сиёсат
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ИСТИҚЛОЛ ВА ТАШАККУЛИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКАИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо вуҷуди мушкилоти бартарафнашудаи оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ дар кишвар, ҳанӯз аз соли 2005 тавонист ба эҳёи иншооти аср ва дар ҷаҳон беназир – НБО «Роғун» комёб шавад, эшонро бунёдгузори гидроэнергетикаи навини Тоҷикистон номидан дуруст аст. Сарвари давлат дар роҳи амалӣ намудани ин тарҳи азими миллӣ бо тамоми ҳастӣ ҷаҳду талошҳои зиёд намуда, сохтмони онро, пеш аз ҳама, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монданд. Дар ин муддат қариб 20 маротиба аз "Кохи нур" боздид намуда, онро ҳаёту мамоти Тоҷикистон ном мебаранд. Гузашта аз ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар зарфи сию як соли истиқлолият дар соҳаи энергетика ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, ба туфайли ин аҳолӣ ва ҳам корхонаҳои саноатиро аз вазъи норасоии неруи барқ наҷот бахшиданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат тавонистанд, ки бунёди Неругоҳи “Роғун”- ро ба ғояи миллии бунёдкории тоҷикон мубаддал гардонанд.
Паҳлуи дигари рушди энергетика дар кишвар ин истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ барои устувории иқтисоди миллист. Сарвари давлат дар замони кунунӣ ба чунин хулоса омаданд, ки манбаъҳои об на танҳо неъмати табиӣ, балки маҳаки асосии рушди устуворро ташкил медиҳанд. Ҳоло Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин иншооти аср буда, рушди иқтисодиёти мамлакат аз он вобастагии ногусастанӣ дорад. Пиёда намудани ин тарҳи азим Тоҷикистонро на танҳо ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонад, балки баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва пешрафти гидроэнергетика заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳанӯз дар замони худ академик Ферсман гуфта буд: “Агар минтақаи Осиёи Миёнаро дар маҷмуъ, нигарем, сарвати асосии баъзе кишварҳои он на замин, балки об маҳсуб меёбад”.
Андешаи мазкурро агар аз лиҳози ҷуғрофӣ мантиқан таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар маҷмуъ, кишварҳои Осиёи Миёна системаҳои экологии ягонаанд. Чунки тамоми кишварҳои минтақа аз оби дарёҳои Ому, Сир ва Вахш, ки аз кӯҳҳо ба водиҳо ҷорӣ мешаванд, обёрӣ мегарданд. Инчунин, дар шароити ҳозира, захираҳои об ва тақсимоти одилонаи он муҳимтарин омили таҳкимбахши истиқрори сулҳу амонӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
14 июли соли ҷорӣ зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода хабар дод: "Бисёре аз шарикони рушди Ҳукумати кишвар ба иҷрои минбаъдаи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи "Роғун" таваҷҷуҳ зоҳир намуда истодаанд... Вобаста ба ин намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Шэнни Кэмпбелл баён дошт: “Дар робита ба Неругоҳи “Роғун”, сармоягузорон мехоҳанд тарҳи иншоотро омӯхта, онро маблағгузорӣ намоянд." Ҳамзамон, хабаргузории Reuters бо истинод ба мақомҳои расмӣ иттилоъ дод, ки ҳоло Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, бузургтарин маблағгузори Неругоҳи "Роғун" бошад. Яъне, Ҳукумати кишвар дар заминаи чунин муколамаҳои судманд бо кишварҳои дӯсту ҳамкор кӯшиш намуда истодааст, ки амалишавии ин тарҳи бузурги гидроэнергетикиро ҳарчи тезтар ба итмом расонда, истиқлолияти комили энергетикии мамлакатро таъмин намояд, зеро ин Неругоҳ яке аз манбаъҳои асосии истиқлолияти энергетикист.
Дар ҳақиқат, боигарии асосӣ ва аввалиндараҷаи Тоҷикистон об маҳсуб ёфта, дар роҳи истифодаи он бояд диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Тавре Сарвари давлат таъкид менамоянд: «То ҳол неруҳои гуногун нақшаи ноором кардани минтақаро доранд, аммо онҳо то ба ҳол ба ин муваффақ нашудаанд». Воқеан, Пешвои миллат мардуми Тоҷикистонро ба роҳи созандагию бунёдкорӣ ва баҳра бурдан аз неъматҳои беназири Ватан, ки яке аз онҳо об аст, раҳнамоӣ дорад. Ҳоло Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳу тараққиёти хоси худро дошта, дар ин бахш сиёсати хирадмандонаеро пеш гирифтааст.
Ҳасан АСОЕВ, коршиноси соҳаи экология
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.08.2022 №: 168 Мутолиа карданд: 936