сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
23 август суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбати дӯстона сарварони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Россия, ҳамчунин, дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чорчӯби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо дар робита ба масоили муҳими байналмилалӣ ва масъалаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистон мубодилаи афкор карданд.
Президентҳо, ҳамзамон, ҷадвали корӣ ва масъалаҳои рӯзномаи чорабиниҳои бисёрҷонибаи дарпешистодаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Мусоҳибон ҷиҳати идомаи тамосҳо оид ба масъалаҳои мазкур ба мувофиқа расида, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишварро таъкид карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.08.2022 №: 164 Мутолиа карданд: 738