иқтисод
БОҒПАРВАРӢ. ЧАРО ФАЪОЛИЯТИ ПАЖӮҲИШГОҲ ҒАЙРИҚАНОАТБАХШ АРЗЁБӢ ШУД?
Бахши дар вилояти Суғд будаи Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (воқеъ дар мавзеи Овчӣ – Қалъача) замоне яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои илмӣ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёфт. Олимону мутахассисони ин ниҳоди илмӣ ба деҳқонони вилоят усулҳои дар заминаи илмӣ асоснокшударо бо назардошти талаботи агротехникӣ мебоист роҳандозӣ мекарданду барои парваридани тухмии аълосифати сабзавоту полизиҳо ва интихоби дурусти ниҳоли навъҳои ҳосилхези ток роҳнамоӣ менамуданд.
Мутаассифона, мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки дар асл чунин набуда, фаъолияти ниҳоди мазкур бо сабабҳои воқеиву субъективӣ ҳамон тавре, ки замон тақозо дорад, самаровар нест. То ҳадде метавон гуфт, ки он худ як хоҷагии деҳқониро мемонаду халос. Бисёр масъулони навоҳии кишоварзии вилоят ба хотир оварда наметавонанд, ки ба онҳо кай филиал навъҳои аълосифати тухмӣ ва ниҳолҳои серҳосили токи илман санҷидашударо пешниҳод намуда бошанд. Фаъолияти ин ниҳоди илмии як замон басо машҳури ҷумҳурӣ то ҳадде аз мадди назарҳо дур мондаасту то андозае аз рисолати аслии худ - аз пажӯҳишҳои илмии бавуҷудоварии навъҳои муосири ниҳолҳои серҳосили мевагии донакдору тухмидор, сабзавоту полизиҳо фарсахҳо дар канор мондааст.
Барои кушодани гиреҳи масъала бо суоли “Чаро имрӯз филиал номи баландашро аз даст додааст?!” бо Рустамҷон Каримзода, номзади илмҳои кишоварзӣ, директори филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткорӣ нияти суҳбати тахассусӣ доштам. Номбурда, агарчи баъди хатми мактаби олӣ фаъолияташро маҳз аз ҳамин ҷо оғоз бахшидаву солиёни тулонӣ дар вазифаҳои гуногун кор карда бошад ҳам, хоҳиши моро бо узрхоҳиҳои он ки: “сарбориҳоям ниҳоят зиёд асту ба омодасозии ҳамоише бандам” рад намуд. Р. Каримзода тариқи суҳбати телефонӣ ба пешниҳод кардани гузориши фаъолияти нимсолаи 2022 розӣ шуду халос.
Ба суоли мо аз ин хусус Мавлуда Эргашева, номзади илмҳои кишоварзӣ, нафақахӯр, собиқ корманди бахши суғдии Институт то андозае посух дод. Ба гуфтаи ӯ, мақоми пешоҳангии худро аз даст додани ин ниҳоди илмӣ нахуст куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизоти ташхисгоҳҳо мебошад. Дигар ин ки воқеаҳои солҳои ахири асри ХХ боис гардиданду олимони варзидаи мо Тоҷикистонро тарк намуданд. Бо вуҷуди ин, бархе аз олимон, ки дар вазъи душвори сиёсии кишвар берун аз Ватан иқомат ихтиёр накардаанд, ба мисли Янгибоев, Тошматов ва Бойматов ҳанӯз ҳам ба фаъолият машғуланд.
Бино ба гузориши пешниҳоднамудаи директор филиал дорои 563,8 гектар замин буда, аз он қисмати бештари масоҳати ин майдонро боғот ва масоҳати боқимондаро токзор ташкил медиҳанд. Барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар филиал 7 шуъба, озмоишгоҳи мевапарварӣ ва буттамевагиҳо, технологияҳои инноватсионии токпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва боғдории интенсивӣ, картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ, механиконии кишоварзӣ, агрохимия, озмоишгоҳи илмии коркард ва нигоҳдории маҳсулот, пунктҳои такягоҳии “Сомғор”, “Ашт” ва “Исфара” фаъолият мебаранд.
Дар филиал 30 ходими илмӣ фаъолият менамояд, ки аз онҳо ду нафараш доктори илму 13 нафари дигар номзади илм мебошанд. Мутаносибан аз шумораи умумии ходимони илмӣ 50 дарсадашро номзад ва доктори илм ташкил медиҳад.
Чуноне аз маълумот бармеояд, олимони филиал дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар дохилу хориҷи кишвар 8 мақолаи илмӣ ба нашр расондаанд. Дар ин муддат аз тарафи олимони филиал ду китоб “Агротехникаи парвариши навъҳои ангури кишмишу мавизшаванда ва технологияи хушконидани онҳо”, “Механизатсияи корҳои меҳнатталаб дар боғу токпарварӣ” таҳия ва ба нашр расиданд. Олимон дар семинари “Баланд бардоштани савияи дониши кормандони комплекси агросаноатӣ”, ки бо қарори раиси вилояти Суғд баргузор гардид, дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт, Айнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин давра кормандони филиал барои тарҳрезӣ ва бунёди боғҳои интенсивӣ ва токзорҳо тавсияи худро дода, дар рафти бунёди боғу токзорҳо иштирок намуданд. Аз ҷумла, боғҳои интенсивӣ ва токзор дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос” -и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АХД ба номи Бобоҷон Ғафуров бо тавсияҳои олимони филиал бунёд ёфт. Моҳи марти соли ҷорӣ дар филиал аз майдони модарии тагпайвандҳои қадпаст зиёда аз 15 ҳазор қаламча (аз 11 намуди тагпайванд) омода ва қисман дар гармхонаву боқимонда дар қитъаи ниҳолхонаи филиал барои решагиронӣ шинонда шуд. Дар гармхонаи шуъбаи картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ кӯчати 32 навъи помидор тайёр ва дар қитъаи таҷрибавӣ мувофиқи нақшаи барнома шинонда шуд. Барои истеҳсоли тухмии хушсифат ва вусъат бахшидан ба тухмипарварии ибтидоӣ дар қитъаи таҷрибавӣ кишти модартухмии ду навъи пиёзи сафед “Кулча”, “Дарозшакл” ва модартухмиҳои навъҳои сабзии “Мушаки сурх”, “Тиллоранг” “Нантская - 4” гузаронда шуд. Дар самти парвариши картошкаи барвақтӣ мувофиқи нақшаи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ картошкаи навъҳои “Невский”, “Пикассо”, “Жуковский”, “Аладдин”, “Белла”, “Роза” ва “Скарлетт” кишт шудаанд, ки ҳоло ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Тавре бармеояд, ҳамаи ин тадбирҳо хушнудкунандаанд, аммо инҳо аз оғози корҳои филиал гувоҳӣ медиҳанду нишондодҳо ҳанӯз номаълуманд. Пас, нигаронӣ аз фаъолияти чанд соли ахири филиал бесабаб нест.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.08.2022 №: 164 Мутолиа карданд: 1111