logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ ВА РОҲИ ПУРЗАҲМАТИ ДАВЛАТСОЗӢ

Адолат Раҳмонова чеҳраи сиёсӣ ва ходими давлатиест, ки чанд навбат ба ҳайси вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ин бонуи ҷасуру ҳақталошро аз соли 1975, аз замони котиби аввали кумитаи комсомоли ноҳияи Восеъ буданаш мешиносам. Ӯ дар вазифаҳои муовини раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Восеъ, котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳияҳои Муъминобод, Совет (Темурмалик), котиби аввали ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара ва дигар мақомҳои ҳизбию давлатӣ фаъолият дошт. Адолат Раҳмонова иштирокчии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ буд, ки мо дар суҳбате бо ин бонуи сиёсатмадор воқеоти солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ва натиҷаҳои ҳамин иҷлосияи тақдирсозро варақ задем ва фишурдаи онро манзур мегардонем.
- Шумо шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои харобиовари солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ва иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ҳастед. Аз он солҳо чӣ хотироте дар зеҳнатон мондааст ва нақши иҷлосияи таърихиро дар роҳи давлатсозии миллӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз водии Вахш оғоз шуд. Бо дасти душманони миллат дар муддати кӯтоҳ водии обод ба вайрона мубаддал гашт. Ҳоло мушкил аст ба ёд овардани саҳнаҳои хунину мушкилоти сангини он замон. Роҳбарони вақти ҷумҳурӣ ҳанӯз барои гузаштан ба низоми нави идоракунии давлат омода набуданд. Матбуоти ба ном «озод» дар хизмати мухолифони давлату Ҳукумат қарор дошт ва оташи ҷанг аланга мегирифт, ки фоҷиаҳои бисёр талхро бар ҷой гузошт. Президент Раҳмон Набиев зери фишори гурӯҳҳои мухолифи силоҳбадаст ба истеъфо рафт ва вазъият торафт печидатар мешуд. 
Дар чунин вазъи парешонӣ зарур буд, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ даъват шавад. Аз ҳама асосӣ ва дастоварди таърихии Иҷлосияи шонздаҳум ин интихоби Раиси Шурои Олӣ аз ҷониби вакилони халқ буд, ки ба ин мақом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуданд. Бо интихоби ин сиёсатмадори барҷаставу боҷасорат ва иқдомоти амалгароёнаашон қадамҳои устувор дар самти ҳамдигарфаҳмию ризояти миллӣ гузошта шуда, мунтаҳо сулҳу ваҳдати комил ба даст омад.
 
- Пешниҳоди номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ вазъияте ва чӣ тавр ба миён омад? 
- Дар асл вазъият бисёр мураккаб буд ва баҳсҳо ҳар лаҳза тезутунд мешуданд. Табиист, ки дар чунин ҳолат интихоби раиси нав аз масъалаҳои калидӣ ба шумор мерафт ва ин масъала аз ҷониби раисикунандаи иҷлосия ба миён гузошта шуд. Дар ҳамин ҳол, вакили халқ А. Мирзоев аз ҳавзаи интихоботии Хонақо №47, ки сокинони шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринавро намояндагӣ мекард, ба сухан баромада, номзадии вакили Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ пешниҳод намуд.  
Ҳамин тавр, номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба овоз монда шуд ва дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 вакил 186 нафар ба тарафдории ин сиёсатмадори он замон хеле ҷавон овоз доданд. Баъди ҳамин интихоби муваффақона, тартиби кори иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси нави Шурои Олӣ ба низом даромада, дар идомаи кори он қарору санадҳои бисёр муҳиму сарнавиштсоз қабул гардиданд. Президенти маҳбуби кишвар он замон лаҳзаи ба иҷрои вазифа шуруъ намуданашон, ин суханҳоро ба забон оварда буданд, ки дар хотири мо, вакилону иштирокдорони иҷлосия ва кулли мардуми тоҷик, нақш бастааст: «Дар хизмати мардуми Тоҷикистон қарор хоҳам гирифт, ба Конститутсия, Парчаму Нишони давлатӣ содиқ хоҳам  монд, оғози кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ёру бародар бошем, то вазъиятро ором намоем. Ҳар чи аз дастам ояд дар ин роҳ талош хоҳам кард, ҷонамро барои Тоҷикистон фидо мекунам, то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам ором намешавам!». 
 
- Ҳоло бо гузашти наздик ба 30 сол аз баргузории ин иҷлосияи дар ҳақиқат таърихӣ натиҷаҳои онро чӣ гуна тавзеҳ дода метавонед. Воқеан, мо чӣ тавр ба ҷойгоҳи имрӯзаи хеш расидем?
- Бале, агар ин иҷлосия баргузор намегардид, тақдири мо норӯшан боқӣ мемонд. Кулли дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон аз қарорҳои таърихиву дигар санадҳои қабулкардаи он сарчашма мегиранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал нишон доданд, ки сиёсатмадори барҷаставу роҳбари хирадманд ҳастанд. Имрӯз тамоми музаффариятҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ бо номи ин абармарди давлатсоз гиреҳ мехӯранд. Агар ин шахсияти тобноки таърих он замон зимоми роҳбариро ба дӯш намегирифтанд, яқин кишвари мо якпорчагиашро ҳифз карда наметавонист. Зеро мо, аллакай, дар ҳоли парокандагӣ қарор доштем. 
Маҳз талошҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат буд, ки мо ба сулҳу ваҳдат даст ёфтем, ба кишвари воҳид табдил шудем. Акнун, имрӯз ба ҳарфи мо дар ҷомеаи ҷаҳон гӯш медиҳанд, ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлатамонро самимонаву гарм истиқбол менамоянд. Чунин нусрату иқболи баланд бояд ҳар як сокини мамлакати биҳиштосоро водор созад, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳифз намоянд ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ амал намоянд. Зеро, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, ҳанӯз душманони давлату миллати мо аз нақшаҳои шуму харобкоронаи худ даст набардоштаанд, ки ин аз ҳамагон зиракии баланди сиёсиро тақозо менамояд.
 
Садриддин ҲАСАНЗОДА, сармуҳаррири маҷаллаи «Душанбе»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2022    №: 163    Мутолиа карданд: 643
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед