паёмҳо
Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, 22 майи соли 2010
Фарзандони азиз!
Дӯстони ҷавон!
Ба ҳамаи шумо – ҷавонону наврасони мамлакат, ки ворисони арзандаи халқи тамаддунсози тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошед, Рӯзи ҷавононро муборакбод мегӯям.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонон далели равшани таваҷҷӯҳ ва ғамхории давлат ба ҳаёти ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар мебошад. Ҷавонон дар мамлакати мо воқеан нерӯи асосии ҷомеа буда, нисбат ба дигар табақаҳои иҷтимоӣ бештар фаъоланд.
Имрӯз ҷавонони мо, ки такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор мераванд, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд. Дар тӯли 19 соли истиқлолияти давлатӣ ҷавонони кишварамон дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон ягон масъалаи онҳоро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд.
Шумо - ҷавонон бояд хуб дарк намоед, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши шумо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки шуморо вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоед.
Мо умедворем, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуда, ба ҳар кадоматон дар роҳи ободсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол пирӯзиҳо ва барори кор орзумандам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6768