фарҳанг
ДАНҒАРА. АЗ БОБИ ДАСТНАВИСҲОИ НОДИРИ ОСОРХОНА
Ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри XX ноҳияи Данғара аз ҷониби бостоншиносон ва муаррихон мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар давраҳои баъдӣ олимон В. Ранов, В. Сейман, Т. Филимонова ва Х. Муҳиддинов дигар ёдгориҳои таърихиро ҳафриёт карда, дар натиҷа аз мавзеъҳои Золи Зар, Пушинг, Кӯли Сӯфиён, Тутқавули Куҳна, Хушманзар, Остона ва дигар ҷойҳо осори барҷоймондаи асри сангро кашф намуданд. Таваҷҷуҳ ба таърих ва фарҳанги миллӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ афзун гардида, дар ноҳия ковишҳои бостоншиносӣ боз ҳам равнақ ёфтанд. Соли 2001 Осорхонаи марказии ноҳияи Данғара таъсис ёфт. Осорхона дар асоси бозёфтҳои таърихие, ки тули 71 сол аз ин минтақа пайдо гардида буданд, ба фаъолияти худ оғоз намуд.
Соли 2020 пас аз боздиди осорхонаи Данғара ва пажӯҳиши коллексияи мероси хаттии он ба ман маълум гардид, ки дар он 90 дастнавис ва чопи сангӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Бештари нусхаҳо дар бойгонӣ қарор дошта, 20 – тои он дар экспозитсияи муассиса ба маъраз гузошта шудаанд. Нусхаҳои дастнавис ва чопи сангӣ ба забонҳои тоҷикӣ - форсӣ (55 номгӯй), арабӣ (38 номгӯй) ва туркӣ, узбекӣ (12 номгӯй) ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Аз ин миқдор 39 дастхат ва 51 –тои онро нусхаҳои чопӣ ташкил медиҳанд.
Аз мавҷудияти китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ дар осорхонаи мазкур бори нахуст ба таври расмӣ аз ҷониби собиқ директори он Бозор Муродов дар мақолаи “Истиқлолият ва ҳифзи мероси ниёгон” маълумот ироа гардид. Дар ин мақола аз мавҷудияти китобҳои дастнавис ва чопи сангии зиёд ном бурда мешавад, вале дар робита ба шумораи умумии он, мушахассоти дақиқи илмӣ ва мавзуоти асарҳо маълумоти дақиқ ва фарогир пешниҳод нашудааст. Осорхонаи ноҳияи Данғара тӯли фаъолияташ дар такмили коллексияи мероси хаттӣ фаъолиятҳои худро пурзӯр намуда, аз минтақаҳои гу-ногуни кишвар нусхаҳои дастнавис ва чопи сангиро ҷамъоварӣ намуда, танҳо аз худи ноҳия 42 нусха харидорӣ шудааст.
Коллексияи нусхаҳои хаттӣ ва чопи сангии Осорхона - мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара аз 18 мавзуъ иборат буда, қадимтарин нусхаи дастнависи он асари “Ал - Ҷомеъ ли – муфрадоти – л - адвияти ва – л -ағзия” - и Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Ал - Байтор ал - Молиқӣ (солҳои 1197 - 1248) мебошад. Ин нусха дар асрҳои XIV - XV мелодӣ китобат шуда, бо эҳтимоли зиёд дар шаҳри Димишқ рӯи коғаз омадааст, зеро аломоту нишонаҳои хониш, навъи коғаз ва ранг ва сабки навишт ба усули димишқиён монандии зиёд дорад. Ин нусха дар андозаи 26 x 16 см бо хатти зебои насх китобат шуда-аст. Мутаассифона, аз ҳарду ҷониб нусха нокомил мебошад. Мабҳаси аввале, ки ин китоб бо он оғоз меёбад, дар робита ба фазилат ва шифобахш будани гушти ҳайвонҳои хонагӣ маълумот медиҳад.
Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Ал - Байтор яке аз бузургтарин донишмандонест, ки дар асрҳои миёна ба ҳастӣ омадааст. Ӯ донишмандони барҷастаи замонаш дар илмҳои гиёҳшиносӣ, дорӯшиносӣ ва маводи кимиёӣ буд. Ибни Байтор дар назди Абулаббоси Наботӣ ва Абдулло ибни Солеҳи Китомӣ нахустин гомҳояшро дар илми гиёҳшиносӣ гузоштааст. Дар матни рисола аз ҷониби муаллиф андешаи донишмандони барҷастаи Шарқ ва Ғарб ба монанди Ибни Сино, Абубакри Розӣ, Суфистоӣ, Ҷолинус, Дусқиридус ва дигарон оварда шудааст. Ба ғайр аз варақҳои асосӣ дар дохили нусха баргаҳои гуногунҳаҷм мавҷуд мебошад. Асосан, дар ин варақпораҳо масоили парокандаи мавзуи асар гиридоварӣ шудаанд.
Нусхаи нодири дигари осорхона дастнависест, ки он рӯзи 11 - уми муҳаррами 1019 ҳиҷрӣ / 5 апрели соли 1610 дар шаҳри Адирнаи Туркия китобат шудааст. Дар он ашъори шоирони номвари форсу тоҷик аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигарон нахуст бо шакли аслияшон яъне бо за-бони тоҷикӣ омада, сипас бо забони туркӣ шакли тарҷумашудаашон низ оварда шудааст. Аз миёни дастнависҳои нодир метавон як нусхаи дигарро низ ин ҷо зикр намуд. Нусхаи мазкур маҷмуаи осори таҷвидӣ буда, аз чор рисола иборат аст: “Хулосату – л -вуқуф” - и Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Миҳрон ал - Исфаҳонӣ (соли 991 мелодӣ вафот), шарҳи форсии “Хуло-сату – л - вуқуф” - и Усмон ибни Муҳаммадшоҳ ибни Сулаймони Ғазнавӣ ва Муҳаммадшоҳ ибни Ёсиншоҳ ибни Муҳам-мадшоҳ ал - Мутанабӣ ва “Қавоиду – л - Қуръон” - и Ёрмуҳаммад ибни Худойдоди Самарқандӣ.
Дар маҷмуъ, 24 нусхаи коллексия бағоят нодир буда, 14 ададаш аҳаммияти таърихӣ ва 9 – тои дигараш арзиши мавзуиву 1 – тоаш муҳимияти ҳунарӣ дорад. Китобҳои дастнависи ин осорхона дар рӯи коғазҳои гуногунсифат аз қабили самарқандӣ, хуқандӣ, давлатободӣ, бухороӣ, димишқӣ, истанбулӣ китобат гардидаанд.
Бо омӯзиши коллексия номи 7 котиби маҳаллӣ муайян гардид, ки онҳо аз манотиқи гуногуни Вароруд ва Хуросон буда, ҳамчун хаттот ва саҳҳофони моҳир дар доираҳои васеъи илмии минтақа шуҳрат доштаанд. Монанди Домулло Увайсниёз ибни Ғиёсуддини Бухорӣ, Мулломир, Муҳаммадкарим Котиб, Ошур Муҳаммад, Сироҷуддин Махдум ибни Мулло Мирзоҳид Охунд, Хоҷа Муҳаммад ва Эрназар ибни Хоҷамбердӣ.
Дар баробари аҳаммияти мавзуӣ доштани осори мазкур, дар лобалои ҳар як нусхаи он ҳунарҳои китобороии гузашта-гони халқи тоҷик маҳфуз аст. Ва бо мавриди омӯзиш қарор додани ҳар як саҳифаи қаламиҳои осорхонаҳо, имкони ба даст овардани маълумоти тоза перомуни котибони маҳаллӣ, ҷойҳои таърихӣ ва ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоӣ фароҳам хоҳад шуд. Хушбахтона, бо таҳқиқи коллексияи осорхонаи Данғара ба мо муяссар шуд, ки аз саҳҳофон, котибон, муалли-фони тоҷик маълумот ба даст оварда, таҳқиқоти ибтидоиро дар ин самт шуруъ намоем. Ҳамчунин, бо мавриди омӯзиш қарор додани нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии осорхонаҳои кишвар дар робита ба мактабҳои ҷудогонаи ҳунарҳои ки-тобсозӣ, хушнависӣ ва санъати ороишотии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла нусхаҳои нодири то ба ҳол кашфношуда, маълумотҳои нави таърихиро метавон муайян сохт.
М. МУҲАММАДҶОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2022 №: 162 Мутолиа карданд: 1062