сиёсат
СУБОТИ СИЁСӢ ВА НАҚШИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ТАЪМИНИ ОН
Асри XXI ҳамчун асри технология ва иттилоот шинохта шуда, рушди бемайлони технологияи муосир воситаҳои гуногуни иттилоотиро дастраси инсоният намудааст. Имрӯз интернет яке аз воситаҳои расондани ахбор ба ҳисоб меравад ва дастрасии мардумро ба иттилоот содаву худи шахсро ҳамчун сарчашмаи иттилоот ва паҳнкунандаи хабар фаъол менамояд.
Ҳоло ҷаҳони интернет бо ВАО-и анъанавӣ дар рақобат аст. Бинобар ин, фазои маҷозии интернет дар айни ҳол май-дони муҳориба барои расидан ба мақсаду ҳадаф табдил шудааст. Агарчӣ, дар натиҷаи рушди бемайлони технологӣ, оммавӣ гардидани интернет, ба вуҷуд омадани системаҳои гуногуни иттилоотӣ аз яктараф манфиатовар бошад, аз та-рафи дигар ҷанбаҳои манфии худро дорад. Зеро оммавӣ шудани интернет боис гардидааст, то ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва порталҳои видеоӣ ба таври фаровон истифода намоянд. Ин дар ҳолест, ки тарғибу ташвиқи андешаҳои ифротӣ дар фазои иттилоотӣ боиси коста гардидани тафаккури ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, бо назардошти чунин тобиши масъала, амнияти иттилоотӣ як бахши муҳими амнияти миллӣ дониста мешавад.
Вобаста ба ин, ҳоло кишварҳо талош доранд, ки амнияти иттилоотии худро қавӣ ва мустаҳкам намуда, тафаккури ҷомеаро аз ҳуҷумҳои ногаҳонӣ ва пайдарпайи душманона, муғризона ва бадхоҳонаи гурӯҳҳои ифротӣ ҳифз намоянд. Зеро ғояҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва идеологияҳои бегона аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор ба таври густурда паҳн шуда истодаанд. Ҳуҷумҳои иттилоотиву равонӣ рӯз ба рӯз дар афзоиш буда, ба суботи сиёсии ҷомеа хатари ҷиддӣ до-рад. Ҳамзамон, тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба суботи сиёсии ҷомеа таҳдиди воқеиро ба миён меорад. Аз ҳамин хотир, гузариши ҷангҳои иттилоотӣ ба фазои маҷозӣ сатҳи нави рақобати идеологӣ ба ҳисоб рафта, ҷаҳони интернетро ба сарчашмаи дигари таҳдидҳо табдил медиҳад.
Чунин ба назар мерасад, ки феълан гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву экстремистие чун “ДОИШ”, “Ал-қоида”, “Толибон”, “Ансоруллоҳ”, “Гурӯҳи 24”, ТТЭ ҲНИ, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” ҷангҳои ша-бакавиро ташаккул дода, хостори тағйир додани ҷаҳонбинии ҷомеа мебошанд. Намояндагони гурӯҳҳои мазкур ба таври сунъӣ инсонҳоро ба баҳсҳо ҷалб намуда, сатҳу сифати зиндагии мардумро баррасӣ мекунанд ва талош менамоянд, ҷаҳонбинии манфиро дар зеҳнҳо ба вуҷуд оваранд. Онҳо иттилои носаҳеҳ ва ғаразнокро паҳн намуда, кӯшиш мекунанд, ки таъсиррасониро ба афкори ҷомеа афзоиш диҳанд.
Таҷриба собит менамояд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз технологияи муосир барои ба сафи худ ҷалб намудани ҷавонон ба таври васеъ истифода мекунанд. Мағзшӯии ҷомеа, бахусус ҷавононро тавассути барно-маҳои махсуси компютерӣ, назарфиребӣ ва дигар роҳу воситаҳо анҷом медиҳанд. Ташкили чунин ҳолатҳо дар фазои маҷозӣ боис мегардад, ки руҳияи эътирозии мардум боло рафта, бо мурури вақт аз фазои маҷозӣ ба фазои сиёсии ҷомеа кӯчонда шавад. Мисоли равшани инро метавон дар бештари кишварҳое, ки дар онҳо инқилобҳои ранга сурат ги-рифтаанд, мушоҳида кард.
Вобаста ба ин, бо назардошти тағйири вазъият ва хусусияти нави таҳдидҳои замони муосир зарур аст, ки намоянда-гони ВАО, марказҳои зеҳнӣ ва сохторҳои марбута барои сари вақт расондани иттилои саҳеҳ аз манбаъҳои муътамад ба мардум иқдом намоянд. Зеро, ҳар лаҳза ҳазорҳо хабар дар фазои маҷозӣ мубодила гардида, шахсиятҳои алоҳида онро аз сатҳи худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Дар ин хусус, таъмини иттилооти дуруст ва дақиқ боиси безарар гардидани фазои иттилоотӣ, маънавӣ ва сиёсии ҷомеа гардида, манфиатҳои миллӣ ҳифз ва суботи сиёсӣ халалдор намегардад.
Ҷаҳонгир МАҲМАДЗОИР,
мутахассиси пешбари раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2022 №: 162 Мутолиа карданд: 689