logo

иҷтимоиёт

ТИБ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР РУШДИ СОҲАИ ҶОМЕАСОЗ

Сатторхон Субҳонов табиб аст, номзади илмҳоии тиб, дотсент. Инсонест, ки тамоми  фаъолияти   меҳнатии хешро  баҳри  рушду  нумӯи  илми тиб ва  тайёр  намудани  мутахассисони   баландихтисос бахшидааст.
 
Ӯ соли 1970 ба факултаи стоматологии Донишкадаи тиббии шаҳри Одесса ба номи Пирогов Н.И.  дохил шуда, пас аз хатми он  солҳои 1975 - 1978 ҳамчун табиб-стоматологи шуъбаи ҷарроҳии стоматологии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №1 (ҳоло БКШ №5) ва аз соли 1978 дар вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳии стоматологии он фаъолият намудааст. 
Аз 2-юми октябри соли 1978 то соли 1980 дар ординатураи клиникӣ дар кафедраи стоматологияи ҷарроҳии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил намудааст. Солҳои 1980 – 1983 дар вазифаи ассистенти кафедраи стоматологияи ҷарроҳии таълимгоҳ ва солҳои 1983 – 1986 аз рӯи ихтисоси стоматологияи ҷарроҳӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии стоматологии ИҶШС кори илмиашро ба анҷом расондааст.
Солҳои 1986 – 1989 ҳамчун ассистенти кафедраи ҷарроҳии стоматология ва солҳои 1989 – 1992 дар вазифаи ассистенти кафедраи навтаъсиси стоматологияи кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва солҳои 1992 – 1997 дар вазифаи дотсенти кафедраи мазкур   ва аз сентябри соли 1997 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи стоматологияи кӯдакона фаъолият намудааст.
Солҳои 2005 – 2009 дар вазифаи декани факултети стоматологии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, солҳои 2009 – 2015 дар вазифаи директори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ солҳои 2015 – 2018 дар вазифаи декани факултети стоматологӣ, солҳои 2018 – 2019 дар вазифаи сардори бахши сифати таҳсилот ва рушди омӯзгор,  солҳои 2019 – 2021 дар вазифаи мутахассиси Маркази таҳсилоти баъдидипломии ин Донишгоҳ фаъолият намудааст. 
Ҳангоми фаъолият дар нақшаҳои нави таълимии соли солҳои 2009 – 2018 тағйирот ворид намуда, дар муассисаи илмӣ ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардид. Мазмуну мундариҷаи фаъолияти бахшҳои он ба талаботи воқеии илм ва ақоиди асосии рушди тандурустии мамлакат мувофиқу созгор шуданд.
Соли 2019 бо унвони профессори фахрии ДДТТ сазовор гардидааст. Бо ташаббуси ӯ дар назди шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи кӯдакон ва наврасони Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон диспансеризатсияи беморони дорои роғи модарзодии рӯй ва ком ташкил шудааст.
Мавсуф дар анҷуману конфронсҳои байналмиллалӣ оид ба таҳсилоти олии тиббӣ дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Каунас, Остона, Франкфурти лаби Майн ва ғайра иштирок дошт.
Дар ташкили Марказ (1994 – 1995)  ва минбаъд аз моҳи майи соли 1995 ҳамчун шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯи кӯдакон ва наврасон дар БКҶ ба номи А.М. Дяков (ҳоло Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият намудани он саҳми худро гузоштааст. Бо назардошти масъалаи кадрӣ дар соҳаи стоматологияи ҷарроҳӣ, таҳти роҳбарии ӯ 16 мутахассис тавассути ординатураи клиникӣ ва магистратура тайёр шуд, ки ҳоло аз онҳо ду нафарашон мудирони шуъбаҳои ҷарроҳии ҷоғу рӯйи калонсолон  ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи кӯдакон ва наврасон мебошанд. Як нафар дар аспирантура (шаҳри Москва) ва дигарон дар кафедра ва шуъбаҳои номбурда фаъолият доранд.                       
Устод С. Субҳонов яке аз олимони машҳури соҳа ва мутахассиси ботаҷрибаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй мебошад. Саҳми ӯ  дар корҳои ташкилӣ ва гузарондани чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, конференсияҳо, мизҳои гирд, ки дар Донишгоҳ доир мегардиданд, назаррас мебошад. Ба қалами ӯ зиёда аз 180 таълифоти илмӣ, як дастури таълимӣ, 6 тавсияи методӣ ва 22 пешниҳоди навоварӣ ва як ихтироот тааллуқ доранд. Таҳти роҳбарии ӯ чор нафар рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст.
С. Субҳонов барои хизматҳои арзанда ва назаррас дар рушди ин соҳа соли 2005-ум бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо медали ҷашнии 1025-солагии Абуалӣ ибни Сино сарфароз шудааст.    
             
М. ҚОСИМОВ, директори Пажӯҳишгоҳи 
илмию клиникии стоматология 
ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2022    №: 167    Мутолиа карданд: 673
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед