иҷтимоиёт
НУРУЛЛО ҲУВАЙДУЛЛОЕВ. АДОЛАТПЕШАЕ, КИ БА ДАСТИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТ КУШТА ШУД
Дар рафти ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри XX, ки сабаби асосии сар задани он фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти террористии наҳзатӣ буд, ҳазорон нафар нобуд гардиданд. Мутаассифона, дар он замон аз дасти қотилони наҳзатӣ шумораи зиёди донишмандону рӯшанфикрон, ҷавонмардони баномусу ҷасур низ қатл шуданд. Мақсад аз ҷисман нобуд кардани сиёсатмадорон, олимону донишмандон ва эҷодкорону зиёиён аз ҷониби наҳзатиҳои террорист ба гумроҳӣ бурдани аҳолӣ, аз аслу насаби хеш дур сохтани халқ, задани теша ба решаи миллат ва бад-ин васила пиёда кардани ҳадафу нақшаи хиёнаткоронаву душманонаи худи онҳо буд. Зеро ҳузури шахсиятҳои огоҳу бедор ва фаъолияти миллатдӯстонаву меҳанпарастонаи онҳо монеаи бузурге дар роҳи пиёда кардани аҳдофи нопоку палидонаи террористони наҳзатӣ буд.
Ҳамин буд, ки саркардагони ТТЭ ҲНИ ва хоҷагону пуштибонҳои хориҷиашон сари мақсад омаданд, ки бояд шахсиятҳои саршиносу таъсиргузори ҷомеаро ҷисман аз байн баранд. Маҳз бо ҳамин мақсади касиф ҷаллодону қотилони наҳзатӣ шахсиятҳои маъруфе, чун Моёншо Назаршоев, Мунавваршо Назриев, Абдураҳим Раҳимов, Ҳайдар Қосимов, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Фатҳуллохон Шарифзода, Муродулло Шерализода, Махсум Олимӣ, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Карим Юлдошев, Нурмаҳмад Атобеков ва садҳо рӯзноманигорону эҷодкоронро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонданд.
Яке аз чунин шахсиятҳои миллатдӯсту меҳанпараст ва ҳомии қонуну адолат Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки солҳои 1991-1992 дар вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Мавсуф намояндаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст Прокурори генералӣ ва шахси ба касби худ содиқу донишманд буд.
Номбурда дар баробари намояндаи мардумӣ дар Шурои Олӣ ва Прокурори генералии Тоҷикистони соҳибистиқлол буданаш, дар як вақт муовини раиси Иттиҳоди ҳуқуқшиносони ИҶШС ва раисии Иттиҳоди ҳуқуқшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ ҳамчун номзади илми ҳуқуқшиносӣ, олими ҳуқуқдон ва устоди шинохта аз байни фарзандони меҳнаткаши одӣ теъдоди зиёди шогирдон, ҳуқуқшиносҳои маъруфро тарбия намудааст, ки имрӯз дар прокуратура, суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ садоқатмандона хидмат мекунанд ва посдори номи неки ӯ ҳастанд.
Нурулло Ҳувайдуллоев аз зумраи ҳуқуқшиносоне буд, ки риояи бечунучарои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаро бо қатъияти том талаб менамуд. Ӯ мутмаин буд, ки риоя нашудани қонун ва бе ҷазо мондани ҷинояткорон сабаби бадбахтӣ ва нооромии ҷомеа гардида, кишварро ба буҳрони сиёсӣ мувоҷеҳ мегардонад.
Ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани Нурулло Ҳувайдуллоев ба солҳои аввали навадум рост меояд, ки замони нооромиҳои сиёсӣ дар кишвар буд ва ӯ замоне ҳамчун чеҳраи сиёсиву давлатӣ эътироф гардид, ки дар кишвар омилҳои бадхоҳу вайронгар фазои мамлакатро мағшуш намуда буданд. Марҳум воқеан ҳуқуқшиноси ҳирфавӣ ва шахси устувору ҷасур буд. Ӯ бо ҷасорати том аз Ҳукумати қонунӣ пуштибонӣ ва алайҳи ҷинояткориву қонуншиканӣ мубориза мебурд. Ҳеҷ гоҳ бо олами ҷиноятӣ ва, махсусан, бо ҷинояткорони террористи наҳзатӣ созиш накард, барои ҳар нафаре, ки қонунро вайрон намуда, аз чорчӯби он берун рафта буд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, онҳоро ҳамчун ҷинояткор дар назди қонун муаррифӣ менамуд.
Террористони наҳзатӣ аз роҳҳои зиёде истифода намуданд, то ин нафарро ба тарафи худ моил созанд, аммо чун Нурулло Ҳувайдуллоев ахлоқи баланди инсонию касбӣ дошт, дилаш барои миллату кишвари худ месӯхт, ҳеҷ гоҳ ба унсурҳои ҷиноятӣ ҳамкорӣ накард ва ҳайсияту виҷдону обрӯи хешро қурбони манфиатҳои пулию молӣ накард. Ҳамин буд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев ба як душмани сарсахти ҷиноятпешаҳои наҳзатӣ табдил ёфт ва ин қотилони миллаткуш тасмими ҷисман аз байн бурдани ӯро гирифта, ахиран 24 августи соли 1992 ҳамроҳи ронандааш ба қатл расонданд.
Террористон аввал мошини хизматиашро боздошта, ӯ ва ронандаашро аз мошин берун карданд ва амр доданд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев бояд ба зону нишинад ва аз онҳо узр пурсад. Аммо Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамчун кӯҳ устувор монд ва ба он палидон ҷавоби рад доду гуфт, ки ҳеҷ гоҳ аз ҷинояткору одамкуш узр нахоҳад пурсид. Пеши он разилон сар хам накард. Бо шунидани ҷавоби рад террористони наҳзатӣ ба зонуҳояш чанд тир заданд ва пас аз афтоданаш ӯ ва ронандаашро тирборон карданд.
Бо қатли Нурулло Ҳувайдуллоев хоинони ҷиноятпешаи наҳзатӣ охирин такягоҳи қонун ва тартиботро дар кишвар аз байн бурданд. Дигар ҳомии қонуну адолат ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд набуд. Террористони наҳзатӣ аз пайи татбиқи ҳадафҳои зиддимиллиашон шуданд.
Ҳамин тавр, ҳамагӣ пас аз ду ҳафтаи қатли Нурулло Ҳувайдуллоев, 7 сентябри соли 1992 бо зӯри аслиҳа ва маҷбуран аризаи истеъфои Президенти қонунан интихобшударо гирифтанд. Террори Н. Ҳувайдуллоев суиқасд ба ҳуқуқ, қонун ва адлу инсоф буд, ки ба дасти ҷиноятпешагони наҳзатӣ махсус ва бо тарроҳии пешакӣ сурат гирифт.
Қотилон ҳуқуқдони машҳури собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, инсонеро, ки то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон муборизаву талош варзида, яке аз муаллифони лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои ҳаётан муҳим буд ва, ҳамзамон, ҳомию ҷонибдори пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёд ба шумор мерафт, бераҳмона куштанд. Гарчанде қотилон ба ҷазои худ расида бошанд ҳам, амали разилонаи онҳоро оламу одам намебахшад.
Хотираи неки Нурулло Ҳувайдуллоев дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ маҳфуз аст. Тамоми ҳамватанони мо хотираи ин инсони шарифро ҳамчун муҳофизи қонуну адолат ва озодии Ватану миллат пос медоранд.
Раҷабалӣ ХАЙРУЛЛОЕВ,
ходими калони илмии АМИТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.08.2022 №: 164 Мутолиа карданд: 729