logo

иқтисод

МАМНУЪГОҲИ «ДАШТИҶУМ». ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН?!

САФАР БА МАКОНИ БУЗҲОИ КӮҲӢ 
Тамошои Даштиҷумро дер боз интизор будем. Махсусан, дар ин гармии тобистон лаҳзае фориғ аз ташвиши рӯзгор роҳ ба сӯйи Даштиҷум, яъне ҷамъи даштҳо, ки ҳавои салқин ва саросар сарсабзу обшоранд, ҳаловатбахш аст. Корвони мошинҳо, аниқтараш ду автобуси замонавӣ чун ҳамеша аз назди бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зист – ташаббускори сафари навбатии мо, журналистони эколог, ба роҳ баромад. Шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ҳамоно хушсифату тамошобоб аст. Ҳарчанд борҳо аз ин шоҳроҳ гузаре доштем, табиати зебои диёр дилкашу ҳар нафари дӯстдори табиатро боз ҳам мафтуну ошиқ месозад. Ин эҳсоси гувороро дар чеҳраи ҳар кадом аз 30 нафар ҳамсафарон, бараъло мушоҳида намудам. Ҳар яке аз бун-ёди иншооти навсохти замони истиқлол ва ҳифзу нигоҳдории ёдгорию захираҳои табиии кишвар,  аз ҷумла роҳу нақбҳои осонгузар, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ёдгории таърихии «Ҳулбук»-у оромгоҳи Хоҷа Шақиқи Балхӣ ҳарф мезаданд. 
Чун ба Данғара наздик омадем, ҳама ба тамошои даштҳои паҳновару гандумзор пардохтанд. Саидаҳмад Файзуллоев, мутахассиси муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумита, аз рушди ҳамаҷонибаи ин ҷойҳо нақл карда, бо боварӣ аз ояндаи дурахшон ва саҳми назаррас дар пешрафти соҳаи саноату кишоварзӣ ҳарф мезад. Ҳамин ки ба ноҳияи Восеъ ворид гаштем, номбурда бо ишора ба қисмати ҷануби ноҳия нишон дода. корвони мошинҳо на бо самти шоҳроҳ, балки ба тарафи ҷануб ишоранамудаи Саидаҳмад ҳаракат кард
- Ин ҷо деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аст, - бо хушнудӣ изҳор дошт ӯ, баъди чанд муддати роҳ рафтани корвон.
Барои  аксари  рӯзноманигорон ташриф овардан ба деҳоти Саричашма бори  нахуст буд. Фикр намекардем, ки деҳоти ҳамагӣ 34 километр дур аз роҳи асосӣ то ин андоза мушкилгузару таъмирталаб бошад. Роҳи сангзору нишебдор, ҷо - ҷо хонаю деворҳои ҳанӯз аз гилу санг бунёдшуда ва баъзе харобгашта гӯиё замони пешро мемонд, барои бисёриҳо ғайричашмдошт буд.
Саидаҳмад чунин вазъи деҳотро ба чанд омилҳо, аз ҷумла минтақаи ба офатҳои табиӣ осебпазир  будани он рабт дод, ки дар натиҷа бисёр харобиҳо овард.
 
«ДАШТИҶУМ» - КАЛОНТАРИН ПОПУЛЯТСИЯИ ОЛАМИ НАБОТОТУ  ҲАЙВОНОТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Инак, мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» - ягона мамнуъгоҳ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки то имрӯз намудҳои нодири олами набототу ҳайвонотро дар худ нигоҳ доштааст. Мамнуъгоҳ аз қисми шимол ба ҷануб дар соҳили рости дарёи Панҷ ва аз тарафи рости соҳил дар баландии аз 700 то 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Аз роҳе, ки ин ҷо мегузарад, баъзе қитъаҳои он ба чашм намоёнанд. Аз ҷумла, дар баландии то 800 метр минтақаи рустаниҳои дар зимистону баҳор афзоишёбанда дида мешуданд. Дар поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Вахш ва Панҷ дарахтони туранга,  санҷид ва найшакар васеъ доман паҳн кардаанд, ки тамошои онҳо оромбахш аст. Дар водиҳои наздикӯҳӣ бошад, писта, бодом, дӯлона, шулаш, заранг, челон, себ, бушол, зардолу ва дигар навъи меваҳо фаровон ба назар мерасанд. Писта нав пухтааст, ки аз он чида тановул кардан, лаззати дигар дорад.
Чун ба баландиҳо баромадем, минтақаи арчазорҳо, ҷангалзорҳо ва дарахтони паҳнбарг гӯиё ба пешвоз омаданд, тамошои онҳо басо ҳаловат мебахшад. Маҳз аз ҳамин ҳудуд, аниқтараш аз кӯҳи Ҳазрати Шоҳ Мамнуъгоҳ ба ду қисм ҷудо мешавад: Қизилсу ва Помири Ғарбӣ, ки иқлими ин минтақаҳо гарм буда, нисбатан намнок ва зимистони нарму тобистони хушку гарм дорад. Маҳз чунин шароити мусоиди иқлим имконият дод, ки аксари ҳайвонот ин ҷойро манзили зисти худ интихоб намоянд. 
Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист оғози фаъолияти мамнуъгоҳро ба соли 1983 рабт медиҳанд. Он ҳамчун муассисаи мустақил дар масоҳати19 ҳазору 700 гектар замини як қисм майдонҳои ҷангалпарварии Шуроободи собиқ ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Москва, ки ба филиали дар шаҳри Кӯлоб будаи Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон тааллуқ дошт, бо қарори Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Масоҳати қариб 20 ҳазор гектар майдони кам набуда, маҳз дар ҳамин ҷо олами ҳайвоноти нодир, ба монанди бузи кӯҳии пармашох - «Морхур», гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал), бабри  барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, силовсини туркистонӣ, мурғи даштӣ, ҷайра, кабк ва амсоли инҳо сукунат доранд. 
Баҳодур Икромов, директори Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум», изҳор дошт, ки дар Мамнуъгоҳ 18 намуди ҳайвон, аз қабили паранда 6 намуд, ширхӯрон 10, мор 1 ва аз олами набототи нодир 39 намуд ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Мақсад аз таъсисёбии Мамнуъгоҳ низ дар ҳамин аст, яъне нигоҳубин ва муҳофизати ҳайвонҳои нодир, хусусан бузи пармашох, ки дар Осиёи Марказӣ калонтарин популятсияи он танҳо дар ҳудуди Мамнуъгоҳи мазкур боқӣ мондааст. Инчунин, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) ва бабри барфӣ дар табиати Мамнуъгоҳ дар маҷмуъ экосистемаи хоси минтақаро ташкил медиҳанд. 
 
САРШУМОРИ БУЗИ ПАРМАШОХ  БА 811 САР РАСИДААСТ, АММО…
Ҳайвони нодир, ки дар табиат умр ба сар мебарад, одатан аз одамон дурӣ меҷӯяд. Маҳз ҳамин сабаб шуд, ки ҳайати рӯзноманигорон бузи пармашохро дида натавонистанд.
- Агар хоҳед бузи пармашохро бо чашми сар бубинед, субҳи барвақт, аниқтараш соати 4 ба Мамнуъгоҳ меравем, Чун дар ин вақт ҳайвони нодир аз баландиҳо ба поёноби дарёҳо мефарояд. Ва, боз дар назар бояд дошт, ки бузи пармашохро танҳо аз дур тариқи дурбин дидан имконпазир аст, - изҳор намуданд масъулони Кумита.
Тибқи маълумоти онҳо, дар ҳудуди «Даштиҷум» айни замон шумораи бузи пармашох 811 ва дар ҷумҳурӣ беш аз 1000 сарро ташкил дода, дар ҷаҳон теъдоди ин ҳайвони камёфт ба 5000 сар расидааст.
Маҳмадшоҳ Қодиров, собиқадори Мамнуъгоҳи «Даштиҷум», аз фаъолияти худ чунин ёд овард, ки бузи пармашох дар табиат чанд марҳилаи осебпазирро аз сар гузаронд. Аз ҷумла, дар солҳои 90-ум он мисли гавазни бухороӣ, ки бо мақсади афзоиши саршумор аз «Бешаи палангон» ва ҳозира резервати биосферии «Ромит» оварда буданд, рӯ ба нестӣ ниҳод. Бо гузашти вақт, ҳайвони нодири морхӯр Мамнуъгоҳро ҷойи зист интихоб кард, шумораи он зиёд шудан гирифт ва ба 811 расид. 
Албатта, шумораи бузи пармашох, тавре гуфтем, дар қиёс ба солҳои пешӣ ба маротиб зиёд шудааст. Аммо, бо вуҷуди ин, нишондоди болозикр ҳанӯз наметавонад қонеъкунанда бошад, зеро экосистемаи табиии Мамнуъгоҳ дорои иқтидори нигоҳдории аз ин бештари олами набототу ҳайвонот аст. Ин ҷо омилҳои гуногуни таъсиррасон хавфи камшавии онҳоро ба миён меоваранд. Дар мисоли соли 2010 гуфтан мумкин аст, ки бо сабаби авҷи бемории илтиҳоби шуш беш аз 70 сар ҳайвони нодири морхӯр фавтид. Ё ин ки хушксолии чанд соли охир ба афзоиши бисёр намуди дарахтону буттаҳои ҳамзамон хӯроки ҳайвонҳо буда, таъсири манфӣ мерасонад. Дар маҷмуъ, масъалаи афзоиш бахшидани саршумори ҳайвони нодир дар баробари ҳифз ва риояи реҷаи Мамнуъгоҳ, гузарондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, хусусан санҷиши усулҳои илман асоснокшудаи баҳисобгирии олами ҳайвонотро талаб менамояд.  
 
АЗ ДАСТГИРИИ ҶАМЪИЯТҲОИ  ШИКОР ТО РУШДИ ЭКОТУРИЗМ
Мутахассисон бар онанд, ки татбиқи Барномаи рушди Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» барои солҳои 2021-2025 мушкилкушои бисёр масъалаҳои ҳалталаби соҳа хоҳад буд. Махсусан, барои рушди сайёҳии экологӣ дар ин мавзеъ, ки худ дорои иқтидори васеи сайёҳӣ мебошад, имконият фароҳам меоварад.  
Нуралӣ Саидов, муовини директори  Мамнуъгоҳ, мегӯяд, ки истифодаи Мамнуъгоҳ қатъиян манъ буда, танҳо дар ҳудудҳои он метавон хатсайрҳои сайёҳӣ – экологӣ ҷорӣ намуд. Алҳол дар Мамнуъгоҳ ягон хатсайри сайёҳӣ мавҷуд нест. Кумита тасмим гирифтааст, ки дар наздиктарин фурсат мавзеъҳои сайёҳии Мамнуъгоҳро муайян намуда, дар он барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ хатсайрҳои туризми экологӣ бо маркази тайёр намудани армуғонҳо ба роҳ монад. Ин имконият медиҳад, ки Мамнуъгоҳи табиӣ бо дороии бузурги захираҳои табиӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад. 
Воқеан, дар ин ҷо танҳо кушодани нуқтаи сайёҳии тамошои олами аҷоиби ҳайвонот басанда нест. То пурра фаъол гардидани системаи худидоракунии Мамнуъгоҳ, пеш аз ҳама, мукаммал сохтани ҳолати моддию техникии он зарур мебошад. 
Чунин дарёфтем, ки ба Мамнуъгоҳи табиӣ танҳо ҶДММ «Морхӯр» ёрии моддию техникӣ мерасонад. Аз ин рӯ, баробари ҷамъияти мазкур дигар ҷамъиятҳои шикорӣ дар ҳудуди Мамнуъгоҳ бударо низ зарур аст, мувофиқи қонунгузорӣ ба «Даштиҷум» кумак расонанд. Аниқтараш, аз ҳисоби фоидаи шикор 20 дарсади маблағҳоро барои пешрафти Мамнуъгоҳ равона созанд. Яъне, ҳифзи захираҳои табиии кишвар, аз ҷумла олами набототу ҳайвонот, ки пайваста мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, бояд дастаҷамъона сурат гирад. Пардохти маблағҳо барои беҳдошти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва, ҳамчунин, беҳсозии шароити зисти аҳолии ҳудуди Мамнуъгоҳ мусоидат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, хуб мешуд, ки роҳи мошингарди деҳоти Саричашма, ки ҳамоно таъмирталаб аст, аз ҳисоби даромади ҷамъиятҳои шикори ин ҷо мумфарш карда шавад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар навбати худ барои расидан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муаррифию омӯзиши неъматҳои бебаҳои табиати кишвар, ба мисоли Мамнуъгоҳи номбурда, тадбирҳо андешида истодааст. Аз ҷумла, барои аз худ кардани хусусиятҳои биологию экологии бузи пармашохи морхӯр ба роҳ мондани омӯзиши густурдаи илмии онро бо ҷалби олимону  мутахассисони соҳа дар мадди аввал гузоштааст. 
Ташриф овардани ҳайати қаламбадастон низ, бешубҳа, дар роҳи муаррифии ин мавзеи нодири кишвар тадбирест ниҳоят дараҷа муҳим. Зеро, таассуроти рӯзноманигорон пас аз тамошои мавзеъ, ки солҳо дар борааш мехонданду акнун диданд, ҳақиқати “шунидан кай бувад монанди дидан”-ро собит намуд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2022    №: 166    Мутолиа карданд: 1166
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед