logo

маориф

МАОРИФ. НА ҲАМА ҲОЛАТ МАРБУТИ НОПУРРАГИИ МАКТАБҲО БО КАДРҲОИ ОМӮЗГОРӢ АСТ

Дар самти тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар миёни донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҷойгоҳи хос ва муҳим дорад.
 
Мутахассиси ҷавоне, ки ҳамчун омӯзгор метавонад дар оянда фаъолият намояд, бояд соҳиби ихтисоси омӯзгорӣ ва таҳсилкардаи донишгоҳи омӯзгорӣ ва ё дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бошад. Дар моддаи 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми мутахассиси ҷавон чунин шарҳ дода шудааст: “Мутахассиси ҷавон - шахсе, ки ба ташкилот баъд аз хатми шуъбаи рӯзонаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо роҳхати муассисаи мазкур ба кор қабул шудааст”.
Аз моддаи мазкур бармеояд, ки мутахассиси ҷавон шахсест, ки шуъбаи рӯзонаи муассисаи таълимии таҳсилоти касбиро тариқи буҷетӣ хатм намуда, дар асоси роҳхати муассисаи хатмкарда ба кор фиристода шудааст. Тибқи роҳхат бояд мутахассис давоми се сол ба ҳайси омӯзгор фаъолият намояд ва ин марҳила аз ҷониби муассисаи роҳхатдодашуда назорат шавад, то мутахассис эҳсос созад, ки ҳамчун мутахассиси хуб ба қайд гирифта мешавад ё ин ки самти роҳи ояндааш тағйир меёбад. Ба ин васила, мо метавонем бо мутахассис робитаи ногусастании хуб дошта бошем ва ин робита мушкилоту эҳтиёҷ ба омӯзгоронро аз байн мебарад ва мутахассиси хуб медонад, ки ҳамеша  бо ӯ иртибот ҳаст ва дар ҳолати зарурӣ ба кор таъмин мегардад. 
Маълум, ки шумораи аҳолӣ рӯ ба афзоиш дорад ва дар ин замина ҳамасола мактабҳои наву замонавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд. Алҳол шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 4 ҳазор мерасад.  
Яке аз мушкилоти муҳими рӯз ин аст, ки мактабҳои мо ниёз ба омӯзгор доранд ва ин ниёзмандӣ ба якчанд омилҳои муҳим, аз ҷумла баромадани омӯзгор ба рухсатии ҳомиладорӣ ва парастории кӯдак, ба нафақа рафтану аз ҳаёт рахти сафар бастан, вобаста аст. 
Дигар ин ки аз 4 ҳазор мактаб дар як сол якнафарӣ ба рухсатии ҳомиладорӣ ва парастории кӯдак барояд, бубинед, ки чӣ қадар ниёз ба омӯзгор пеш меояд. Ин тахмини мо вобаста ба он аст, ки тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии диёрро ташкил медиҳанд ва имрӯз дар мамлакат соҳае нест, ки занону духтарон дар онҳо фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Новобаста аз ин омилҳо, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рисолати хешро дар таъмини омӯзгорон иҷро карда истодааст.
Масъалаи дигар ин аст, ки вақте мутахассисони мо бо дониши хубу баҳои аъло донишгоҳро хатм мекунанд, мо талош намеварзем, ки ин гуна мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоӣ барои идомаи фаъолият ё ба сифати ассистенти кафедра дар донишгоҳ, ё ба сифати омӯзгор дар макотиби миёна ба кор таъмин карда шаванд.
Пеш аз ҳама, барои дастболо шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, бояд ба мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи бештар намуда, шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овард, чунки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ тибқи фармоиши давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро хатм кардаанд, мувофиқи шартномаи тарафайн ва роҳхати мақомоти дахлдор уҳдадоранд, ки аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд. Яъне, то 3 сол ҳамчун мутахассисони ҷавон ба ҳисоб мераванд ва дар ин раванд бояд робита бо онҳо қавӣ бошад.
Мебояд ин нуктаро низ тавзеҳ бахшем, ки агар дар асоси Қонун “Дар бораи маориф” фаъолиятро ба роҳ монем, вақте мутахассис дар хориҷа аз ҳисоби буҷети давлат таҳсил намуда бармегардад, ӯ ба қайд гирифта шуда, бо ҷойи кор таъмин гардад, дар ин маврид мутахассис эҳсос месозад, ки ба дониши андӯхтаи ӯ ниёз ҳаст ва ӯ мекӯшад, ки барои беҳтар намудани фаъолияти бар дӯшаш гузошташуда заҳматҳои дучанд кашад.
Чунон ки доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов дар мақолааш “Давлат ва тарбия” аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавад: “Суоли ниҳоят одӣ, аммо пурмаънои Роҳбари давлат, ҳамчунон, посухи мантиқии ӯ: «Мамлакатро кӣ обод мекунад? Мутахассис, соҳибкасб, шахси донишманд». Моро зарур аст, ки ба суханони мондагору ояндасози Пешвои миллат такя намуда, робитаи қавиро бо мутахассисони ҷавони донишманд барқарор созем. 
Мавриди зикр аст, ки дастпарварони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз дар соҳаҳои гуногуни маорифи кишвар ва берун аз он муваффақона кору пайкор мекунанд. Маҳз бо ташаббусу фаъолияти онҳо дар заминаи тарбияи хуб додан ба хонандагон кори таълим пурзӯр гашта, дар соҳаи маориф пешравиҳо ба назар мерасанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар вохӯрӣ бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, молия, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд, изҳор доштанд, ки “дар самти баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати норасоии кадрҳои соҳаҳои гуногуни мамлакат фаъолияти босамар дошта бошанд”.
Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош варзем, то мушкилиҳо вобаста ба таъмини сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон, норасоии кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ бартараф гарданд ва дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намоем, ки имтиёзҳои барои омӯзгорон-мутахассисони ҷавон муайянгашта амалӣ шаванд.
 
Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии 
омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2022    №: 163    Мутолиа карданд: 2391
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед