иҷтимоиёт
“РОҒУН”. САНОАТ НЕРУИ ТОЗА МЕГИРАД
Имрӯзҳо миллати тоҷик бо роҳбарии шахси оқилу доно, роҳнамо, кордону миллатпарвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фахр менамояд. Сарвари давлат барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати худ интихоб намуданд, ки бо татбиқи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафта мубаддал мегардад.
Бунёди иншооти стратегии Неругоҳи барқи обии «Роғун» амалӣ шуда, ҳадафи асосии он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки бунёду барқарорсозии иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ. барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди пурра ба истифода додани Неругоҳ имкон фароҳам меояд, ки дар Тоҷикистон садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд. Мо, аллакай, шоҳиди он шуда истодаем.
Бунёди НБО “Роғун” ҳамчун иншооти бузурги аср дар дилу дидаи мардуми Тоҷикистони азиз ва берун аз он ҷой гирифтааст. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби хираду идрок ва меҳнатдӯсту пурғайрат мебошад. Ин миллати бузург ҳамеша кӯшиш бар он мениҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёҷманд набошад ва душвориву тангиҳои ба сараш омадаро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд. Имрӯзҳо бо ҷаҳди бузург бо иттиҳод, “Роғун”- ро пурра сохта, агрегатҳои боқимондаро ба кор омода карда истодаанд, то имрӯзу ояндаи насли минбаъда дурахшонтар бошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба аҳамияту афзалияти Неругоҳи барқи обии «Роғун» таъкид намуданд, ки иншооти мазкур бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури дунё амалигардида низ ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд.
Тибқи нақша ду агрегати Неругоҳ ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба шабакаи энергетикии кишвар интиқол ёфтааст. Нури “Роғун” хонадони ҳар як тоҷикистониро мунаввар гардонд.
Имрӯзҳо баробари “Роғун” бо ташаббуси Сарвари давлат дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо, иншооти гидроэнергетикӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд шуда истодаанд, ки аксари онҳо аҳамияти минтақавӣ доранд ва ба манфиати Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя равона гардидаанд. Ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби саррони кишварҳои ҳамсоя ва берун аз он эътирофу борҳо қадршиносӣ кардаанд, ки боиси фахри ҳар як сокини мамлакат аст.
Бо пешниҳод ва кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022 - 2026 эълон кардани Солҳои рушди саноат ин аз истифодаи пурсамари барқи истеҳсолшавандаи ватанӣ дар неругоҳҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршаванда мебошад. Истифодаи барқи истеҳсолшаванда дар корхонаҳои саноатии ватанӣ баҳри некуаҳволии мардум равона гашта, сатҳи камбизоатиро то рафт поён менамояд.
Ин омил имконият медиҳад, ки даромади миёнаи аҳолӣ зиёд шуда ва онҳо баҳри ободии Ватани азизамон кӯшишу ғайрати худро чанд маротиба афзун намоянд.
Хуллас, истифодаи пурраи Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ ва рушди саноат имконият фароҳам оварда, сатҳу сифати зиндагии мардумро бамаротиб беҳтар менамояд.
П. ПУЛОТОВ, номзади илмҳои кимиё,
Н. УМАРОВ, номзади илмҳои физикаю математика
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.08.2022 №: 164 Мутолиа карданд: 816