маориф
МАОРИФ. ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ САМАРИ БЕШТАР МЕХОҲАНД
Самаранокии ислоҳоти соҳаи маориф ба афзоиши маблағгузории он вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, маблағгузории онро сол ба сол зиёд менамояд. Таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ далели он аст, ки ҷумҳурии мо барои ояндаи рӯшану шукуфои халқ, бавижа ҷавонону наврасон, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.
Барои беҳтар ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои муҳими давлатӣ қабул шудаанд, ки рушди минбаъдаи ин соҳаро таъмин менамоянд. Мувофиқи “Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” аксарияти муассисаҳои таълимӣ бо техникаи ҳозиразамони компютерӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Муносибат ба илм дар кишвар дар муддати кӯтоҳ тағйир ёфт ва ҷавонон ба илм бештар рӯ оварданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими илму маориф дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (1998) ва як қатор созишномаҳо, аз қабили “Оид ба ҳамкории илмию техникии ҳайати иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, “Дар бораи робитаи бевоситаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкории илмию техникӣ”, “Оид ба якҷоя истифодабарии объектҳои илмию техникӣ” аз тарафи иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ва ғайраро, ба тасвиб расонд. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои мазкур омили пешрафти соҳаи илм дар кишвар гардид. Солҳои охир фаъолияти аспирантура ва докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хеле боло рафт. Инчунин, Сарвари давлатамон рушди соҳаи маорифро кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат дониста, соли 2010-ро – Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намуданд. Он боиси рушди соҳаи маориф, пешрафти кори таълиму тарбия ва баланд шудани донишу малакаи хонандагон гардид. Дар ҷаҳони муосир мамлакатҳое ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, техникаю технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамоянд. Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳони муосир ба шумор рафта, барномаҳои таълимии худро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ менамояд.
Барои ба танзим даровардани таҳсилоти олии касбӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олӣ ва баъди хатми мактаби олӣ» нақши муҳим бозид. Шумораи мактабҳои олӣ низ сол ба сол зиёд мешавад. Агар соли 1991 шумораи муассисаҳои олӣ ба 13 адад расад, пас соли 1999 ин нишондиҳанда ба 28 адад расид. Соли хониши 1991 – 1992-ум 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекард ва ин шумора дар соли 2019 ба 38 адад расид, ки аз ин миқдор 14 донишгоҳ, 15 донишкада, 3 филиали муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти қудратӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Пешвои миллат соҳаи маорифро «Омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат» унвон кардаанд ва мо, аҳли маорифи кишвар дар такя ба ин эътимоду эътиқоди Роҳбари давлат соҳаи мактабу маорифро бояд ба меҳвари фаъолияти ҳамарӯзаи хеш табдил диҳем.
Баҳодур НАҶМИДДИНОВ, корманди сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.2022 №: 167 Мутолиа карданд: 2339