояд ҷалб шавад.
Ба ҳолати 1 июли соли равон дар ВМКБ 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амал намуда, дар умум 50,2 миллион доллари ИМА аз худ шуд. 
Дар самти таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди вилоят низ корҳои зиёд иҷро шуданд. Раиси вилоят зикр намуд, ки қисмати роҳи автомобилгарди Ёгед-Қалъаихумб дар масофаи 26,6 километр бо арзиши 31,2 миллион доллари ИМА таҷдид гардида, бунёди 17 кӯпрук бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон ва Мурғоб идома дорад. Моҳи июн корҳои навсозӣ дар қитъаи роҳ аз маркази ноҳияи Дарвоз то сарҳади Рӯшон дар масофаи беш аз 100 километр оғоз гардид.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 171,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 1,6 дарсад зиёд аст. Дар маҷмуъ, имсол дар майдони 10342 гектар кишт гузаронда шуд, ки ин нишондиҳанда назар ба солҳои пеш камтар аст. Сабаби кам гардидани майдони кишт ба ҳисобу китоби дурусти майдони заминҳои кишт дар вилоят алоқаманд аст. Солҳои зиёд бо сабабҳои гуногун қитъаҳои замини корам, ки барои сохтмони иншооти калон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷудо гардида буданд, аз тавозуни категорияи заминҳои корам бароварда нашуда буданд. Масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки то охири сол ҳисоботи омори воқеиро доир ба ин масъала ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пешниҳод намоянд.
Гуфта шуд, ки афзоиши аҳолӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 дарсадро ташкил дод. Дар заминаи бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ, ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор 2682 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатию мавсимӣ таъмин гардид.
Оид ба корҳои анҷомдода дар ҷодаи беҳтар намудани таълиму тарбия раиси вилоят дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, махсус ва таҳсилоти олӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ дар заминаи муҳайё сохтани таҷҳизоту дигар шароити зарурии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, бунёди иншооти нави варзишӣ ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш маълумот доданд. 
Мавриди зикр аст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 105 медал, аз ҷумла 21 медали тилло, гардиданд. 
Дар давраи ҳисоботӣ 911 сайёҳ аз кишварҳои дуру наздик вориди Бадахшон гардиданд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 655 нафар зиёд аст.
Раиси вилоят зикр намуд, ки дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи нақша, бунёди 876 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст. Аллакай, як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси вилоят, дар идома доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021 – 2025, амалӣ гардондани ҳадафҳои стратегии давлат, бахусус рушди саноат, танзими хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ, таъмини волоияти қонун, амалисозии қонунгузории кишвар вобаста ба муроҷиати шаҳрвандону ҳалли дигар масоил рушди иқтисодиёт ва беҳтар гардидани рӯзгори мардум гузориш доданд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2022    №: 161    Мутолиа карданд: 1130
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед