иҷтимоиёт
«ХОВАРОН». КАМБУДИ ОБ МУШКИЛИ ЯГОНА НЕСТ!
Ба шарофати дастгирию ғамхории давлату Ҳукумат имрӯзҳо дар пайи авҷи созандагиҳо дар гӯшаю канори кишвар боз маҳалҳои нави аҳолинишин бо ҳама гуна шароити зист - обу роҳ, муассисаҳои нави таълимию тандурустӣ бунёд мегарданд, ки бозгӯи пешрафти бомароми Тоҷикистони тозаистиқлол аст. Маҳали навбунёди истиқоматии маъруф ба “Ховарон” аз ин ҷумла аст. Вақте як қисм эҳтиёҷмандон дар ин маҳали нав ба кору зиндагӣ оғоз карданд, аз оби фаровон бархӯрдор буданд. Аммо пас аз афзудани манзилҳои дигари истиқоматӣ дар атрофу акнофи ин ҷо ба манбаъҳои обии сокинон сарбории тақсимоти об афзуду боис ба норасоӣ шудааст.
Ҳоло сокинони минтақаҳои 13, 14 ва 15-уми маҳаллаи «Ховарон»-и ноҳияи Шоҳмансур ба танқисии об мувоҷеҳанд. Акнун, боз ҳам бо зиёд шудани бошандагон дар маҳали мазкур мушкили хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш ба вуҷуд омадааст.
Дар ин гармои тоқатфарсо сокинон ва заминҳои обчакории онҳо ба об эҳтиёҷи зиёд доранд. Тавре мушоҳида намудем, танҳо дар кӯчаи якуми минтақаи 13-ум, назди роҳи корхонаи хишт, беш аз 35 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад.
- Барои таъмини сокинон бо оби истеъмолӣ дар минтақаи 13-ум обанбор сохта шуд. Он гарчанде дар баландӣ ҷойгир аст, лекин аз он аввал хонаҳои поён об гирифта, боқӣ ба манзилҳои истиқоматии боло меояд, то ҳавлиҳои охир рафта намерасад. Ҳамагӣ яку ним соат саҳар ва яку ним соат бегаҳ об аст, ки фишори он хеле суст мебошад. Мо обро аз мошинҳои обкаш мехарем. Мошинҳои боркаши «ЗиЛ» 120 - 180 сомонӣ, «Камаз»-у «Дулан» 200 - 250 сомонӣ арзиш доранд. Як мошин об дар фасли гармои тоқатфарсои тобистон дар чанд рӯз басандагӣ мекунаду халос. Маҷбурем, ки эҳтиёҷоти дигари рӯзгорро як сӯ гузошта, бо даромади доштаамон фақат об харем, - гуфт зимни суҳбат сокини минтақаи 13-ум Саъдуло Қурбонов.
Сокини дигари минтақаи 13 -и маҳаллаи номбурда Нуралӣ Расулов низ моро дидан замон, аз мушкили беобӣ ва сабабҳои он гуфт:
- Қариб 80 дарсади хонаҳои зист ҳисобкунаки обӣ надоранд, ки боиси исрофи об дар як ҷой ва дар макони дигар сабаби норасоии он мегардад. Баъзе сокинони минтақаи 14-ум (аз мағозаи «Вайсиддин» то охири кӯча - назди ШВКД-и минтақаи 14 -ум) дар дохили обанбор ба таври ғайриқонунӣ насос ё лӯлаи об гузоштаанд. Дар дохили обанбор 27 – 28 насос бе ҳисобкунаки обӣ шабонарӯз кор мекунад. Ба замми ин, дар минтақаи 13-ум корхонаи хишти пухта бо лӯлаи 250-миллиметра аз обанбори номбурда об мегирад. Ҳол он ки корхона аз оби ғайринӯшоии мавзеи «Зеленстрой», ки дар шафати коргоҳ ҷойгир аст, метавонад истифода намояд, - бо оҳи сарду дили пуралам изҳор дошт ӯ.
Бунафша Шарифова, истиқоматкунандаи хонаи рақами 41, минтақаи 13, мехоҳад, дар хона бекор нанишаста, дар замини ҳавлиаш сабзавоту полизӣ парвариш намояд. Вале об, ҳатто, барои шустушӯй ва нӯшидан намерасад.
Масъалаи дигаре, ки пешорӯи сокинони минтақаҳои 13, 14 ва 15-и “Ховарон” омадааст, камчинии нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятист. Тавре иттилоъ ёфтем, дар ин ҷо хатсайри нақлиётии 35 ташкил ёфтааст, вале чун ситораи саҳарӣ пагоҳирӯзӣ чандто пайдо мешаванду дигар нопадид мегарданд.
- Мо ва фарзандонамон аксар дар муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва корхонаю ташкилотҳо кору фаъолият ва таҳсил мекунем. Ҳар рӯз то роҳи калон расидан 2,5 – 3 километр масофаро бояд тай кунем. Маҷбурем, ки барои равуо ҳамарӯза бо нархи 5 сомонӣ аз мошинҳои сабукрави кироякаш истифода барем. Зеро микроавтобусҳои хатсайри 35 дар маҳаллаи “Ховарон” дуруст фаъолият намекунад. Аз ҳоло ташвиши бошандагони ин ҷо дар арафаи фарорасии соли хониши нав афзудааст. Фарзандони онҳо ба мактабе мераванд, ки масофаи қариб 3 километр дур воқеъ аст, - гуфт Қутбия Розиқова, сокини минтақаи 13.
Сокинони маҳаллаи мазкур роҳи ҳалли масъаларо дар он мебинанд, ки масофаи хатсайри микроавтобуси рақами 15 ва автобуси рақами 15 то ҳудуди минтақаи 13-ум (то корхонаи хишт) дароз карда шавад. Агар ҳаракати автобусҳои мусофирбари рақами 37 ва 15 доимӣ ба роҳ монда шавад, ин мушкил дар кӯтоҳмуддат рафъ хоҳад шуд.
Ҳамзаалӣ Ғаниев, директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», изҳор дошт, ки дар ҳақиқат доир ба масъалаи нақлиёт аз ҷониби аҳолии маҳаллаи «Ховарон» муроҷиат шудааст.
- Дар асоси арзи онҳо гурӯҳи корӣ якҷо бо намояндагони шуъбаи нақлиёти шаҳр, Хадамоти давлатии назорат ва танзим, бозрасии давлатии автомобилии пойтахт, МДК-и «Душанбенақлиётхадамотрасон» аз минтақаҳои мазкур дидан намуданд. Пас аз мушоҳидаҳои ҳамаҷониба гурӯҳи корӣ дар минтақаи 13-и маҳаллаи «Ховарон» иҷозат доданд, ки барои фаъолият ва таъмини талаботи аҳолӣ хатсайри автобус ташкил шавад. Дар асоси иҷозатномаи ниҳодҳои зикршуда, нақшаи хатсайри автобуси рақами 37 аз 8 майи соли ҷорӣ тасдиқ шуд ва айни ҳол фаъолият дорад. Агар дар маҳаллаи «Ховарон» қаблан танҳо микроавтобусҳои хатсайри рақами 35 фаъолият мекард, имрӯзҳо автобусҳои замонавии хатсайри рақами 15 низ дар минтақаи 14 ва 15-и маҳаллаи «Ховарон» фаъолият доранд. Боз ҳам МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» пайваста барои таъмини талаботи аҳолии маҳаллаи «Ховарон» бо нақлиёти мусофирбар тамоми чораҳоро меандешад, - гуфт ӯ.
Саидмурод Қаландаров, сармуҳандиси КВД «Обу корези Душанбе», доир ба масъалаи ҳалталаби оби нӯшоӣ дар маҳаллаи «Ховарон» гуфт:
- 20 ноябри соли 2011 бо мақсади бо оби нӯшоӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаи «Ховарон», шаҳракҳои 192, 193, минтақаи 14 ва 15 пойгоҳи насосӣ бо сохтмони 2 чоҳи оби нӯшоии ҳаҷми умумиашон 4 ҳазор метри мукааб дар қисмати болоии минтақаи 14 ва 15-ум ба истифода дода шуд. Тибқи лоиҳа, ин обанборҳо, асосан барои бо оби нӯшоӣ таъмин намудани шаҳракҳои 192, 193, минтақаҳои 14 ва 15 пешбинӣ шудааст. Мувофиқи реҷа, давоми шабонарӯз обанбор, ки дар шаҳраки 191 ҷойгир аст, ба воситаи насос бо оби нӯшоӣ пур мешавад ва саҳару бегоҳ мувофиқи реҷа, оби ҷамъшуда ба аҳолии ин 4 шаҳрак расонда мешавад. Бинобар сабаби иҷозат гирифтан ва бунёд намудани ҳавлиҳои истиқоматӣ дар минтақаи 13-ум, ки онҳо аз обанбор боло об гирифта наметавонанд, сарбории зиёд барои насосҳои дар поён насбгардида мебошад. Яъне, сабаби пурра бо об таъмин нашудани сокинони минтақаи асосӣ гардидааст. Сарфи назар аз ин, баъди дар минтақаи 13 сохта шудани ҳавлиҳои истиқоматӣ дар ҳавз ду насос насб карда, дар маҳаллаи 13-ум хатти оби нӯшоӣ кашида шуд. Ҳоло 13 ҷевон барои обҳисобкунак насб гардидааст. Имрӯзҳо аз обанбор то ҳавлиҳои шаҳрвандон лӯлаҳои қутрашон 15 – 20-миллиметра гузаронда истодаанд. Аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» насоси насбгардида аз санҷиш гузашт. То қисмати болоии минтақаи 13-ум ҷорӣ намудани об имкон дорад. Баъди пурра насб кардани обҳисобкунакҳо ва лӯлаҳои обгузар дар ҳавлиҳои сокинони минтақаи 13-ум интиқоли об мувофиқи реҷа таъмин мешавад. Аз тарафи КВД «Обу корези Душанбе» барои интиқоли об ба минтақаи 13 айни замон ягон мушкилот вуҷуд надорад. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки тибқи Лоиҳаи институтсионие, ки аз тарафи Бонки осиёии рушд амалӣ гашта истодааст, асосан, барои бо оби нӯшоӣ таъмин кардан ва аз реҷаи обтаъминкунӣ баровардани қисмати шарқии шаҳри Душанбе азхудкунии маблағҳо рафта истодааст. Баъди ба анҷом расидани корҳои лоиҳа, тамоми бошандагони қисмати шарқии шаҳри Душанбе, шаҳракҳои 192, 193, маҳаллаи «Ховарон», минтақаи Бӯстон (маҳаллаи Қаротегин) ва дигар маҳаллаҳое, ки дар қисмати шарқии ноҳияи Шоҳмансур ҷойгиранд, пурра бо оби нӯшоӣ таъмин мешаванд, - изҳор дошт С. Қаландаров.
Чунончи, аз ваъдаи масъулон бармеояд, мушкили оби нӯшоӣ дар маҳаллаи “Ховарон” ҳалшуданист. Аммо, аз сабаби ҳанӯз ҳам дар ҳалли масъалаи мазкур дар ин ҷо дигаргунӣ ба назар намерасаду норасоии оби нӯшоӣ боқӣ мондааст, шаффофияти кори мутасаддиён зери суол аст. Вале бошандагони “Ховарон” имрӯз танҳо ба он умед доранд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои рафъи масъалаҳо чораи ҷиддӣ меандешад. Бовар аст, ки мардуми ин мавзеъ бе обу нақлиёт намемонад!
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.08.2022 №: 163 Мутолиа карданд: 902