иҷтимоиёт
ҶАШНИ ОЛИШОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК
«Ҳар яки мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолу озодиро ба ҷо оварем, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва тамоми саъю кӯшиши худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон равона созем».
Эмомалӣ РАҲМОН
Солҳои истиқлолият мо зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бисёр ҳадафҳои худ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодию иҷтимоӣ, маориф, илму фарҳанг расидем.
Истиқлоли давлатӣ рамзи гӯёи озодии миллати тоҷик ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз аст. Ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони мухторият масъулияти дучандро аз ҳар фарди ватандӯст тақозо дорад. Мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон содиқонаву софдилона бо гузарондани дарсҳои тарбиявӣ дар дилу дидаи шогирдон меҳри марзу бум, ин сарзамини озод-ро ҷо намоем ва онҳоро талқин созем, ки ба қадри истиқлол, неъмати хуши зиндагӣ бирасанд.
Хушбахтона, Истиқлоли давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо меваи дӯстӣ, ҳамбастагӣ, якдилию ваҳдатро ба бор овардааст. Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро давлатҳои ба сулҳ ниёзманд меомӯзанд. Ин боиси ифтихору сарбаландии ҳар тоҷики бедордил аст.
Мо, омӯзгорони мактаб, бояд Ватани азизи худро самимона дӯст дорем, пайи ободию озодии он талош варзем, баҳри тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳимояи озодию истиқлоли Ватани хеш ҳамеша омода бошем. Шукри Истиқлол мекунем! Суханҳои ҳакимонае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои парафшонии Парчами давлатӣ гуфтанд, аз хотир нахоҳанд рафт: «Миллате, ки Парчамаш дар фазои озод ҷилвагар аст, безавол мебошад». Беҳтар аз ин чӣ навъ метавон хулоса кард.
Рухшона МАҲМУРОДОВА,
директори Гимназияи иқтисодии
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.08.2022 №: 168 Мутолиа карданд: 586