logo

иқтисод

ФАРХОР. МАРДУМ ДАСТУ ДИЛИ ГАРМ ДОРАД ҲАҶМИ ГАРДИШИ САВДОИ ЧАКАНА 2 БАРОБАР АФЗУД

- Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия 103 фоиз иҷро шуда, ба ҷои 25050,9 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 25808,6 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 757,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.  Дар ин давра 128 субъекти андозсупоранда аз назорати камералӣ гузашта, ба маблағи 786,5 ҳазор сомонӣ маблағи андоз ошкор ва ба буҷети маҳаллӣ ворид гашт.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба 1 августи соли ҷорӣ ба ҷойи 57363,9 ҳазор сомонӣ 56011 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 97,6 фоизи нақша аст. Ҳаҷми гардиши савдои чакана дар соҳаҳои савдо 326292,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.
Хизматрасонии пулакӣ давоми соли равон 56840 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта ба 100,5 фоиз баробар аст, - иброз дошт Назирӣ Зариф, раиси ноҳияи Фархор.          
 
СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
Дар қайди нозироти андози ноҳия 7372 субъекти андозсупоранда ҳаст, аз ин 1225 нафар шахси ҳуқуқӣ, 4825 хоҷагии деҳқонӣ мебошанд ва аз инҳо 1014 субъект бо патент ва 308-то бо шаҳодатнома фаъолият доранд.
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз рӯи шартномаҳои иҷоравӣ аз 15 нафар соҳибкор 19410 сомонӣ ба буҷет ворид гардид. Дар ноҳия ҳашт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ фаъол буда, маблағи истифодашуда 5,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Саҳми соҳибкорон дар иҷрои нақшаҳои ҷашнӣ хеле назаррас мебошад. 
 
САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА РӮ БА РУШД ДОРАНД
Соҳаи саноат дар ноҳия ба фишанги тавонои истеҳсолӣ мубаддал мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба 94553,1 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 126% аст. Кормандони 26 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 4 корхонаи коркарди пахта, 5 коргоҳи хурди нассоҷӣ, 2 коргоҳи  хурди  коркарди  шир, коргоҳи  хурди  консервбарорӣ, корхонаи хурди нону қаннодӣ, 4 корхонаи дӯзандагӣ, 3 корхонаи истеҳсоли блоки сементӣ, корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 2 фермаи мурғпарварӣ, 3 корхонаи оби нӯшокӣ ва обёрӣ ҷаҳд доранд, ки нақшаҳояшонро дар солҳои омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯз ба рӯз афзунтар намоянд.  
Шабакаи барқи ноҳияи Фархор фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба роҳ мондааст. Зеристгоҳи 110/35/6кВ ва ду зеристгоҳи 35/10кВ аҳолӣ ва корхонаҳои саноатиро бо барқ таъмин мекунанд. Муҳандисон ва мутахассисони шабакаи барқ хизматрасонии 324 ТП, КТП-ҳо, 212 зеристгоҳи хусусӣ, 446,13 км ХИБ-6-10кВ ва 960,45 км ХИБ-0,4кВ-ро ба ҷо оварда, дар таъмини муттасили барқ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 
 
СОХТМОНИ БИНОҲО ДАР АСОСИ МЕЪМОРИИ МИЛЛӢ АВҶ МЕГИРАД
Дар ҳафт моҳ ба соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор 31900,6 ҳазор сомонӣ равона шудааст. Корҳои сохтмону васлгарӣ дар ҳаҷми 29010,9 ҳазор сомонӣ ба иҷро расиданд. Ҳаҷми корҳои пудратӣ ба воситаи корхонаҳои сохтмонии ноҳия 32784  ҳазор сомониро ташкил дод. 
Нишондоди ба кор даровардани фондҳои асосӣ 50206,8 ҳазор  сомонӣ шуд. Аҳолӣ 13886  метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,6%-ро ташкил медиҳад. 
 
ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ КИШТИ ТАКРОРӢ НАҚШИ МУҲИМ МЕБОЗАД 
Оқилона ва бо дастуру пешниҳодҳои олимон корбарӣ боиси он гашт, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ давоми ҳафт моҳ ба 625825,7 ҳазор сомонӣ расад, ки 110,6%-и нақшаро ташкил медиҳад. Дурнамои кишт 100,8% анҷом ёфта, 28442,6  гектарро ташкил кард. Майдони ғалладона ба 12964 гектар баробар гашт, ки аз он 11133 гектар гандум, 667 гектар ҷав, 230 гектар шолӣ, 565 гектар лӯбиёиҳо ва 369 гектар ҷуворимакка барои дон мебошад. Ҳамчунин, дар майдони 9650,2 гектар пахта, 615,5 гектар картошка, 831 гектар полизӣ, 1253 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва 1979,6 гектар сабзавот кишт шуд ва ҳосили фаровон ба даст омад.  Масалан, 55404,6 тонна сабзавот рӯёнданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7839 тонна зиёд аст. 
Ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ дурнамои кишти так-рории зироатҳои кишоварзӣ  9729,2 гектарро дар бар гирифт, ки баробар ба 99,8%-и нақша мебошад. Рӯзҳои наздик иҷрои нақша барзиёд таъмин мегардад. Як сабаби афзудани ҳосилнокии зироатҳо  тоза кардани 26 км заҳкашу заҳбурҳо ва 47 км шабакаҳои обрасонӣ мебошад.
Заминҳои бекорхобидаи мавзеи Кокул 1400 гектар буда, 100 гектараш ба гардиши кишоварзӣ ворид гашт ва давоми соли равон мақсад доранд, ки боз 700 гектари дигарро обёрӣ намуда, кишти зироатҳои техникӣ гузаронанд. Имсол дар биржаҳои ҷаҳонӣ нархи пахта хеле боло рафт. Аз ин рӯ, заркорони Фархор ният доранд, ки ҳосилнокии ҳар гектари ин зироатро то ба 35-40-сентнерӣ расонанд. 
Чорводорон низ 3051 тонна гӯшт, 10128,7 тонна шир, 23 тонна моҳӣ ва 2862,7 ҳазор дона тухм истеҳсол намуданд. Ширдӯшӣ аз ҳар сар модагов боло рафт. Шумори чорвои калону хурд, асп, заргӯш, паранда, оилаи занбӯри асал афзуд. Аз ин рӯ, нишондиҳандаҳо низ қаноатбахшанд. 
 
ОЗМУНҲО ВА КАШФИ ИСТЕЪДОДҲО
Дар даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” нафарони зиёде иштирок намуда, ба  даври вилоятӣ 101 нафар роҳхат гирифт.
Дар олимпиадаҳои фаннии вилоятӣ 615 нафар ширкат варзида, 15 нафар ҷойи якум, 14 нафар ҷойи дуюм, 11 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд. 4 хонандаи фаъ-оли ноҳия ба даври ниҳоии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, яке сазовори зинаи дуюм ва 3 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Озмунҳо бисёр истеъдодҳоро кашф карданд ва хатмкунандагон акнун медонанд, ки ояндаи худро бо кадом донишгоҳҳо бипайванданд. 
 
ДАР САМТИ ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ  35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, то соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ сохтмону навсозии 400 бинову иншоот, аз ҷумла соли ҷорӣ 80, соли оянда 75, соли 2024-ум 81, соли 2025-ум 59 ва соли ҷашнӣ 106-то дар нақша аст, ки аз ин шумора 41-то ба шаҳраки Фархор, 38-то ба деҳоти Фархор, 43-то ба деҳоти Ватан, 44-то ба деҳоти Хуросон, 45-то ба деҳоти Зафар, 43-то ба деҳоти Деҳқонобод, 40-то ба деҳоти Гулшан, 21-то ба деҳоти Дарқад, 52-то ба деҳоти Истиқлол ва 34-то ба деҳоти Хутан рост меояд. Тазаккур бояд дод, ки аз 400 иншооти ҷашнӣ 24-тоаш саноатӣ мебошад. 
Аз шумораи умумии иншооти саноатӣ 6-тоаш бояд  соли равон ба истифода дода шавад. Аллакай, корхонаи дӯзандагии “Алӣ Тиҷорат”,  коргоҳи дӯзандагӣ ва истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2022    №: 167    Мутолиа карданд: 1008
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед