иҷтимоиёт
БОХТАР. АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ЯК КОЛЛЕҶИ ТИББӢ
Аз баракати таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон рушд намуда, барои тайёр кардани кадрҳои соҳибтахассус ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз боргоҳҳои донишандӯзӣ амал мекунанд. Яке аз чунин муассисаҳои давлатии таълимии пешоҳанг, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар маҳсуб меёбад.
Чуноне сарвари муассиса Иброҳим Мӯсоев зимни суҳбат зикр намуд, коллеҷи мазкур дар даврони соҳибистиқлолии ки-швар ба шарофати бунёди биноҳои иловагӣ, беҳтар шудани шароити биноҳои қаблӣ, мустаҳкам гардидани базаи моддию тех-никӣ ва фароҳам гардидани техникаю технологияи муосири таълимӣ ба гунаи дилпазир тағйир ёфт.
“Танҳо дар тӯли ним соли охир, – гуфт ҳамсуҳбати мо, – як зумра нақшаҳои калонамонро амалӣ карда тавонистем. Чунон-чи, шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ дар назди муассиса ба бунёди таълимгоҳ – бемористони клиникӣ – ташхисӣ – табобатӣ оғоз кардем. Корҳои сохтмонӣ ҳоло бо маблағгузорӣ аз суратҳисоби махсуси коллеҷ мувофиқи мақсад ҷараён доранд. Бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат мебошад. Дар қабатҳои якуму дувум табобатгоҳ, ошёнаҳои се, чор ва панҷ ба ҳайси таълимгоҳ истифода хоҳанд шуд. Бо сохтани беморхона ва таълимгоҳ дар дохили муассиса ба ҷуз аз роҳи ҳал пайдо кардани масоили ба ҳама маълум, ҳамзамон мушкили нарасидани омӯзгорони соҳибихтисосро ҳал карда, илова бар ин метавонем шогирдонамо-нро зери назорати табибону муаллимони худӣ ба корҳои амалӣ ҷалб кунем”.
Тасмим аст, ки пас аз баргузории тендери вижа ва маълум шудани пудратчӣ баҳри бароварда сохтани эҳтиёҷоти до-нишҷӯёну омӯзгорон дар дохили муассиса, ҳамрадиф як гӯшаи замонавии санитарӣ - гигиенӣ эъмор шавад. Толорҳо ҷиҳати гузарондани семинарҳо низ ба таъмири куллӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
Ин муддат барои хобгоҳи донишҷӯён 30 ҷевони хурд, 50 миз, 348 курсӣ, 73 компютери "насли нав" ва 15 принтер харидорӣ ва ворид гардид.
Бо мақсади тақвият додани сатҳу сифати таълим, азхудкунии маҳорату малакаи касбӣ ва тайёр намудани мутахассисони миёнаи соҳаи тиб Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар панҷ сол боз бо тарзи таълими кафедравӣ фаъолият мекунад. Инҳо кафед-раҳои фанҳои ҷамъиятӣ ва табии риёзӣ, момоӣ, тибби биологӣ, фарматсевтӣ, забонҳо, ҷарроҳӣ ва кори ҳамширагӣ, тибби оилавӣ, амрози даруна ва кӯдакона мебошанд. Таъсиси маҳфилҳои фанниро дар назди ин кафедраҳо метавон аз иқдоми дига-ри наҷиб ном бурд.
Барои боз ҳам беҳтар донишандӯзии толибилмон, мустақилона фикр кардан ва роҳандозӣ намудани корҳои тадқиқотӣ – пажӯҳишӣ дар назди коллеҷ китобхона ташкил шудааст, ки наздики 27 ҳазор адабиёти илмиро дар бар мегирад.
Садорати коллеҷ ба варзиш таваҷҷуҳи вижа дорад. Ин аст, ки тими коллеҷ дар мусобиқаи кушод аз намуди волейбол дар шаҳри Бохтар барпо шуд, сазовори мақоми аввал, дастаи духтарони баскетболбоз дар сабқати шаҳрии бахшида ба Рӯзи модар мушарраф ба ҷойи аввал, дар шаҳри Хуҷанд донишҷӯёни дорои маъюбият дар варзиши армстронг (дастхобонӣ) ба гирифтани чор ҷойи якум, ду мақоми дувум ва чор ҷойи сеюм комёб шуданд.
“Мо кӯшиш мекунем, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллатамон сатҳу сифати таълим ва шароити таҳсилро боз ҳам беҳтар ба роҳ монем. Барои ин имконият ва иқтидор дорем”, – гуфт Иброҳим Мӯсоев.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2022 №: 162 Мутолиа карданд: 578