logo

туризм

МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ. БАРДОШТ АЗ ЧАШМАИ АВҶ

Дар чойхонаи “Бадахшон”-и шаҳри Кӯлоб наҳорӣ карда, мусофирон  ба мошин савор шуданд. Мошин ба роҳ баромада, ба таври худ навҳакунон ағбаи Шуроободро убур мекард. Ҳама сокит чашм аз тирезаи мошин ба дуриҳо дӯхта, банди хаёлоти худ буданд. Хомӯширо ронанда шикаст: – Ин хел мусофирони камгапро бори аввал мебинам. Роҳро суҳбат кӯтоҳ мекунад, – гуфту афзуд: – Гап занед, ҳам шумо зиқ намешавед, ҳам ронанда мондашавиро камтар эҳсос мекунад. Аз қабати аввал сар мекунем, шумо – модар, дар ин роҳи дароз нияти куҷо рафтан доред? – ронанда ба хонуми калонсоле, ки дар курсии паҳлуяш менишаст, муроҷиат кард.
– Ман, модари Сафаргул, аз вилояти Хатлон, барои табобат азми чашмаи Авҷи ноҳияи Ишкошим дорам. Чанд сол боз аз дарди пойҳо ва кам шудани биниши чашмонам азоб мекашам. Бинобар ин, бо маслиҳати  дугонаҳоям, ки солҳои пеш дар ҳамин чашма табобат гирифта, баъди он худро бардам ҳис мекунанд, ду сол пеш дар чашмаи Авҷ табобат гирифтам. Дар ҳуҷрае, ки ҷиҳати истироҳат бароям маъмурияти шифохона ҷудо намуд, бо ман ду ҷавонзани дигар аз Ҳисор ва Истаравшан низ буданд. 
Апаи Сафаргул Мамадсаидоваи 72-сола арз кард, ки боду ҳавои мусоиди маҳал ва оби чашма ба онҳо писанд омад. Оби чашма мисли дигар чашмаҳои шифобахши минтақа он қадар гарм набуда, пас аз оббозӣ дар ҳавз шахс худро хеле хуб ҳис мекунаду нороҳатӣ дар вуҷуди ӯ пайдо намешавад. Баъди 5 рӯзи табобат дар Авҷ хирагии чашмони Сафаргул-апа, аллакай, аз байн рафта, дарди пойҳояш ҳам хеле  сабук шудааст. Вақте ки баъди 10 рӯзи табобат дар шифохонаи Авҷ апаи Сафаргул ба хонааш баргашт, дар вай осори дарди чашму пойҳо тамоман дида намешуд. Барои ҳамин ҳам, - гуфт апаи Сафаргул, - ман бо маслиҳати духтурон барои пешгирӣ аз касалиҳоям сафари чашмаи Авҷро пеш гирифтам. Ана, ҳамин тавр, акнун навбати дигарон.
– Тасодуф аст ё амри тақдир, ман ҳам нияти ба шифохонаи Авҷ рафтан дорам. Барои ҳамин ҳам мошинҳое, ки аз Душанбе тарафи ноҳияи Ишкошим мераванд, кофта ёфтам. Ман аз давраи шуравӣ дар ин чашма табобат мегирам, - гуфт мӯйсафеде аз курсии қабати дуюми мошин, ки тақрибан 80 сол дошт. - Табобат ҳам чи, истироҳат мекунам. Бори аввал соли 1986 баъди касалии тулонии гурдаҳо ба ин ҷо омада будам. Беморхонае дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе намонд, ки ман нарафта будам. Духтурон муайян карданд, ки дар гурдаи чапам санг  дармондааст. Роҳи ягонаро дар ҷарроҳӣ медиданд. Дар касалхонаи ҷумҳуриявии маъруф ба Қарияи Боло маро ба ҷарроҳӣ омода мекарданд. Дар ҳамин давра барои гирифтани баъзе доруҳои тавсиякардаи духтур ба дорухонаи назди касалхона баромадам. Ҳангоми хариди доруҳо тасодуфан бо сардори идораи дорухонаҳои ҷумҳурӣ Маъсумшо ном марди бадахшонӣ дучор омадам. Он кас гуфтанд, ки дар дастрас намудани доруҳо ягон мушкилот нест, вале ман тавсия медодам, ки як бор аз назди чашмаи Авҷ, воқеъ дар ноҳияи Ишкошим гузаред, зеро барои ҷарроҳӣ ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Ман баъди 3 рӯз, аллакай, дар ин ҷо будам. Он вақт шароити будубоши Авҷ чандон хуб набуд. Мо чанд нафар дар як толори калон хоб мерафтем. Дар ҳавз ҳам якбора чанд нафар медаромадем. Роҳи аз ҳавз то ҳуҷраамон ҳам чандон ҳамвор набуд. Вале ман дар ҳамон шароит дар 2 ҳафта табобат ёфтам. Духтурон гуфтанд, оби чашма санги гурдаро шуста бурдааст. 
Хуллас, аз байни 8 мусофири мошин ҳамагӣ 3 нафар сокинони ноҳияи Ишкошим, дигарон меҳмонон аз дигар минтақаҳои кишвар барои саёҳату табобат ин сафари тулониро ихтиёр карда буданд.  
 
ҶОЙИ ПОКОН АСТ, АВҶ  
Шифохонаи Авҷ дар масофаи 80 километр аз шаҳри Хоруғ, 27 километр поёнтар аз маркази ноҳия дар соҳили дарёи Ишкошим, дар баландии 2415 метр аз сатҳи баҳр  қарор дорад. Ҳарорати оби чашма 37-38 дараҷа гарм мебошад. Дар таркиби оби шифобахш кислотаи силитсий, гази карбон, элементҳои маъданҳои умумӣ, элементҳои «ангезандаи ҳаёт»,  монанди литий, оҳан, никел, фтор, рӯҳ ва бром мавҷуданд. Таркиби кимиёвии оби ин чашма дар китоби олим Н. Назаров “Ишкошим” (Душанбе, “Нодир”, 2011) чунин тавсиф шудааст: “Он ба навъи обҳои шифобахши гази карбондори сустмаъданноки гидрокарбонату сулфату калсию магнийдори ширгарм дохил мешавад”. 
Ба гуфтаи доктор Ширинбек Давлатмамадов, оби чашма барои табобати бемориҳои  дил ва рагҳои хунгард, тарбоди дил, баландшавии фишори хун, узвҳои ҳозима, ҳамаи намудҳои илтиҳоби доимии меъда, захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта, кулунҷи доимӣ (колит), ҷигар, талхадон, маҷроҳҳои талхагузар, санг ва реги талхадон, вайроншавии  мубодилаи моддаҳо, фарбеҳшавӣ аз хӯрдан ва ҳаракат накардан, гурда,  санги гурда, дар сурате ки ҳаҷми санг аз 0,5 см калон набошад, илтиҳоби ғадуди простата, вайроншавии фаъолияти узви таносул,  илтиҳоби доимии косачаҳои гурда, бавосири беруна, касалиҳои гӯшу гулу ва бинӣ, полип дар мавзеи бинӣ, ангина, тонзилит, шуш ва роҳҳои нафаскашӣ, диққи нафас, бронхит, газаки доимии шуш ва гулу, касалиҳои системаи асаб, касалиҳои чашм ва бемориҳои дастгоҳи такя шифо мебахшад. Оби чашмаро чун нӯшокии муолиҷавӣ, ҳамчунин, барои шустани меъдаву рӯда ва қабул намудани ваннаҳо истифода бурдан тавсия дода мешавад.  
           
КИСЛОВОДСКИ ТОҶИК
Тибқи иттилои директори шифохона Суҳробшо Муъминшоев, шифохона соли 1976 дар заминаи чашмаи шифобахши Авҷ сохта шудааст. Хусусияти шифобахшии оби Авҷинтеппаро олимони рус М. Прокопенко соли 1930 ва Н. Котова соли 1931 муайян намудаанд. Таркиби химиявии оби Авҷ ба оби нарзани сулфатдори Кисловодск (Россия) монанд аст. Аз худи ҳамон солҳо оби шифобахши он ҳамчун оби шифодиҳанда дар саросари кишвар шинохта шуда, ҳамасола теъдоди зиёди маризон ба ин макон меоянд. 
- Ба хотири боз ҳам беҳтар намудани шароити табобату истироҳати мизоҷон, - мегӯяд директори шифохона Суҳробшо Муъминшоев, - бо дастгирии  Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби гранти Бонки ҷаҳонӣ барои таъмиру навсозии шифохона дар доираи сармоягузории «Лоиҳаи рушди деҳот» ҷудо гардидани 50000 доллар пешбинӣ гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳавзҳои мавҷудаи чашма таъмир ва боз ду ҳавзи иловагӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифта, ҳолати беҳдошти шифохона беҳтар карда шавад.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2022    №: 164    Мутолиа карданд: 2279
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед