илм
РУШДИ ИЛМ ПОКСОЗИРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД
Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш намуда истодааст, ки дар доираи ҳадафҳои рушди ҳозорсола ба рушди устувор ноил гардад. Дар доираи ин ҳадаф стратегия, чандин барнома ва лоиҳаҳои гуногун амалӣ гашта истодаанд. Оид ба ин масъала агар нигоришҳои матбуоти илмию давриро таҳлилу таҳқиқ намоем, маълум мегардад, ки аксар лоиҳаҳое, ки дар кишвар амалӣ мешаванд, муҳтавои онҳоро дарёфти самтҳои гузариши Тоҷикистон ба рушди устувор нишон медиҳад.
Ҳамзамон, аз натиҷагирии ҳисоботҳои дар ин самт интишоршуда бармеояд, ки агар хоҳони рушди устувори Тоҷикистон бошем, моро нахуст лозим аст, ки лоиҳаҳои дар ин самт мавриди амал қарор доштаро, қиёсан аз нигоҳи илмӣ таҳлилу таҳқиқ намоем ва ба таври мушаххас бигӯем, ки бо кадом фарзияҳои илмӣ метавонем Тоҷикистонро ба рушди устувор ноил гардонем.
Зарурати арзёбии ин мавзуъ, аз як тараф дар он зоҳир мегардад, ки беш аз шаст рисолаҳои олимони тоҷик дар диссернет мавриди таҳлилу таҳқиқи ошкоро қарор гирифтанд, аммо то ҳол ягон муҳаққиқи тоҷик нисбати рисолаи дифоънамудааш мавқеи худро баён надошт, аз дигар тараф ҳоло ба туфайли фаъолияти шуроҳои амалкунанда шояд анқариб 1000 нафар ба гирифтани унвонҳои илмӣ мушарраф гардида бошанд, аммо то ҳол дар заминаи рисолаҳои дифоънаудаи онҳо фазои илмии кишварамон ташаккул наёфта истодааст. Баръакс чунин ба назар мерасад, ки он мисли солҳои пешин дар як сатҳ қарор дошта, дар аксар маврид таназзулёбии самтҳои алоҳидаи илм дар кишвар ба мушоҳида мерасад.
Ҳадаф аз овардани ин далелу андешаҳо он аст, ки гузариш ба рушди устувор, пеш аз ҳама, аз ҳамгироии илм дар истеҳсолот ва ба ташаккулёбии фазои илмии кишварамон вобастагии ногусастанӣ дорад. Зиёда аз бист сол мешавад, ки мо дар атрофи рушди устувор баҳс менамоем, аммо то кунун самтҳои гузариши Тоҷикистонро ба рушди устувор аз нигоҳи илмӣ дақиқ муайян карда натавонистаем. Дар бисёр ҳолатҳо ҳатто наметавон далелу андешаҳои илмиро аз далелу андешаҳои лоиҳаҳои амалигардондашуда фарқ намуд. Шояд сабаб дар он бошад, ки дар аксар кишварҳои дунё бархе аз муҳаққиқон на аз ҳисоби навиштани рисолаҳои илмӣ, балки дар асоси маводҳои таълифнамудаашон бо дастгирии Ҳукумат ба унвонҳои илмӣ мушарраф гардонда мешаванд.
Ҳатто дар замони шуравӣ бархе аз олимони тоҷик дар асоси монография, мақола, навоварӣ ва фишурдаҳои илмӣ ба гирифтани унвонҳои илмӣ сарфароз гардида буданд. Давлати шуравӣ бо чунин амал дар илм покиро таъмин менамуд. Дар низомномаи Камиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон ин тамоюли коргузорӣ баҳри пешбурди илми муосири тоҷик ба инобат гирифта нашудааст. Дар баробари ин, вазифаи асосии ҳар як пажӯҳишгар баробари гузарондани таҳқиқотҳои илмӣ, инчунин, натиҷагирии он далелу андешаҳои академӣ мебошад, ки ба ташаккулёбии фазои илмии кишварамон мусоидат намуда, баҳри рушду такомули он заминаи мусоид фароҳам гузошта тавонад.
Имрӯз ҳамагон боифтихор ҳарф мезанем, ки дар кишвар Комиссияи олии аттестатсионӣ фаъолият мекунад, аммо мантиқан таҳлил намоем, маълум нест, ки дар кадом сатҳ тайи ин солҳо фазои илмии кишварамон ташаккул ёфтааст. КОА ба таври мушаххас бояд ҷавоб диҳад, ки кишварамон дар кадом самти илмӣ ба дастовардҳои беназир ноил гаштааст. Чунки вазифаи асосии ин муассиса дар баробари додани дараҷаҳои илмӣ, инчунин, назорату арзёбии самтҳои ташаккули фазои илмии кишвар мебошад. Боре ҳам, ин паҳлуи масъала касеро ба изтироб наовардааст. Ҳол он ки дар гузашта ҳар як рисолаи дифоъшуда ба ташаккулёбии равияи нави пажӯҳишӣ ва як дараҷа ба ташаккулёбии фазои илмии кишварамон заминаи боэътимод мегузошт.
Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили экологӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.08.2022 №: 163 Мутолиа карданд: 2426