logo

иқтисод

БУҲРОНИ ОЗУҚАВОРӢ. ҶАҲОН ДАР ЧӢ ҲОЛ АСТ?

Моҳҳои охир роҳбарони кишварҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон бештар дар бораи буҳрони озуқаворӣ на ҳамчун таҳдиди эҳтимолӣ, балки воқеияти рӯз ҳарф мезананд. 
Ҳанӯз моҳи март дар нишасти кишварҳои G7 Президенти ИМА Ҷо Байден гуфта буд, ки норасоии ғизо ба амри воқеӣ табдил меёбад. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон низ иброз дошт, ки ҷаҳон дар остонаи буҳрони бесобиқаи озуқаворӣ қарор дорад.
 
ШУМОРАИ ГУРУСНАГОН МЕАФЗОЯД 
Буҳрони озуқаворӣ проблемаи нав набуда, балки то як андоза мушкили доимии сайёра гардидааст. Ба андешаи коршиносон, афзоиши аҳолӣ ва истифодаи аз ҳад зиёди ғалладонагиҳо ҳамчун хӯроки чорво ин мушкилро ба миён овард. Бар замми ин, болоравии нархи дигар намуди молҳо ва сӯзишворӣ боиси гаронии маводи озуқаворӣ гардидааст. 
Тибқи гузориши Шабакаи ҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди буҳрони озуқаворӣ, соли 2021 тақрибан 193 миллион нафар аз норасоии ғизо азият кашид, ки нисбат ба соли қаблӣ 40 миллион бештар аст. 
“Афзоиши гуруснагӣ ба чанд омил, аз ҷумла пандемияи COVID – 19 ва тағйирёбии иқлим, вобастагӣ дорад”,- мегӯяд Агаси Арутюнян, муовини директори шуъбаи робитаҳои Созмони кишоварзӣ ва озуқавории СММ бо Россия. Ба андешаи номбурда, низоъҳо низ сабаби асосии гуруснагӣ дар баъзе кишварҳои оламанд. Солҳои 2018 – 2021 шумораи нафароне, ки бо сабаби муноқишаҳо аз гуруснагӣ азият кашиданд, 88 дарсад афзуда, 139 миллионро ташкил дод. 
Иля Березнюк, яке аз роҳбарони агентии «Agro and Food Communications», ба ин назар аст, ки солҳои оянда шумораи нафароне, ки гирифтори гуруснагӣ мегарданд, пеш аз ҳама, дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф, меафзояд. Аҳолӣ имкон намеёбад, то миқдори зарурии ғизоро, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ муқаррар кардааст, истеъмол намояд. Аммо ин маънои гуруснагии сарторасиро надорад. 
 
БОЛОРАВИИ НАРХҲО  ВА МАНЪИ СОДИРОТ
Сарфи назар аз пешгӯиҳои афзоиши шумораи гуруснагон, соли ҷорӣ коҳишёбии истеҳсоли маводи ғизоии аввалия ба назар намерасад. Тибқи гузориши Созмони кишоварзӣ ва озуқавории СММ, имсол дар ҷаҳон 770,8 миллион тонна гандум истеҳсол мегардад, ҳол он ки ин рақам соли гузашта 776,8 миллион тоннаро ташкил дода буд. Аз миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи гандум, коҳишёбии ҳосил бештар дар Украина ва Австралия мушоҳида мешавад. Дар баробари ин, соли ҷорӣ афзоиши ҳосили гандумро дар Канада ва Қазоқистон интизоранд. 
Тавре дар гузориш зикр мегардад, ҳарчанд истеҳсоли биринҷ нисбат ба соли гузашта кам шуда бошад ҳам, тавлидоти гӯшт ва маҳсулоти ширӣ дар ҷаҳон хоҳад афзуд. 
Сарфи назар аз ин, бо сабаби ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои содирот дар як қатор кишварҳо, буҳрони озуқаворӣ шадидтар мегардад. Аз ҷумла, моҳи апрел Қазоқистон содироти ғалла ва орд, Қирғизистон моҳи май шакар, найшакар ва қанди сафедро барои шаш моҳ ва Индонезия равғани палмаро маҳдуд карданд. Миёнаи моҳи март Россия содироти ғалладонагиҳо – гандум, мелсин (омехтаи гандум ва ҷав), ҷавдор, ҷав ва ҷуворимаккаро ба кишварҳои Иттиҳоди АвруОсиё то як муддат боздошт. Чунин иқдомро Ҳиндустон, ки бузургтарин истеҳсолкунандаи гандум ва шакар аст, низ пеш гирифт.
- Норасоии хӯрокворӣ сабаби асосии манъи содирот нест. Онҳо ин корро ба хотири танзими нарх ва пешгирии болоравии он дар кишвар ҷорӣ мекунанд,- мегӯяд Надежда Орлова, мудири шуъбаи иқтисодиёти инноватсия дар соҳаи кишоварзии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти кишоварзии Донишгоҳи миллии таҳқиқотии «Мактаби олии иқтисодӣ». Ба андешаи ӯ, яке аз вижагиҳои асосии ин буҳрони озуқаворӣ на дар коҳиш ёфтани истеҳсолот, балки дар сатҳи таваррум мебошад.
Маҳз бо ҳамин сабаб, аз аввали соли равон нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 16 дарсад боло рафтааст. Нисбати дигар маҳсулотҳо арзиши равғани рустанӣ ва ғалладонагиҳо 23, гӯшт 9, шир ва шакар 7 дарсад гарон шуданд. 
 
КАДОМ КИШВАРҲО  ЗАРАРИ БЕШТАР МЕБИНАНД?
Коршиносон аз вазъ дар кишварҳое чун Нигерия, Эфиопия, Судони Ҷанубӣ, Афғонистон ва Сомали нигаронанд. Дар ин кишварҳо як қисми аҳолӣ ба ғизо дастрасӣ надоранд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 750 ҳазор нафар метавонад аз гуруснагӣ ба марг рӯ ба рӯ гардад. Аз ин теъдод, фақат 400 ҳазораш дар минтақаи Тиграйи Эфиопия ба сар мебарад.
Иля Березнюк низ бар он аст, ки вазъият дар мамлакатҳои камбағали қитъаи Африқо ва ҷанубу шарқи Осиё бадтар мегардад. Ба кишварҳои осебпазири Шарқи Наздик метавон Яман, Лубнон ва Фаластинро, ки аз воридоти гандум вобастагии бештар доранд, ворид намуд. Индонезия ва Бангладешро, ки аз сабаби афзоиши аҳолӣ воридоти гандумро дар даҳ соли охир зиёд намуданд, низ хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад.
 
ТАҲРИМҲО ВАЗЪИЯТРО  МУШКИЛ МЕКУНАНД
Муовини раиси Шурои амнияти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев гуфт, ки таҳримҳо нисбат ба Россия ба буҳрони сартосарии озуқаворӣ ва гуруснагӣ дар баъзе кишварҳо оварда мерасонанд. 
Роҳбари шурои Африқо ва Президенти Сенегал Маки Салл дар мулоқот бо Владимир Путин иброз намуд, ки таҳримоти кишварҳои Ғарб нисбат ба Россия мамлакатҳои Африқоро аз ғаллаю нуриҳои минералӣ маҳрум карда, вазъиятро печида сохт. Тибқи арзёбии коршиносон, кишварҳои ҷануби биёбони Саҳрои Кабир, асосан, гандуми Россияро истеъмол менамоянд. Дар баъзе кишварҳои Осиё низ, ки аз воридоти ғаллаи Россия вобастаанд, чунин мушкил метавонад ба миён ояд.
Котиби генералии Федератсияи ғаллаи Белгия Жизел Фишефет қайд мекунад, ки дар Аврупо, аз ҷумла Россия ва Украина, ҳосили хуб ба даст оварданд. Аммо мушкил ин аст, ки ғизонокии гандум кам шудааст. Ин чунин маъно  дорад, ки он на барои истеъмол, балки ҳамчун хӯроки  чорво  истифода мешавад. - Ин  вазъият  барои Аврупо ягон мушкил  эҷод намекунад, аммо вазъи кишварҳои Африқои Шимолӣ, аз Миср то Марокаш, ки моҳҳои наздик ба гандум эҳтиёҷ пайдо мекунанд, ташвишовар аст,- гуфт Жизел Фишефет. 
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои расмӣ, Вазорати кишоварзии Россия умед дорад, ки соли равон дар кишвар 130 миллион тонна ғалладонагӣ истеҳсол мегардад. Иқтидори содирот 50 миллион тонна пешбинӣ мешавад. 
 
ЧӢ БОЯД КАРД?
Тавре вазъ нишон медиҳад, буҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ ба миён наояд ҳам, дар кишварҳои алоҳида норасоии ғизо ба назар мерасад. Вале ин раванд таъсири худро ба кулли ҷаҳон хоҳад расонд, аз ҷумла ба Тоҷикистон. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, иброз намуданд, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи аксар намуди молу маҳсулот, бахусус озуқаворӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, дар қатори дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ мерасонанд. 
Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид карданд, ки бинобар вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба он – камобии шадид ва хушксолӣ, норасоии маҳсулоти озуқа қариб дар аксари кишварҳои олам ба назар мерасад. Ғайр аз ин, кам шудани истеҳсоли ғалладона дар мавсими солҳои 2022 – 2023, ҷорӣ намудани маҳдудият дар содироти маҳсулот, аллакай, боиси ба миён омадани хатари гуруснагӣ дар даҳҳо кишвари сайёра гардидааст. Аз ин рӯ, ба масъулон супориш доданд, то ҷиҳати таъмини фаровонии бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввал, захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва пешгирии болоравии беасоси нархҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. 
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2022    №: 165    Мутолиа карданд: 1156
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед