фарҳанг
«ЛОЛАҲОИ БАДАХШОН»
Бо ҳамин ном чанде пеш аз тариқи нашриёти «Эр-граф» китоби ҳафтумини нависандаи хушсалиқа, киношиноси маъруф Тилло Некқадамов ба дасти хонандагони сершумор расид, ки дар бораи таърихи ташкили ансамбли бачагонаи этнографии Помир ва ансамбли тарона ва рақси Помир ҳикоят мекунад. Муҳаррири китоб Имомиддин Раҳимӣ буда, сарсухани он ба қалами доктори илмҳои фалсафа Назархудо Дастамбуев мутааллиқ аст.
Вақте китобро мутолиа менамоед, маълум мегардад, ки адиби тозакор ба таърихи пайдоиш ва инкишофи санъату фарҳанги мардуми Бадахшон аз сидқ камар баста, бо далелу санадҳо исбот менамояд, ки санъат дар ҳаёти сокинони Боми Ҷаҳон аз қа-дим нақши бориз дошт ва бо тарзи зиндагии онҳо тавъам буд.
Нависанда менигорад, ки дар соли 1940 яке аз масъалаҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ омодагӣ ба Даҳаи санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва ба ҳисоб мерафт. Дар тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ба ин чорабинӣ омодагии ҷиддӣ медиданд. Киноре-жиссёри маъруф, Артисти халқии СССР Комил Ёрматов, ки он вақт ҳанӯз навкор буд, роҳбари бадеии Даҳа таъин мешавад. Ӯ ду маротиба ба Помир ба сафари эҷодӣ меравад ва ниҳоят қарори Совети Комиссарони Халқи РСС Тоҷикистон «Дар бораи таш-кил намудани Ансамбли бачагонаи тарона ва рақси Помир» ба тасвиб мерасад. Зеро, созмондиҳандагон ба як хулоса омаданд, ки дар ин ҷо барои ин кор замина ҳаст ва ансамбли навбунёд метавонад дар Москва шарафи санъату фарҳанги тоҷиконро сарбаландона муаррифӣ намояд. Дар Хоруғ аз 15 марти соли 1940 машқ сар шуд ва ансамбл дар ҳайати 42 нафар аз 10 июн тармини худро дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) идома бахшида, 70 барнома омода кард, аз қабили «Тӯй», «Ёри азиз», «Сито-ра ҷалол», «Духтари кӯҳистон». Консерти аввалини онҳо 20 июни соли 1940 дар пойтахт баргузор гашт. Дар «Лолаҳои Бадах-шон» ҳайати дастаи ҳунарӣ аз Зебо Искандароваи шашсола то ҳофизи касбӣ Файз Ҷорӯбов номбар шудаанд, ки ин ҷанбаи таърихии асарро хеле мукаммал намудааст.
Як факти ҷолиб ҳамин аст, ки устод Лоҳутӣ бори нахуст ҳунарнамоии санъаткорони наврасро тамошо карда ба ваҷд меояд ва бахшида ба Ансамбли этнографии бачагонаи Помир ғазале меофаранд бо номи «Лолаҳои Бадахшон», ки дар маҷаллаи «Шарқи Сурх», соли 1941, № 3 нашр шудааст.
Дар китоб, ҳамчунин, дар хусуси саҳми устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Ар-тисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев, яке аз бунёдгузорони ансамбл Виталий Сергеевич Смирнов, Мамадназар Отамов ва ҳамаи аъзои ансамбл, маълумоти дақиқ ва аксҳои хотирмон оварда шудаанд, ки аз ин қимати таърихии асар даҳчанд афзудааст.
Саҳифаҳои 98-108-и китоб ба таассуроти Иосиф Виссарионович Сталин, ки аз тамошои Даҳаи санъати халқи Тоҷикистон дар шаҳри Москва бардошта буд, бахшида шудаанд. Яке аз узви ҳайати Даҳа оҳангсоз, Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон Ҳукуматшо Бандишоев, аз хотираҳояш чанд лаҳзаро дар ҳузури профессор Аскар Абдураҳмонов, ба муаллиф нақл кардааст. Бино ба гуфтаи ӯ: «Суруди халқии гурҷии «Сулико» (дар тарҷумаи устод Лоҳутӣ) бо забони тоҷикӣ дар иҷрои овозхони зебо ва хушадо Мулук Баҳор дили Сталинро беқарор кард. Вақте ки Мулук Баҳор «Сулико»-ро ба тоҷикӣ мехонд, доҳӣ бо забони гурҷӣ ба Мулук ҳамовоз мешуд».
Даҳа бомуваффақият ҷамъбаст гардид, роҳбарони Иттиҳоди Шуравӣ И. Сталин, М. Калинин, В. Молотов ва дигарон гуфтанд, ки моро гуногуншаклии санъати халқи тоҷик қоил кард. Ҳамин тавр, бо фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 24 апрели соли 1941 141 нафар иштирокдори Даҳа бо унвонҳо, ордену медалҳо қадр гашт.
«Лолаҳои Бадахшон» армуғонест ба Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2022 №: 162 Мутолиа карданд: 1033