иқтисод
“ТУХМИПАРВАРӢ. КАНӢ ШУҲРАТИ ПЕШТАРАИ КОРХОНАИ ФАЙЗОБОД?”
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод мақолаи сокини ноҳия Ҳоким Сафарро, ки дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият” № 134 (24 493), 14 июли соли равон зери унвони “Тухмипарварӣ. Канӣ шуҳрати пештараи корхонаи Файзобод?” нашр гардидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Муаллиф дар мақола оид ба Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назиров (собиқ хоҷагии давлатии ба номи Ҳамза Ҳакимзода) навиштааст. Корхонаи мазкур соли 2009 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаи хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ ворид карда шуда буд. То ба шабакаи хоҷагиҳои тухмипарварии мамлакат ворид гардидани корхона, дар асоси қарори шурои коллективӣ соли 1998 бо фармони роҳбарияти хоҷагӣ 15 адад мошину механизмҳои он бо мақсади пардохти қарзи андозҳои хоҷагӣ ба коргаронаш тариқи музояда фурӯхта шудааст. Сипас, соли 2009 боз аз сабаби қарздор будан аз андоз 14 техникаву механизмҳои боқимондаи он ба тарзи музояда ба фурӯш меравад.
Тавре муаллиф дар мақолаи худ зикр намудааст, солҳои 2000-2010 заминҳои хоҷагӣ низ ба саҳомони хоҷагӣ ба иҷораи дарозмуҳлат дода шуд, ки дар як қисмати заминҳои он хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфтаанд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, солҳои охир Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва маъмурияти корхона барои беҳтар намудани вазъи он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, ҷиҳати аз иҷоракорон баргардонда гирифтани заминҳои хоҷагӣ ва васеъгардонии майдони кишти картошка барои таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бо тухмии хушсифат ҳамасола чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар натиҷаи тадбирҳо ду соли ахир майдони кишти картошка дар заминҳои хоҷагии номбурда аз 60 гектар ба зиёда аз 100 гектар расонда шуд. Бовар аст,соли оянд ин миқдор боз бештар мешавад. Ҳоло вазъи молиявии Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назиров хеле беҳтар гардида, хоҷагӣ маблағи андозҳоро сари вақт пардохта, маъмурияти он соли равон дастрас намудани як қатор механизму мошинҳои кишоварзиро низ ба нақша гирифтааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар мақола оварда шуда ва боз ҳам беҳтар намудани вазъи молиявию ҳолати хоҷагидории корхона минбаъд низ чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Ҷ. АМОНАЛИЗОДА,
муовини якуми раиси ноҳияи Файзобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2022 №: 166 Мутолиа карданд: 934