logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИРО СУПУРДАНД

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатиро супурданд.
Қабл аз оғози маросим, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиронро ба муносибати Ҷашни миллии 31-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи солгарди ин иди фархунда бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардондани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо, нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар давлатдории миллии мо мебошад.
Бояд гуфт, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёту энергетика, сохтмон, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди сайёҳӣ, варзиш ва идома додани татбиқи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда корҳои зиёде ба анҷом расиданд.
Таъкид гардид, ки имсол дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад, зеро, бо вуҷуди таъсири манфии вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон ба иқтисоди миллии мо, соли ҷорӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум, аз ҷумла кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин, дигар ташкилоту муассисаҳо як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар амалӣ гардидани корҳои зикршуда ҳиссаи ҳар яки шумо дар ин толор нишастагон арзанда мебошад.
Гуфта шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат мардуми кишвар, аз ҷумла соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ, аҳли маориф, зиёиёну эҷодкорон, дар соҳаву бахшҳои худ софдилона заҳмат мекашанд ва ба хотири анҷом додани иқдомоти созанда ташаббусҳои ватандӯстона нишон медиҳанд. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати софдилона, хизмати содиқона ва фаъолияти созандаи ҳар шахсро ба таври шоиста қадр мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки ҳамаи мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем: ҳар як амали созандаи мо ва фаъолияти ободгаронаамон заминаи устувор барои зиндагии шоистаи насли имрӯз, ояндаи фарзандон ва наслҳои минбаъдаи халқамон мебошад. Яъне, аз корманди одӣ сар карда, то олимону зиёиён, мутахассисон ва ходимони сиёсӣ, бояд дар доираи донишу малака ва имконияту таҷрибаи худ барои рушди давлат, ободии Ватан ва осоишу оромии ҷомеа вазифаи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоянд.
Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсти тоҷик барои истиқболи сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 25 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гашт, ки дар натиҷа имрӯз симои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то дурдасттарин деҳоту маҳалҳои аҳолинишини он хеле обод ва дигаргун шуда, шароити зиндагии мардум нисбат ба солҳои пеш бамаротиб беҳтар гардидааст.
Ҳоло раванди ободониву созандагӣ ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон бомаром идома дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки то ин Ҷашни бузург боз ҳазорҳо иншооту биноҳо қомат афрохта, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун мешавад ва барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави кор фароҳам мегардад.
Сарвари давлат аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки онҳо ҳамчун шахсиятҳои ташаббускору пешсафи ҷомеа, бояд минбаъд низ саҳми ватандӯстонаи худро дар раванди ободонии Ватани азизамон ва боз ҳам пешрафта гардондани давлати соҳибистиқлоламон гузоранд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат, гурӯҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, аз ҷумла олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзон ва соҳибкорон, ки дар рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шуданд.
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, санъат, сохтмон, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат бештар аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзон ва соҳибкорон, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ – ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, унвонҳои фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2022, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022 ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 қадр шуданд.
Дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди  илму  фарҳанги  мамлакат,  ҳифзи  саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 25 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, як нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, ду нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 11 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, як нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 23 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 82 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали Шафқат, 2 нафар бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 7 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, 3 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2022, ду нафар бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, як нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва 8 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.
Ҳамчунин, тибқи қарори комиссияи дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022 шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 18 марти соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳавасманд гардондани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгору олимони беҳтарин бо ин мукофот қадр шаванд.
Дар маросими мукофотсупорӣ, бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 14 нафар сарфароз шуд.
Дар анҷоми маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадр гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат равона месозанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №: 166    Мутолиа карданд: 1834
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед