logo

сиёсат

9 СЕНТЯБР ВА САОДАТИ МИЛЛӢ

Имсол мардуми шарафманди тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-умин солгарди Истиқлоли давлатиро дар фазои амну осоиш ва рифоҳи зиндагӣ таҷлил хоҳанд кард. Ба ин муносибат, корҳои созандагиву ободонӣ ва бунёди коргоҳҳову иншооти гуногун вусъати тоза касб намуда, дар умум, кишвари биҳиштосои мо сол ба сол уфуқҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоиро касб менамояд.
Ҳарчанд Истиқлоли давлатӣ дарвозаҳои саодатро ба рӯи мо боз кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт, таърих  фаромӯш  нахоҳад кард, ки ҷойгоҳи шоистаи имрӯзи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ ва зиндагии пурнишоти мардуми тоҷик ҳосили талошҳои бардавому хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. 
Ҳоло, агар мо дар бораи дастовардҳо ва нуфузи байналмилалии давлати худ ҳарф занем, беихтиёр даврони пурошӯби солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ пеши назар меоянд. Таърих низ фаромӯш нахоҳад кард, ки он солҳо бо дасисаи гурӯҳҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ пояҳои давлати соҳибистиқлол зарба хӯрданд, аркони давлатдорӣ фалаҷ шуда, мардум сарсону овора гардид. Дар чунин вазъияти сангин бо амри тақдири наку Сарвари дилсӯзу ғамхор Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омада, мардумро аз парокандагӣ ва давлатро аз завол наҷот бахшиданд. Президенти маҳбуби кишвар ҳамчун мунодии сулҳу ваҳдати миллӣ кишвари моро аз масири нобудӣ раҳо бахшида, ба қаламрави саодат раҳнамун сохтанд.
Кунун халқи шарафманди тоҷик дар ҳоле 31-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад, ки номи Тоҷикистон ба туфайли ташаббусҳои байналмилалии Сарвари башардӯсташ дар минбарҳои бонуфузу маҳофили гуногуни сиёсӣ садо медиҳад ва аз эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ бархӯрдор мебошад.
Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ баробари дастовардҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ комёбиву дигаргуниҳо дар низоми ҳуқуқии мамлакат, аз ҷумла мақомоти судӣ низ қобили таваҷҷуҳ аст. Зеро, дар ин давра имкон фароҳам омад, ки салоҳият ва самтҳои асосии  фаъолияти мақомоти судӣ бо назардошти манфиатҳои давлативу миллӣ, қонунсолорӣ, риояи адолати иҷтимоӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ муайян шаванд. 
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмили низоми судӣ ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ давра ба давра барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтанд. Барномаҳои қабулшуда дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ, ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз - судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва ниҳоят, дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас бозид. 
Заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти бонизом ва адолатпешагии мақомоти судӣ мо - кормандони мақомотро вазифадор менамояд, ки бо истифода аз чунин фазои мусоид донишу таҷрибаи худро баланд бардошта, дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо софдилона хидмат намоем ва дастовардҳои беназири Истиқлоли давлатиро ҳифзу гиромӣ дорем.
 
Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА, 
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2022    №: 164    Мутолиа карданд: 686
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед