logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

 
Шиносоии ман бо Ҳафизулло Раҷабов наздик 45 сол қабл, дар ҷараёни шомилшавӣ ба шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давла-тии Тоҷикистон ба номи Владимир Илич Ленин ба вуқуъ пайваст. Дар шуъбаи тайёрӣ, асосан, он нафароне таҳсил мекарданд, ки баъди хатми мактаб ба истеҳсолот рафтаву то андозае собиқаи корӣ андӯхта бо нияти донишҷӯ шудан ба шуъбаи тайёрӣ омадаанд. Бинобар ин, дӯсти нави ман аз ҷумлаи онҳову дар синну сол аз ман калонтар буд. Баъдан, дар ҷараёни таҳсил воқиф ҳам шудем, ки Ҳ. Раҷабов низ аз мо чанд соле пештар хатми мактаби миёна карда, ду - се сол дар Корхонаи истеҳсоли хишти шаҳраки Ғончӣ ва Корхонаи “Ленинободсельмаш”-и ноҳияи Спитамен (он замон Нов) фаъолият доштааст. Бар замми ин, ду соли хизмати ҳарбиро адо намудааст, яъне, аллакай, то андозае талхиву ширинии ҳаётро чашидаву ба зиндагии му-стақилона омода шудаву баъд паҳлуи мо хатмкунандагони ҳамонсола ба омӯзиши курси тайёрӣ пардохтааст. Билохира, ӯ ба риштаи забон ва адабиёти русу банда ба риштаи забону адабиёти тоҷик дохил шудем. 
Аз ҳамон солҳо дар ҳар мулоқот паси як пиёла чой менишинем. Инсонест, ки дар атрофи худ одамонро сарҷамъ ва ба кори нек ҳидоят карда метавонад. Муҳимтар аз ҳама, дар муносибат миёни инсонҳо донаи меҳру муҳаббат мекорад. Ин сифатҳои шиноси деринамро на ба хотири бо ӯ нонунамакхӯр буданам менависам, балки барои он рӯйи қоғаз меоварам, ки ҳамарӯза аз забони нафарони бо ӯ шинос аз одаму одамгариаш бисёрҳо мешунавам. Билохира, чун як қаламкаш аз рисолати бардӯшги-рифтаам канораҷӯӣ кардан наметавонам, менависам. 
Имрӯз, дар замоне, ки дӯстони даврони донишҷӯӣ хеле зуд рафоқаташонро қатъ мекунанду аз ин давраи тиллоӣ ёд намеоваранд, ба қадри айёми ҷавонӣ намерасанд, афсӯс мехӯрам. Дар қалби аксари ҷавонони замони мо меҳри пулу сарват ва мансабу ҷоҳталабӣ ҷой шудааст. Мусаллам аст, ки дар ин ҳолат барои дӯстӣ дар дили онҳо ҷой ҳам намемонад. Чӣ хуб буд он замона, ки мо дар байни худ фарқиятро дар синну сол намедидем. Ҳама чун бародару хоҳар бо ҳам муносибат доштем, як унвон ҳамаро муттаҳид мекард - донишҷӯ. Ҳама беғаразона таҳсили илм мекардему ҳамзамон риштаи дӯстӣ миёнамон, сарфи назар аз кадом маҳал будан, мустаҳкам мегашт. 
То ба синни нафақа расидан, ин дӯсти азизи мо ба ҳайси мудири шуъбаи комиҷроияи вакилони халқи ноҳия, муовину ҳам раиси Ҷамоати деҳоти Нов, мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ - фарҳангии ноҳия, ҳам муовину ва ҳам раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ фаъолият намудааст. Имрӯз бошад, раиси Шурои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен аст. 
Вақте гузорам ба ноҳия афтад, бо ҳам дар кӯчаю хиёбонҳои ободу зебошудаи маркази ноҳияи Спитамен - шаҳраки Навкат қадам мезанем. Ба ӯ нафарони зиёде, хурду калони бо мо рӯбарӯомада, “раис”, “муаллим”, “устод”, - гӯён муроҷиат мекунанд ва поси эҳтироми онҳо ба дӯстам маро ба андеша мебарад. Меандешам, ки: “Шояд арзиши ҳастии ҳаёту қимати аслии гузашти умри инсон ана дар ҳамин муносибату муоширатҳои сарироҳӣ муайян шуда бошад”. 
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2022    №: 162    Мутолиа карданд: 568
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед