иқтисод
НАҚБИ ДАНҒАРА. ҲОЛАТИ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ИНШООТИ ЗЕРИЗАМИНӢ НИГАРОНКУНАНДА АСТ!
Нақби 14-километраи ирригатсионии Данғара дар таърихи сохтмонҳои гидротехникии ватанӣ ҳамто надорад. Нақби асосӣ 13 километру 813 метр ва нақбҳои ёрирасон 6 километру 188 метр, дигар иншооти зеризаминӣ 1700 метр дарозӣ доранд. Аз нақби эҳтиётии захиравии ёрирасони ҳаҷман 4 бар 4 то имрӯз 3 километру 755 метраш канда шудааст. Дар зарфи 17 сол нақбканон аз қаъри замин яку ним миллион метри мукааб ҷинсҳои кӯҳӣ бароварда, дар дохили нақб 150 ҳазор метри мукааб бетон хобонда, 20 ҳазор тонна конструксияҳои оҳанӣ гузоштанд. Иқтидори лоиҳавии обгузаронии нақб дар як сония 100 мукааб метри об буда, имкон медиҳад, ки 100 ҳазор гектар замин дар як вақт обёрӣ шавад. Корнома ва қаҳрамониҳои бемисли нақбканонро бо қалам тасвир кардан амрест маҳол.
Бино ба иттилои муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Каромиддин Холзода, имрӯз аз 29 ҳазору 405 гектар замини кишт, 10 ҳазору 124 гектараш обӣ буда, ба воситаи ин нақб сари вақт обёрӣ мешавад. Инчунин, 170 ҳазор аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ аз оби баҳри Норак, ки тавассути ин нақб меояд, баҳра мебардоранд.
Баъди таҷдиди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз моҳи феврали соли 2013 ин иншооти бузурги гидротехникиро ҳамчун объекти стратегии давлат барои нигоҳубин ва таъмиру барқарорсозӣ ба тобеияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуда, вазифадор кард, ки нисбат ба ин иншооти бузурги муҳим бетаваҷҷуҳ набошад. Вале вазъи табоҳи имрӯзаи нақб гувоҳи он аст, ки дар ин 10 сол Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои беҳбудии нақб кори чашмрасе ба анҷом нарасондааст. Ҳоли иншооти бузурги зеризаминӣ хеле ташвишовар ва садамавист.
Хотиррасон менамоем, ки баъди 36 соли хизматрасонии шабонарӯзии бетанаффус, қисмҳои зиёди нақб харобу валангор гашта, ба таъмиру барқарорсозии таъҷилӣ ниёз доранд. Тавре сардори Муассисаи давлатии нақби оби Данғара Файз Одинаев ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, вазъи бади нақби харобгаштаро ба инобат гирифта, ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якчанд мактуби расмӣ ирсол намуданд. Дар санаде, ки аз ҷониби комиссияи давлатӣ 8 феврали соли 2018 мураттаб гашт, ҷойҳои алоҳидаи харобгаштаи нақб барои таъмиру барқарорсозӣ муайян ва аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ тасдиқ гардида, ба Маркази татбиқи лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара пешниҳод шуд. Бояд тибқи нақша, баъд аз анҷоми мавсими обёрӣ, қисмҳои харобгаштаи нақб давра ба давра барқарор карда мешуданд. Аммо, мутаассифона, дар ин самт то ҳол ягон чора андешида нашудааст ва нақб дар ҳолати нигаронкунанда қарор дошта, рӯй додани садама аз эҳтимол дур нест. Иқтидори лоиҳавии обгузаронии нақб дар як сония 100 мукааб метр обро ташкил медиҳад. Вале имрӯз қуввати аз худ гузарондани 10 мукааб метр обро надорад. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми заминҳои обӣ дар ноҳияи Данғара сол ба сол меафзояд.
Марҳилаҳои якум, дуюм ва сеюми обёрии заминҳои Данғара ва каналҳои ғунҷоишашон 30 мукааб барои обёрӣ кардани зиёда аз 4 ҳазор гектар майдон соли гузашта аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтанд. Мутаассифона, нақби харобгашта имрӯз аз дохили худ гузарондани ин миқдор обро надорад. Дар сурати наандешидани чораҳои заруриву таъҷилӣ шояд солҳои наздик нақби обгузар пурра аз фаъолият бозмонад. Хунукназарӣ ва саҳлангории мутасаддиён, нисбат ба ин иншооти стратегии давлат метавонанд дар оянда ба садамаҳои калони зеризаминӣ сабаб шаванд.
Тавре директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар ҳақиқат нақби 14-километраи ирригатсионии Данғара дар ҳолати садамавӣ ва хеле ташвишовар қарор дошта, бинобар сабаби камбудии молиявӣ, 36 сол мешавад, ки таъмири асосиро надидааст.
- Ин иншооти муҳими стратегӣ, имрӯз ба ёриву дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз дорад. Зарурати таҳияи як лоиҳаи фарогири инноватсионӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, ба ин иншоот пеш омадааст. Агар масъалаи маблағгузорӣ дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро ёбад, метавон гуфт, ки мушкилоти умдаи нақбро бартараф намудан мумкин аст, - иброз дошт Холмурод Раҳмон. - Аз рӯи таҳлилҳои иқтисодӣ, хароҷоти молиявии барқарорсозии нақб 464 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки бояд солҳои наздик аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шавад. Дар асоси лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара, аз ҳисоби ин маблағ гузарондани хатти оби нӯшокӣ ва полизӣ ба ноҳияи Данғара ба масофаи 14 километр аз дарёи Вахш ба воситаи лӯлаҳои оҳанини қутрашон 1000 мм дар назар дошта шудааст.
АЗ МУАЛЛИФ: Ёдовар мешавем, ки дар сарбанди нақб 6 дарвозаи пуриқтидор бо вазни 240 тонна васл гардидааст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, имрӯз ин дарвозаҳо низ дар ҳолати ногувор қарор дошта, ба навсозӣ ва иваз намудан ниёз доранд.
Тавре ба мушоҳида расид, дарвозаҳои сарбанд бо пахши тугмачаи дар сандуқи оҳанин буда, идора мешаванд, ки аз таъсири рутубатнокӣ ва намнокии зери замин ҳолати чандон хуб надоранд. Ҳар лаҳза аз кор баромадани онҳо аз эҳтимол дур нест. Сардори Муассисаи давлатии нақби оби Данғара Файз Одинаев зимни суҳбат гуфт, ки оби тезҷараёни дарёи Вахш конструксияҳои оҳану бетонии зери дарвозаҳои сарбандро соли гузашта, сӯрох намуда, вазъияти мураккабро ба миён овард. Ҳарчанд дарвозаҳои сарбандро ба ҷои муқаррариаш мегузорем, дар як сония 3 мукааб обро аз зери худ исрофкорона мегузаронад. Аз фасли тирамоҳ то имрӯз талафоти беҳудаи об 53 миллион мукаабро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, имсол аз сабаби ларзиши зиёд ду тарафи бетони бари дарвозаҳо сӯрох шуда, ҳолати садамавиро пеш овардааст. Баъди санҷишҳои навбатӣ, мутахассисони соҳа ба хулосае омаданд, ки таъмиру барқарорсозии зери дарвозаҳои сарбанд, дар ҳолати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузор ба ҳангоми кам шудани сатҳи оби дарёи Вахш гузаронда шавад. Моҳҳои май ва июни соли гузашта, гуфт сардори Муассиса Файз Одинаев, дар сарбанди дарвозаҳо ду ҳолати вазнини ногувор ба амал омад.
Тавре сардори Муассисаи давлатии нақби Данғара Файз Одинаев гуфт, вазъи ба амал омада нафареро аз масъулин ба ташвиш наовард ва касе кореро ба анҷом нарасонд. Танҳо бо дастгирии раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин ҳолати ташвишовар баъди 10 шабонарӯз пурра бартараф гардида, аҳолии ноҳия, заминҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ боз бо оби нӯшокӣ ва полизӣ таъмин гардиданд.
Аз ин рӯ, ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар масъулон зарур аст, ки барои роҳ надодан ба садамаҳои вазнин дар нақби стратегии давлат ва таъҷилан гузарондани корҳои таъмирӣ ва барқарорсозӣ дар нақби харобгашта, чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.08.2022 №: 164 Мутолиа карданд: 1306