logo

туризм

ҚАЛЪАИ ВАМАР. АГАР КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ САҲМ ГИРАД...

 
Қалъаи Вамар яке аз ёдгориҳои минтақаи Помир аст, ки санаи бунёди онро таърихнигорон ба асри XI мелодӣ нисбат медиҳанд. Тибқи ривоятҳо, сохтмони ин қалъа ба сафари ду орифи бузург – Шоҳтолиби Сармаст ва  Саидҷалоли Бухороӣ аз Хуросон ба Помир рабт дорад. Гӯё ҳокими даври Рӯшон дар суҳбат бо ин ду ориф аз ҳуҷуми пайдарпайи аҷнабиён ба ин сарзамин шиква кард ва ин диж маҳз бо пешниҳод ва нақшаи сохтмони Шоҳтолиби Сармаст бунёд мешавад. 
Ҳарчанд санаи аниқи сохтмони қалъаи Вамар дар ягон маъхази таърихӣ зикр нашудааст, аз таърихи сафари ин ду шахсияти таърихӣ ба Бадахшон ҳадс задан мумкин аст, ки он дар байни солҳои нимаи дуюми асри X ва аввали асри XI ба хотири ҳифзи марзу буми Рӯшон ва Шуғнон бунёд ёфтааст. Қалъа дар тули таърих чандин маротиба аз ҷониби аҷнабиён вайрону валангор гардида, бо дасти мардуми маҳаллӣ эҳё шудааст. 
Тибқи маълумоти академик Баҳодур Искандаров (“Бухорои шарқӣ ва  Помир дар нимаи дуюми асри XIX”), саҳми қалъаи Вамар дар ҳаёти низомӣ ва сиёсии минтақа ва муҳофизати Шуғнону Рӯшон бузург будааст. Душманони хориҷӣ ҳар бор, ки ба ин минтақаҳо тохтутоз мекарданд, дар ҳамин қалъа саркӯб мешуданд.
Аз навиштаҳои Павел Лукнитский дар китоби худ “Саёҳат дар Помир”, ки ҳамчун сайёҳ соли 1930 дар қалъа таваққуф намудааст, бармеояд, ки  он аз як тараф дар лаби кӯл, аз ҷониби дигар дар баландии он тамоми гирду атроф чун дар кафи даст менамуд, бунёд ёфта, дар вақташ истеҳкоми хубе барои “истиқболи” душман будааст.
Тибқи ақидаҳои нависандаи дигари рус, бузургтарин қалъа, ки то замони мо расидааст, дар резишгоҳи дарёи Бартанг (ба дарёи Панҷ Р.Г.), дар ноҳияи Рӯшон мавҷуд мебошад. Ин қалъа шояд дар ҷойи қалъаҳои қадима, ки то замони мо ҳифз нашудаанд, сохта шудааст. Дар асри XVIII аз ин қалъа мирони Дарвозу Бадахшон ва баъдан афғонҳои аз тарафи отряди Ионов рондашуда, ҳукмронӣ намудаанд”.  
Маъхази дигар дар бораи қалъаи Вамар рисолаи “Таърихи ҳокимони қалъаи Вамар” маҳсуб меёбад, ки ба қалами сокинони ноҳияи Рӯшон Бовар Сӯфизода ва Қиматшо Исматзода тааллуқ дорад, ки соли 1949 аз забони хизматгори собиқи ҳокимони қалъаи Вамар - Лахман Ҳусейнзодаи Чатрории 110-сола таълиф шудааст. Дар рисола, аз ҷумла омадааст: “Соли 1843 Сулаймонхон валади Абдураҳмонхон баъди амакаш Абдулазизхон ҳокими  Рӯшону Бартанг таъин мешавад. Ӯ барои ҳимоя аз душманон ба навсозии қалъаи валангоршуда оғоз намуд. Пеш аз ин қалъа соли 1684 навсозӣ шуда, бо мурури замон хароб гардида буд. Сулаймонхон мардони аз 16-сола болои Рӯшону Бартангро ба ин кор сафарбар кард. Кор дар қалъа бемузд буд ва иловатан сарфиёти он низ аз ҳисоби мардум рӯёнда мешуд. Сохтмони қалъа се сол давом кард”.
Қалъа дар майдони 1,5 гектар замин ҷой гирифта, аз 6 бурҷ, 3 дарвоза ва 6 тӯпхона иборат аст. Паҳноии деворҳо 7 метр буда, баландии онҳо дар баъзе ҷойҳо ба 50-60 метр мерасад. Деворҳо бо ғуллачӯбҳои ниҳоят ғафс таҳким ёфта, санги сохтмон дар масофаи ду километр аз маҳаллаи Чавнроб оварда шудааст. 
Ба гуфтаи сокинони солхӯрдаи ноҳияи Рӯшон, қалъа ва муҳити атрофи он аз зеботарин маҳалҳои Рӯшон будааст. Дар байни қалъа чанори азим ва дар зери он чоҳи обгузар мавҷуд буд, ки ба воситаи он аз соҳили рӯди Панҷ ба қалъа об меовардаанд. Қалъа боғи бузурге бо анвои зиёди дарахтони баҳрадору сояафкани аз Покистону Ҳиндустон, Дарвоз, Кӯлобу Ҳисор овардашуда, доштааст. Дар пешорӯи қалъа майдоне бо номи Ригакмайдон воқеъ будааст, ки ҷойи баргузории маҳфилҳои идона, созу мусиқӣ, бозиҳои халқӣ маҳсуб мешуд.
Қалъаи Вамар яке аз ёдгориҳои муҳташами Тоҷикистон аст. Ҳамасола садҳо сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба умеди дидани он ва дигар ёдгориҳои таърихӣ ба Бадахшон меоянд. Вале имрӯз куҳандиж ба эъмор ниёз дорад. Баъди соҳибистиқлолӣ Вазорати фарҳанг барои тармими қалъа маблағ ҷудо кард ва он то андозае тармим шуд, аммо, он ҳанӯз кофӣ нест. Зеро қалъа чун мавзеи фарҳангиву таърихӣ ва сайёҳӣ метавонад солҳои зиёд хизмат намояд. Агар Кумитаи рушди сайёҳӣ дар  ин самт саҳм гирад, нуран ало нур мешуд. Чунки қалъаи Вамар далеле аз фарҳанги бостонии миллати тоҷик, нишоне аз талошҳои ниёгони мо  барои ҳифзи марзу бум ва пойдории давлатдории миллист.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2022    №: 163    Мутолиа карданд: 2828
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед