logo

иқтисод

РАШТ. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

 
- Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рашт дар шашмоҳаи якуми соли 2022 гувоҳи он аст, ки заҳматкашон дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас саъю кӯшиш доранд, - иброз дошт раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва баъд тазаккур бидод, ки дар рушди иқтисодиёти ноҳия соҳаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ саҳми арзандаву нишонрас дорад. Тариқи «Равзанаи ягона» дар шаш моҳи соли равон 3642 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 49-то ва ё 1,3 фоиз зиёд гардидааст. Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон 12 миллиону 208 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 261 ҳазор сомонӣ ё 65,1 фоиз зиёд мебошад.
 
ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНӢ
Дар ноҳия аз тарафи Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи “Чорводорӣ ва чарогоҳ”, лоиҳаи сармоягузории “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа”, Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон, зерлоиҳаҳои кишоварзӣ, биоинженерӣ ва тавлиди даромад барои занон ва ҷавонон, Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ва оид ба муҳити зист ба воситаи лоиҳаи “Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист” сохтмони 3 бунгоҳи тиббӣ, хатти оби нӯшокӣ ва паноҳгоҳ, аз ҷониби Ташкилоти хайриявии “Тоҷикистон” бунёди биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Ҳоит ва №39-и деҳаи Воринг, таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии Ҳоит ва бинои нави дуошёна дар назди беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод идома доранд. Сохтмони 3 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Қалъаи Шайх, Ниширён, Ғарми Боло ва хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Қалъаи Шайх ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифтаанд. 
 
КИШОВАРЗӢ ФИШАНГИ ТАВОНОИ РУШДИ РАШТ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 75 миллиону 928,3 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 504,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли гӯшт (2046 тонна), шир (6025 тонна), тухм (2 миллиону 736 ҳазор дона) афзуд. 
Наҳрҳои “Мардумӣ”, “Камчароғ”, “Намуна”, “Қарашаҳр – 1”, “Қарашаҳр – 2”, “Ҳисорак – 1”, “Ҳисорак – 2”, пойгоҳҳои обкашии “40-солагии Тоҷикистон – 1”, “40-солагии Тоҷикистон – 2”, “Фурудгоҳ” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияву аҳолӣ таъмир ва аз партовҳо тоза шуданд. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ аз наҳр ба деҳоти Ҳоит, ба дашти беоб ба дарозии 1100 метр лӯлаҳои обгузар хобонд. Обёрии саривақтӣ имкон дод, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 8219 гектар кишт гузаронда шавад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 555 гектар зиёд аст. Ҳосилнокии ғалладонагиҳо, зироатҳои равғандеҳ, картошка, меваю сабзавот боло рафт. Об, ки омад, 17 гектар боғи нав бунёд шуд. 
 
ПЕШРАФТИ САНОАТУ ЭНЕРГЕТИКА ДАР МАДДИ НАЗАР 
Ҷиҳати таъмини тараққии бомароми соҳаи саноат «Барномаи рушди соҳаи саноат дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2021 – 2025» таҳияву тасдиқ шуда, раванди иҷрои он таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатӣ давоми шаш моҳ ба андозаи 17 миллиону 552 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 244 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ баъди ба қайд гирифтани ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Баҳодур – 2013”, “Абдураҳимиён” ва “Сандуқи заррин” ба нуздаҳ адад расид. Инчунин, дар назар аст, ки барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва бақайдгирии коргоҳҳои истеҳсоли хишти пухта дар мавзеи Бини Сӯфиён, хишти сабук (газоблок) дар маҳаллаи Сари Пул, мебел ва сафолакҳо дар маҳаллаи Сомониён, макарон дар назди корхонаи орди шаҳраки Ғарм анҷом ёбанд. 
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022 – 2026” нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст ва тибқи он, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар панҷсолаи наздик 21 корхона хоҳем сохт, ки бо ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият мебарад. Ҳамин сол бунёди шаштои онҳо дар назар аст. Нусхаи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав пешниҳод гаштааст. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нав лоиҳаи технопарк дар ноҳияи Рашт таҳия шуд. Ҳамаи коргоҳу корхонаҳои технопарк бо ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият хоҳанд бурд, ки ба фоидаи водӣ мебошад. 
 
СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идома ва густариши корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 203 иншооти гуногуни хоҷагии халқ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, савдо ва хизматрасонӣ, саноат, сохтмон, роҳсозӣ, таъмини оби нӯшоӣ, обёрӣ, сайёҳӣ, моҳипарварӣ, кишоварзӣ ва ғайра дар нақша аст. Аллакай, дар 97 иншоот кор оғоз гардид.
Бояд тазаккур дод, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, тибқи нақша 145 иншооти таъиноти гуногун аз ҷониби бахши хусусӣ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки 72 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Рашт лоиҳаи иншооти ҷашниро бо риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ, бо истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ таҳия менамояд, ки қобили қабул аст. 
 
ВАРЗИШ, ҶАВОНОН ВА САЙЁҲӢ
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 42500 нафарро ташкил медиҳад. Дар ноҳия 139 иншооти гуногуни варзишӣ, аз ин 3 варзишгоҳ, маҷмааи варзишӣ, 105 майдончаи варзиш, 25 толори варзиш, 5 ҳавзи шиноварӣ, мактаби варзишӣ бо теъдоди 27 нафар мураббӣ ва 620 нафар машқварзон (22 нафар бонувон) фаъолият доранд. 
Дар ноҳия 43 нафар барандагони Стипендияи президентӣ ва 20 нафар барандагони стипендияи раиси ноҳия мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Варзишгарони ноҳия дар 8 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 15 минтақавӣ ва 18 ноҳиявӣ,  иштирок намуда, аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 5 медали нуқра, 10 медали биринҷӣ ва аз минтақавӣ 28 медали гуногун ба даст оварданд. 
Айни замон сохтмони чор майдончаи варзиши ҳозиразамон дар деҳаҳои Ялдамичи деҳоти Қалъанак, Шаҳрисабз ва Чашмаи Қозии деҳоти Нусратулло Махсум, Шулонаки деҳоти Қалъаи Сурх ва толорҳои варзиш дар деҳаҳои Шулмак ва Санги Малики деҳоти Боқӣ Раҳимзода идома дорад. 
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 55 вохӯрию мулоқотҳо оид ба таблиғи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, 14 чорабинӣ дар мавзуъҳои “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ”, “Танзим - баракати зиндагӣ”,”Ниқоби ман ҳифзи саломатии ман”, “Саломатии мо дар дасти худи мост”, “Худ ва дигарон ҳифз намо”, инчунин ҳашт озмуни ноҳиявии “Математики беҳтарин”, “Таронаи сарбоз”, “Расмкашӣ - зидди террор”, “Дониш андар дил чароғи равшан аст”, “Дониши ман, фардои ман”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, нашъамандӣ, паҳншавии бемории сироятии COVID - 19, гузаронда шуд.
Ноҳияи Рашт дорои захираҳои бой барои рушди сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, мебошад. Дар ноҳия мавзеъҳои нодир хеле зиёданд. Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии кишвар 3 барнома ва 5 лавҳаи таблиғотӣ омода гардида, тавассути шабакаҳои телевизионӣ, сомонаи сайёҳии ноҳия (www.rasht.tajtravel.tj) ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (facebook, YouTube ва instagram) аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ расму наворҳо омода гардида мунтазам пахш мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки санаи 21 май бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия семинар дар мавзуи “Ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ” баргузор шуд. Дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва субъект хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла намояндагони меҳмонхонаҳо ва ошхонаю тарабхонаҳо ҳомстей фаъолона иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар деҳоти Боқӣ Раҳимзода, Ҳоит, Ҷафр ва Аскалон, ки мавзеъҳои асосии сайёҳии ноҳия ба шумор мераванд, 15 ҳомстей (меҳмонхона дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон) ба қайд гирифта шуда, барои қабули сайёҳон омода мебошад. Дар мавзеи Нуҳбоғи дараи Камароб аз ҷониби соҳибкор Маҳмадроиб Шоев меҳмонхонаи хурд ва ҳавзи шиноварӣ бунёд ёфтанд. Инчунин, дар ин мавзеъ сохтмони ҳавзи моҳипарварӣ ва катҳои истироҳатӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. 
 Дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёт дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳудуди ноҳия сохтмони 17 истгоҳи замонавӣ пешбинӣ гардида буданд, ки аз ин шумора то имрӯз  12-тои онҳо ба анҷом расида, дар истгоҳҳои боқимонда корҳо идома доранд. То имрӯз дар ноҳия 8 хатсайри сайёҳӣ таҳия гардидааст. Онҳо хатсайрҳои экологӣ, фарҳангию таърихӣ, агро-экосайёҳӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатӣ мебошанд. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ноҳия 1241 сайёҳ, аз ҷумла 1159 сайёҳи дохилӣ ва 82 хориҷӣ, ворид гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии ин гӯшаи ҳамешабаҳори диёр фаъолияти густурда мебарад.
 
Муҳаммадзоиршо  ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2022    №: 163    Мутолиа карданд: 901
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед