logo

иҷтимоиёт

РЕКЛАМА. ЗИЁДАРАВӢ БА СУДИ КИВУ ЗИЁНИ КӢ?

 
Вақтҳои охир дар шабакаҳои телевизионии кишвар, чи ҷумҳуриявӣ ва чи маҳаллӣ, инчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ реклама ё тарғиби густурдаи муассисаҳои табобатии хориҷӣ ба ҳадде зиёд шуда, ки баъзе нигарониҳоро ба вуҷуд овардааст. Ал-батта, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муассисаҳои хусусии тиббиеро, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дохилу хориҷ таъсис мешаванд, манъ намесозад. Вале зиёдаравие, ки имрӯз дар мавриди рекламаи доруву дар-монгоҳҳои чинӣ ба миён омадааст, то ҷое хадамоти тандурустии миллӣ дар мамлакатро зери соя бурда, на ҳама вақт пайомади мусбат дорад. Зеро ҳадаф аз реклама ба даст овардани манфиатҳои гуногун қарор гирифта, хоҳу нохоҳ ба та-факкури ҷомеа бетаъсир нахоҳад монд ва дар масъалаи мавриди назари мо бозгӯи воқеии тавонмандӣ ва сифати хизма-трасониҳо нест. Аз ин рӯ, қарор додем, ки ин масъаларо аз чанд зовия баррасӣ ва пешниҳоди хонанда созем.
 
ЗАМИНАИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА ТИББИ ХУСУСӢ
Заминаи ҳуқуқии фаъолияти муассисаҳои хусусии тиббиро боби 10 (моддаҳои 66 – 71) Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Тибқи моддаи 66, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, инчунин, шахсони беша-ҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузо-рии кишвар ташкилоти хусусии тиббӣ таъсис диҳанд. Онҳо дар асоси иҷозатнома фаъолияташонро ба роҳ мемонанд. Гузашта аз ин, муваззафанд, ки дар баробари ташкилотҳои давлатии тиббӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ амалӣ намо-янд. 
Моддаи 70 Кодекс муқаррар намудааст, ки гузарондани сеансҳои оммавии табобатӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ах-бори омма барои субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ, манъ мебошад. Ҳуқуқшиноси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷти-моии аҳолӣ Шералӣ Рабиев дар мавриди сеансҳои оммавии табобатӣ гуфт, ки дар қонун «гузарондани сеансҳои оммавии та-бобатӣ» ба маънои гипноз омадааст. Яъне, одамонро дар як ҷой ҷамъ оварда, усули гипнозро ба кор бурдан ва онро тариқи ВАО паҳн кардан мебошад. Мисли оне, ки Кашпировский мегузаронд.
Бар пояи иттилои Ҷамшед Саъдиев, сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббии ғайридавлатии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар,  дар  ҷумҳурӣ 7 маркази тибби чинӣ фаъолият дорад. Фаъолияти онҳо дар асоси иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳо-лии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Тибқи иҷозатнома, табибони чинӣ танҳо ба фаъолияти дар иҷозатнома дарҷгашта машғул шуда метавонанд. 
 
ТАЪСИРИ ТАБЛИҒОТ БА МАФКУРА 
Моҳи октябри соли гузашта бобои Карим набераашро ба яке аз муассисаҳои чинии дар шаҳри Душанбебуда бурд. Барои даво бахшидан ба сафедшавии пӯст, ки осораш дар бадани наберааш ба чашм расидааст. 
- Ба Шумо кӣ тавсия дод, ки набераатонро маҳз ба назди табибони чинӣ баред? – пурсидам аз вай. 
- Ҳар вақте дар телевизион рекаламаи тибби чинӣ пахш мешавад, завҷаам ба ман ишора карда мегӯяд, ки як бор набера-амонро ба он ҷо баред, шифо хоҳад ёфт, - гуфт дар ҷавоб.
Ҳамроҳ бо бобои Карим ва наберааш ба дармонгоҳи чинии  воқеъ  дар  шафати Маркази ташхисию табобатӣ (диагностика) рафтем. Аз қабулгоҳ тарҷумон моро ба назди духтур бурд.
Табиб беморро диду бе ягон намуди ташхис се номгӯи дору навишт ва 200 сомонӣ барои машварат (консултатсия) гирифту 500 сомонӣ барои дору. Бобо кафолати шифо ёфтани набераашро пурсид. Табиби чинӣ гуфт, ки кафолат дода наметавонанд, вале умеди шифо ёфтан ҳаст. 
Пас аз гузашти 5 моҳ аз ҳоли набераи бобои Карим ҷӯё шудам, ҷавоб кӯтоҳ буд: ин тибби чинӣ рекламаи холӣ будааст! 
 
“МАН ЗИДДИ РЕКЛАМАИ ...” 
Вобаста ба тарғиби густурдаи муассисаҳои тиббии хориҷӣ ва хатари он ба тибби миллӣ дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 феврали соли 2022) савол дода будам. 
Хайриддин Усмонзода, директори марказ, гуфт, ки дар ин самт онҳо пажӯҳише набурдаанд. Ва илова намуд, ки фаъолияти ин марказҳо дар назорати хадамоти махсуси соҳавӣ қарор доранд. 
Ҷамшед Саъдиев ба ин назар аст, ки новобаста аз таблиғот, онҳо имкони танг кардани ҷойи табибони тоҷик ва тибби рас-миро надоранд. Зеро фаъолияти онҳо ба тибби халқӣ равона шудааст. 
- Ҳолатҳое ҷой доштанд, ки тариқи телевизион марказҳои табобати чинии иҷозатноманагирифта реклама пахш менаму-данд. Аз ин хотир, ҳуқуқшиносони мо ба шабакаҳои телевизионӣ муроҷиат карда, фаҳмонданд, ки бе иҷозатнома таблиғи онҳо манъ аст, - гуфт Ҷамшед Саъдиев. 
 
Вале дорандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Суқрот, профессор Аламхон Ахмедов, ноиби ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, ба ин назар аст: “Ман зидди чунин рекламаҳоям. Барои чӣ? Дар телевизион таъриф мекунанд, ки про-фессор фалонӣ, вале дар асл профессор ҳуҷҷати тасдиқкунанда надорад. Мо муқобили тибби чинӣ (сӯзандармонӣ ё банкаҳои алобӣ) нестем. Вале чунон тарғибот мебаранд, ки гӯё 300 гиёҳи онҳо одамро зинда мекарда бошад. Дар реклама дида мешавад, ки як нафар гап мезанад: “Ман чураи сутунмуҳра (грыжа диск) доштаму навбати аввали табобатро гирифтаму дар навбати дуюм худамро нағз ҳис карда истодаам”. Мебахшед, кадом чура баромадаасту боз гашта даромадааст? Барои ҳамин, пеш аз таъсиси чунин дармонгоҳҳо бояд ҳуҷҷатҳои онҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиддан санҷида шаванд”. 
 
Ҷ. АБДУЛЛОЗОДА: “ХАДАМОТ СИФАТИ ТАБОБАТИ ОНҲОРО МЕСАНҶАД”
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар иртибот ба ин мавзуъ зимни нишасти матбуотӣ чунин гуфт: “Дар нишасти вазирони тандурустии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки чанде қабл дар шаҳри Тошкент гузашт, яке аз масъалаҳои баррасигардида, ҳамгироии тиббҳои халқӣ буд. 
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар сурати якҷоя кардани тибби чинӣ бо тибби халқии худ сифати табобат беҳтар мешавад. Фарзан, дар Ӯзбекистон марказҳои тиббии чинӣ-ӯзбекӣ фаъолият мекунанд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 5000 намуди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки 75 адади он барои табобат иҷозат дода шудааст. Фикр мекунам, ки дар сурати ҳамги-роии тибби халқии Тоҷикистон ва тибби халқии Чин сифати табобат беҳтар мешавад.
Бояд гуфт, ки дар баробари табибони чинӣ, боз мутахассисони дигари хориҷӣ низ баъд аз гирифтани иҷозатнома ба фаъолият мепардозанд. Хадамоти салоҳиятдори Вазорат таҳлил гузаронда, сифатнокии табобати онҳоро месанҷад”. 
Дар ин иртибот, профессор Аламхон Ахмедов мегӯяд, ки мо тарафдори онем, ки олимони соҳаи тиб ва мутахассисони таҷрибадор биёянд, на ҳар “профессор”-и беҳуҷҷат. 
 
ИҚТИДОРИ РЕКЛАМА
Генри Форди амрикоӣ, ки аз ҷумлаи саноатчиёни шуҳратёри олам аст, дар мавриди реклама чунин гуфта буд: “Ман намедо-нам, ки таблиғ ба ман чӣ натиҷа меорад, аммо, ҳатто, агар як доллар кор кунам, онро ба реклама сарф хоҳам кард”. 
Аз  ин  ҷост, ки  реклама  ба мафкураи одамон таъсири худро мегузорад ва як нукта бисёр ҳайратовар аст: 7 маркази чинӣ чунон бозори рекламаи кишварро гирифтааст, ки беш аз 4700 муассисаи тиббии миллӣ (аз ин 754 хусусӣ) аз назарҳо дур афтодааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро беш аз 700 муассисаи хусусии тиббӣ дар баробари 7 марказ наметавонад дар таб-лиғи фаъолияташ устувор бошад? Аламхон Ахмедов сабаби онро дар заъфи барномарезиҳо ва ба назар нагирифтани хо-стаҳои ҷомеа марбут медонад. Зеро, ба қавли ӯ, инсон дар ҳолати беморӣ хусусияте пайдо мекунад, ки зери таъсири таблиғот ба умеди шифоёбӣ ба ҳар даре сар мезанад.
- Назорат оид ба таъсиси дармонгоҳҳои хориҷӣ бояд хеле ҷиддӣ бошад. Гузашта аз ин, гиёҳҳое, ки онҳо истифода менамо-янд, санҷида шаванд. Боварии комил дорам, ки дар сурати чунин ранг гирифтани кор, самаранокии фаъолияти онҳо беҳтар мешавад, - мегӯяд узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аламхон Ахмедов.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, дар шароити феълӣ ба дармонгоҳҳои хориҷӣ чандон ниёзе нест. Зеро, пизишкони мо ай-нан чунин табобатҳоро бо маблағи камтар аз марказҳои чинӣ анҷом медиҳанд. Вале чунин ба назар мерасад, ки мо дар ин масъала аз рӯи масали “оби дари хона хира” амал мекунем. Албатта, реклама манфиатҳои худро дорад ва тавассути қонунгу-зорӣ танзим мешавад. Вале набояд дар ин роҳ манофеи милливу ҷамоавӣ қурбони манфиатҳои доиравӣ гарданд ва рақобат-пазирии хадамоти тандурустии кишвар зери суол равад.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2022    №: 162    Мутолиа карданд: 598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед