logo

иҷтимоиёт

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ. МАРД НАМИРАД БА МАРГ...

Нусратулло Махсум яке аз нахустин поягузорони сохтори давлатдории навини миллии тоҷикон дар қарни ХХ аст, ки бо саъю талоши фидокоронаву меҳанпарастона орзуи деринтизори миллати тоҷикро дар ростои эҳёи давлати миллӣ бароварда кард. Ин  марди  бузург аз соли 1924 то соли 1933 нахустин сарвари ҷумҳуриҳои автономии шуравии сотсиалистӣ ва шуравии сотсиалистии Тоҷикистон (РАСС Тоҷикистон ва РСС Тоҷикистон) дар ҳайати ИҶШС буд.
 
Нусратулло Махсум дар таърихи 1 июли соли 1881 дар яке аз гӯшаҳои дурдасти аморати Бухоро, ки деҳаи Чашмаи Қозӣ ном дошту дар қаламрави  бекигарии Қаротегин (ноҳияи Рашти кунунӣ) ҷойгир буд, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Камбизоатӣ ва шароити мушкили оилавӣ Нусратуллои ҷавонро маҷбур кард, ки барои таъминоти рӯзгор ба шаҳри Қӯқанди водии Фарғона сафар карда, дар яке аз корхонаҳои пахта ҳаммолӣ кунад. 
Ӯ дар оғози солҳои 20 - уми қарни ХХ ҳамчун  инқилобчии фаъол аввалин гомҳои устувори хешро ба арсаи сиёсӣ ниҳода, баҳри барпо намудани сохтори навини давлатдории шуроӣ дар Бухорои Шарқӣ даст ба кор шуд. 
Аз аввалин рӯзҳои таъсиси РАСС Тоҷикистон ва, ҳатто, қабл аз он низ яке аз муҳимтарин ҳадафҳои Нусратулло Махсум он буд, ки кишвари тоҷиконро ба мақоми Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ расонад. Дар он замон бо назардошти шароити мавҷудаи таърихӣ то ин ҷойгоҳ расондани Тоҷикистон ҳадди аксари имконоти миллӣ маҳсуб мешуд. Барои расидан ба ин ҳадафи сиёсӣ  марди оянданигар дар ҳамоҳангӣ бо дигар нухбагони миллати мо – Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Файзулло Хоҷаев, Сайфулло Абдуллоев, Иброҳим Исмоилов, Саидаҳмад Анваров, Аҳмадбек Мавлонбеков ва дигарон заминаи табдили РАСС Тоҷикистонро ба РСС Тоҷикистон гузоштанд. Маҳз ҳамин хидмати Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони меҳанпарасти онҳо буд, ки баъди тақрибан 70 сол бо фароҳам омадани шароити мусоиди таърихӣ миллати тоҷик ба истиқлоли комили сиёсӣ муваффақ шуд ва Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти сиёсии комилҳуқуқи байналмилалӣ таъсис ёфт. 
Дар аввалин солҳои таъсиси Ҷумҳурии Автономии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (РАСС Тоҷикистон) вазъияти сиёсиву иқтисодии Осиёи Миёна, алалхусус қаламрави собиқи Бухорои Шарқӣ, хеле печида ва мураккаб буд. Қудратҳои минтақа ва ҷаҳон дар он замон бо истифода аз низоъҳо ва мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ин қаламрав неруҳои муайяни маҳаллӣ ва минтақавиро ҳамчун абзори ташаннуҷ ва нифоқангезӣ алайҳи сохторҳои тозатаъсиси давлатии ҷумҳуриҳои миллии Осиёи Миёна барангехта, аҳдофи манфиатҷӯёна ва тавтеаталабонаи худро дунбол мекарданд. 
Яке аз ин гуна омилҳо, ки мутаассифона, характери бисёр иртиҷоиву вопасгароёна дошт, ҳаракати босмачигарӣ буд. Ин ҳаракати сиёсӣ – низомӣ, аслан, се ҷиноҳ дошт.  Бахше аз босмачиён, ки онҳоро қадимиён мегуфтанд, дар андешаи барқарории давлатҳои пешина, аз ҷумла Аморати Бухорою хонигариҳои Хева ва Хуқанд буданд. Бахши дигарро ҷадидон мегуфтанд, ки дар заминаи Губернияи Туркистони Россияи подшоҳӣ давлати Туркистонро ташкил кардан мехостанд. Иддае дигар таҳти ҳимояти давлати Туркия ва ҳидояти фиристодагони онҳо, ки маъруфтаринашон Анвар-пошшо буд, амбитсияҳои ташкили хилофати исломии усмониро дар дил мепарвариданд. Чуноне ки мебинем, ҳар се ҷиноҳи ин ҳаракат аз бунёд бо манофеи миллати мо дар мухолифат қарор дошт. Аз ин буд, ки фарзандони огоҳи миллати тоҷик, бавижа Нусратулло Махсум, ба ҳайси раҳбари ҷумҳурии тозатаъсиси миллии тоҷик, дар он лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз ба таври ҷиддӣ ва бисёр қотеона алайҳи босмачигарӣ қад алам карда, барои хунсо кардани ин неруи вопасгаро муборизаи оштинопазир бурданд.   
Нусратулло Махсум дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар минтақаи Ғарм ва атрофи Душанбе мустақиман иштирок карда, барои аз миён бурдани ин ҷараёни иртиҷоӣ саҳми босазо гузоштааст.
Соли 1929 бо ибтикор ва талошҳои фидокоронаву  ҷуръатмандонаи ватандӯстони тоҷик Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин воқеаи таърихӣ дар ҳақиқат гардиши куллӣ ва бунёдиеро дар сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд оварда, заминаи устувори ба даст омадани истиқлолияти сиёсии давлати тоҷиконро дар оянда гузошт.
Нусратулло Махсум бо назардошти хидматҳои шоистае, ки дар ростои рушди Ҷумҳурии Автономии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ташаккули ниҳодҳои маъмуриву иҷтимоии он анҷом дод, ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон пешбарӣ ва интихоб гардид. 
Дар давраи сарварии Нусратулло Махсум ҷумҳурӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. Таҳти роҳбарии ӯ асосҳои  сохтори нави давлатдорӣ бунёд ёфтанд. Мардуми кишвар ба корҳои муҳими созандагӣ шуруъ карданд. Бунёди як қатор иншооти аҳамияти стратегидоштае, ки дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе сурат гирифт, мустақиман ба ташаббусу маҳорат ва санъати роҳбариву сиёсати давлатдории ӯ вобаста буд. Сохтмони фурудгоҳ, роҳи оҳан, муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва фарҳангӣ, бунёди аввалин хатҳои интиқоли об ва ғайра аз қабили чунин корҳои созандае буданд, ки асосу мабнои соҳаҳои  иқтисодиёту кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳангро дар ҷомеаи он рӯзи тоҷик  ба вуҷуд оварданд. 
Ӯ марде буд миллатдӯсту ватанпарвар, ки дар ҷодаи ташаккули тафаккури миллӣ худро муваззаф медонист ва дар ин росто худ намунаи ибрати дигарон буду бидуни ҳарос аз душманони миллати тоҷик ҷуръатмандона мубориза мебурд.  Маҳз дар иртибот ба ин шеваи кораш  буд, ки бадхоҳони миллат борони туҳматро ба сараш фурӯ рехтанд ва муғризона бо асноду далелҳои дурӯғин ӯро ба гирдоби бало афканданд. Дар иртибот ба ин бадхоҳиҳову иттиҳомот буд, ки Нусратулло Махсум 1 ноябри соли 1937 дар шаҳри Маскав ба қатл расонда шуд, аммо чандон дер напоид, ки парда аз рӯи дасисаҳои бадхоҳон фурӯ биафтад ва буҳтонҳои онҳо ошкор шаванд.
Дар таърихи 28 декабри соли 1957 раёсати ҳарбии Суди Олӣ қарори прокурори генералии ИҶШС - ро баррасӣ карда, ҳукми қаблиро нисбат ба  Нусратулло бекор кард. Бо қарори раёсати КМ ҲК Тоҷикистон аз 26 июни 1964 Нусратулло Махсум аз ҷиҳати  ҳизбӣ  сафед  шуд.
Нусратулло Махсум аз зумраи абармардони миллати мост, ки аз ӯ номи нек ба ёдгор мондааст ва он абадан дар хотираи миллати тоҷик зиндаю ҷовидон хоҳад монд. Аз ин буд, ки бо фармони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  27 июни соли 2006 Нусратулло Махсум ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гашт. 
 
Худододи ЗАЙНИДДИН, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2022    №: 165    Мутолиа карданд: 638
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед