logo

иқтисод

ҶАЙҲУН. САҲМИ НОҲИЯДАР ДУРАХШОНИИ ВАТАН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Кишт, парвариш ва ғундоштани ҳосили фаровон, бунёди иншооти таъиноти гуногун, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва, дар маҷмуъ, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва муҳайё сохтани зиндагии шоиста барои ҳар як сокини диёр аз корҳои бомуваффақияте буданд, ки аҳли заҳмати ноҳияи Ҷайҳун дар зарфи ҳафт моҳи соли равон иҷро карданд.
 
БАРАКАТ АЗ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ 
Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун, зимни суҳбат иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои амру фармонҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, тадбирҳои заруриро андешидаву амалӣ сохта, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2021 - 2026 Солҳои рушди саноат ва баҳри истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагиро дар 222 иншооти ҷашнӣ вусъати тоза бахшидааст. 
- Зикр бояд кард, ки ҳар як дастуру супориши Ҷаноби Олӣ ба манфиати миллат ва давлат буда, бо татбиқи онҳо мо – роҳбарон ҳам дар назди халқ соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯи хосса мегардем. Аз ҳамин сабаб, ҳар як ҳидояти Сарвари давлатро мо аз дилу ҷон иҷро мекунем ва дар ин маврид дар назди виҷдони хеш низ масъулияти азимеро эҳсос месозем, - тазаккур дод Абдулҳафиз Одиназода.
 
ТАВАҶҶУҲ БА ЗЕРСОХТОРҲОИ МАҲАЛЛӢ 
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои беҳтар гардондани фаъолият ва амалӣ намудани вазифаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. 
Оид ба иҷрои ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дигар ҳуҷҷатҳои назоратӣ қарорҳои раиси ноҳия ба тасвиб расида, барои иҷро ба шахсони масъули дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ расонда шудааст. 
 
АФЗОИШҲОИ ИҚТИСОДӢ
Маҷмуи  умумии маҳсулот дар ҳафт моҳ аз 1 миллиарду 392,6 миллион сомонӣ убур кард. Нақшаи  қисми даромадҳои буҷети маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105,3 дарсад иҷро шуд. Аз 31,1 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷет 32,8 миллион сомонӣ ворид гашт, ки нисбат ба нақша 1,7 миллион сомонӣ зиёд буда, боиси иҷрои босифати ҳамаи намуди андозҳо гардид.
Зимнан, тибқи ченакҳои иқтисодӣ, таъмини барзиёди нақшаи андозҳо ва он ҳам иҷрои босифати ҳамаи навъи андозҳо ин муваффақияти хеле хуб аст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2021 - 2025 аз 131 лоиҳа ба маблағи 133,3 миллион сомонӣ иборат буда, дар  давраи ҳисоботӣ 36 лоиҳа ба маблағи 29 миллион сомонӣ иҷро гардид. То ин муддат 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 10,9 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 лоиҳа ба маблағи 1,5 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад. 
Дар ҳафтмоҳа 1 миллиону 107 ҳазор сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб шуд, ки аз ин ҳисоб ду маркази савдо, коргоҳи истеҳсоли дару тиреза, дорухона, филиали “Амонатбонк”, ошхона ва меҳмонхона,  фермаи чорвопарварӣ ба истифода дода шуданд.
 
ИҚБОЛИ МО – ИСТИҚЛОЛ! 
Дар ноҳияи Ҷайҳун то 35-умин солҷашни Истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмири 504 иншооти таъиноташон гуногун дар нақша аст. Аммо ин ҳадди ниҳоӣ нест. Манзурам, ҳар як фарди ободкор, ҳар як соҳибкори ватандӯсте, ки боз дар ин панҷ сол муроҷиат мекунад, албатта, аз дилу ҷон мо ба ободкории ӯ мусоидат ва дар доираи имконият ва салоҳиятҳоямон ёрӣ мерасонем.
Иншооти нақшавӣ аз эъмори 187 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъсиси 34 корхонаи истеҳсолӣ, бунёди 113 гармхона барои парвариши меваҳои ситрусӣ ва қулфинай, 5 сардхона, ташкили 2 хоҷагии моҳипарварӣ, бунёди марказҳои савдо ва бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, меҳмонхона, бунёди 17 хонаи истиқоматии 4 ва 5-ошёна ва 17 хонаи истиқоматӣ барои камбизоатон, таъмири роҳҳои байни маҳаллаву деҳаҳо ва кӯчаҳои шаҳрак дар масофаи 53,2  километр, сохтани дарвозаи рамзӣ дар даромадгоҳи ноҳия ва ҷамоати деҳот ва ғайра иборат мебошанд. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 14 иншоот ба маблағи 3,9 миллион сомонӣ  ба истифода дода шуд.
 
САНОАТ: АЗ ИСТЕҲСОЛИ НАФТ ТО ЭЛЕКТРОСКУТЕР
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 54 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  соли гузашта 5,8 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиши он 9 дарсадро ташкил дод. Як таҳлили ҷолиб ин аст, ки аз маблағи умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 76,9 фисади он ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва 23,1 фоизи боқимонда ҳиссаи соҳибкорони инфиродӣ мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли нафт ба 5007 тонна, битум 1577,6 тонна, мазут 1325 тонна, рӯдаи ПВХ 24,5 миллион метри тулонӣ, полиэтилен 256,8 тонна,  орд 6312,1 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ 1516,6 тонна, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 672,8 тонна, консерв 108,0 ҳазор қуттии шартӣ, макарон 3,4 тонна, қаннодӣ 3,1 тонна, биринҷ 142,3 тонна, либоси мактабӣ 81148 дона  ба маблағи 1129,4 ҳазор сомонӣ, хишти хом 33 ҳазор дона, электроскутер 52 -то, хишти сементӣ 213,4 ҳазор дона, хишти роҳрав 171,7 метри мураббаъ ва хишти сабук (газоблок) 134,4 метри мукааб расид.
 
ТАДБИРҲО  БАРОИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН 
Ҷараёни омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2022 - 2023 таҳти назорати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ситоди зимистонгузаронӣ қарор дорад. Бо мақсади фаъолияти мунтазам ва самарабахши ҳамаи соҳаҳо дар давраи тирамоҳу зимистон, қарори раиси ноҳия аз 23 майи соли 2022 ба тавсиб расида, дар асоси он нақшаи чорабинӣ тасдиқ ва ситоди ноҳиявӣ барои гузарондани мавсим ташкил  шуд. Дар ин росто, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба соҳаи маориф 613,9 ҳазор сомонӣ ва тандурустӣ 36 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ гардида, он марҳила ба марҳила аз рӯйи ҷадвали тасдиқшуда ҷудо шуда истодааст. Барои аз мавсими сардиҳо бе талаф бурун овардани чорво 22 ҳазор тонна хӯроки дурушт захира гашт.
 
ҲАРФИ ДИЛ
Сокинони ноҳияи Ҷайҳун аз тағйирпазириҳои мусбате, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаашон ба вуқуъ пайвастан доранд, қаноатманд ва шукргузоранду мегӯянд:
 
Қобилҷон Зулматов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат: 
- Роҳбарияти ноҳия барои ободонӣ кӯшишҳои зиёд доранд. Мо – собиқадорон аз фаъолияти ишон розием. Намунаи ободкориҳояшон зиёд. Чунончи, боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро мақомот дар ҳамдастӣ бо ширкати “Водии заррин” чунон ободу зебо карданд, ки ягон вақт ба чунин сурат набуд. Кӯчаҳои марказӣ, пайроҳаҳо ҳама мумфаршу сафолакпӯш. Мо солиён орзу мепарвардем, ки соҳиби майдони Нишон ва Парчами давлатӣ бошем. Соли гузашта бо қудуми мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин орзуямон расидем. Ҳоло аз назди ин рамзҳои давлатӣ бо ифтихор қадам мезанем ва дар гулгаштҳо фароғат дорем. Таърихи ноҳия аз солҳои 20-уми асри гузашта ибтидо мегирад, аммо мо осорхона надоштем. Дар рӯзҳои наздик корҳои сохтусози он сар мешавад. Хуллас, шукри оромию осудагии мамлакат, ки дар ноҳияи мо корҳои ободонӣ, амалҳои воқеан ҳам таърихӣ зиёд татбиқ мегарданд.
 
Маҳмадшариф Маҳмадраҷабзода, варзишгар, сокини деҳоти Панҷ:
- Ба шарофати таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва кӯшишҳои наҷибонаи ноҳиядорон, ҳоло дар аксар кӯчаю деҳаҳо иншооти варзишӣ сохта шуда истодаанд. Дар ноҳияи мо 51 деҳа аст. Дар чор соли охир, 15 майдончаи варзиш, 4 майдончаи бозии кӯдакон, 3 толори варзиш сохта шуд. Солҳои минбаъда дар 25 деҳаи дигар майдонча ва толорҳои варзиш бунёд мешаванд. Ба соҳаи футбол низ таваҷҷуҳ зиёд аст. Бо маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ дастаи “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун се сол пайиҳам дар лигаи якум бозии хуб нишон дода, шарафи ноҳияро баланд бардошт.  
 
Муҳаммадӣ Аҳёев, муовини сартабиби беморхонаи марказии ноҳия оид ба корҳои табобатӣ:
- Пешравиҳои соҳаи тандурустӣ зиёданд. Аз ҷумла, ба таъмири куллӣ фаро гирифтани шуъбаҳои касалиҳои сироятӣ ва ҷарроҳӣ, ошхона, ба истифода додани 16 нуқтаи ҳосилкунии оксигени табиӣ дар беморхонаи марказӣ, таъмини 16 оксигенератор, бунёди таваллудхона дар деҳот, воридсозии дастгоҳҳои муосири тиббии рентгени рақамӣ, дастгоҳи фаросадои “Доплер”, монитори муоинаи кори дил, мошини замонавии ёрии таъҷилӣ ва даҳҳо мисолҳои дигар. Ин ҳама пешравиҳо аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба амал омада, барои расондани хидмати босифати тиббӣ ба сокинон мусоидат мекунанд.   
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2022    №: 165    Мутолиа карданд: 1143
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед