logo

иқтисод

МУШКИЛИ СИФАТ ДАР ЛИБОСИ МАКТАБӢ. РОҲИ ҲАЛ КАДОМ АСТ?

Чун солҳои қаблӣ, бо фаро расидани соли хониш бозори либоси мактабӣ тафсидааст. Бо истифода аз ин фурсат, бархе аз тоҷирону соҳибкорон ба истеҳсолу фурӯши маҳсулоти пастсифат даст мезананд. Агарчи он арзону фаровон дар  шаҳру навоҳӣ пешниҳод мешавад, вале аз он ки ҷавобгӯи талабот нест, бозоргир буда наметавонад. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, танҳо тайи шашмоҳаи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1,4 миллион дона либоси мактабӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба талаботи солона  2,2 миллион хонандаи мактаб миқдори кам нест. Аммо бо вуҷуди ин, волидони муҳассилини муассисаҳои таълимӣ аз маҳсулоти воридотӣ мехаранд. Роҳи ҳал кадом аст?  
Суҳроб Ашурзода, сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии «Тоҷикстандарт» изҳор дошт, ки ҳанӯз ҳам сифати либосҳои мактабӣ беҳбудӣ мехоҳад. 
- Яке аз сабабҳои асосии паст будани  сифати  либоси мактабӣ    ин чигунагии нахи матоъ мебошад. Имрӯз чун солҳои пешин роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои хусусӣ барои тавлидоти моли ватанӣ аз ҳар гуна матои аз хориҷи кишвар воридшуда истифода мебаранд, ки давоми чанд соли корфармоӣ маълум гашт, ки  аз ҳар гуна нахи сунъии таркибашон номаълум бофта шудааст. Яъне, матоъҳои хориҷӣ  бесифатанд.  Матои босифат бояд 35 дарсад аз нахи сунъӣ ва 65 дарсад  аз нахи табиӣ - пахта бофта шавад. Аз ин рӯ,  бо мақсади беҳтар намудани сифати дӯхти либосҳои мактабӣ дар корхонаҳои дӯзандагии моли ватанӣ Агентӣ якҷо бо вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳурӣ, рушди иқтисод ва савдо,  саноат ва технологияҳои нав стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи СТ ҶТ 1110-2018 «Либоси мактабӣ. Шартҳои техникӣ» роҳандозӣ намудааст.
Бо назардошти ин, барои  беҳтар кардани сифати моли тавлидоти ватанӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ омӯзишҳои назариявию таҷрибавӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста вусъат меёбанд. Аз ҷумла,  Агентӣ дар ҳамкорӣ бо  Иттифоқи бахши хусусии Тоҷикистон, масъулони коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ 3 март дар шаҳри Душанбе ва  17 март  дар шаҳри Бохтар мизҳои мудавварро дар мавзуи «Вазъи имрӯзаи муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ дар соҳаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ, ҷуроббофӣ ва дӯзандагии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд.  Ба иштирокчиён нусхаи стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1110 – 2018 «Либоси мактабӣ. Шартҳои техникӣ» пешниҳод  гардид. 
Дар бинои Агентии «Тоҷикстандарт» низ 26 апрели соли равон бо иштироки васеи масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, маорифи шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳа семинари омӯзишӣ оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли мол сурат  гирифта,  ба иштирокчиён нусхаи стандарти мазкур ва регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон» дастрас шуд, - гуфт номбурда. 
Масъалаи сифати маҳсулоти мактабӣ ҳамчунин, мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ қарор гирифтааст. Моҳи январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, изҳор дошт, ки барои истеҳсоли босифати либоси мактабӣ ҳанӯз бисёр омилҳо таъсиргузоранд. Муҳим аст, ки ашёи хом, аниқтараш маҳсулоти нимтайёр – матоъ, ришта ва тугмаю дигар маводи ороишӣ сифати хуб дошта бошанд. Мутаассифона, дар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ  таҷҳизоти муосири истеҳсоли тугма вуҷуд надорад. Бар замми ин, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани таҷҳизоти тавлидотӣ, ки аз хориҷа (барои дӯхтани шиму костюм) ворид мешаванд, ба раванди истеҳсолот ва иҷрои нақша таъсир мегузоранд.
Ба андешаи Суҳроб Ашурзода, низ барои бартарафсозии тавлидоти либосҳои бесифати мактабӣ истеҳсоли матоъҳои костюмворӣ, астарворӣ ва куртаворӣ  дар дохили кишвар амри зарурист.  
 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2022    №: 168    Мутолиа карданд: 1186
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед