иқтисод
ДӮСТӢ. ВАҚТЕ МАРДУМ БОВАР ДОРАД...
– Сокинони сарбаланди ноҳияи Дӯстӣ дар таъмини рифоҳи зиндагӣ дар Тоҷикистони азиз нақши муассир дошта, саҳми онҳо дар фаъолияти созанда ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ назаррас аст. Ҳар як дастовард, навгонӣ ва пешравие, ки дар ноҳия ба вуқуъ мепайвандад, пеш аз ҳама, аз натиҷаи ғамхориҳои Пешвои маҳбуби мо, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, – иброз дошт Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ. – Сарвари халқпарвари мо ба ҳар як соҳа, ба хотири рушду пешравии ҷомеа ва роҳату осуда будани зиндагии мардум, таваҷҷуҳ зоҳир месозанд. Натиҷаи ин ҳама корбариҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст, ки ноҳияи мо, бахусус дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон, хеле рушд кардааст.
Дар ин росто, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар зарфи ҳафт моҳи соли 2022 низ, хушбахтона, қобили назаранд. Чунончи, нақшаи даромади буҷет бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,3 дарсад иҷро гардида, ба хазина 23 миллиону 996 ҳазору 676 сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 80 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар ноҳия ҳафт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар амал аст, маблағи азхудшуда 3,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки рушди соҳаҳои буҷетӣ умдатан ба ҳамин гуна ёриҳои молиявию иқтисодӣ, меъморию сохтмонӣ ва таъминотии Ҳукумати мамлакат марбут аст.
КИШОВАРЗӢ РӮ БА РУШД ДОРАД
Тибқи маълумоти раёсати кишоварзии ноҳия, аз аввали мавсим 5 ҳазору 687 тонна картошка, 55 ҳазору 109 тонна сабзавот, 50 ҳазору 679 тонна полизӣ, 1 ҳазору 732 тонна мева, 337 тонна ангур истеҳсол шудааст, ки ин ҳадди ниҳоӣ набуда, ҳосилғундорӣ идома дорад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба ҳолати январ-июни соли 2022-юм 525,2 миллион сомониро ташкил дод, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 105,6 дарсад ба ҳисоб меравад. Яъне, афзоиш ба маблағи 27,6 миллион сомонӣ таъмин гардид. Аз ҷумла, дар соҳаи рустанипарварӣ 104,30 дарсад (427 миллиону 172,3 ҳазор сомонӣ), чорводорӣ 100 дарсад (98 миллиону 53,2 ҳазор сомонӣ) ва моҳипарварӣ 111,4 дарсад (2 миллиону 292 ҳазор сомонӣ).
Натиҷаи сари вақт ва барзиёд таъмин шудани дурнамост, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба таври қонеъкунанда иҷро гардид. Мушаххасан, нақшаи содирот 4 ҳазор тонна буд, дар ҳаҷми 4 ҳазору 439,2 тонна (111 дарсад) иҷро шуд. Аз ноҳия ба хориҷа сабзавот, пиёз, лаблабуи сурх, сабзӣ, карам, олу ва зардолу содирот гардид.
Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар 358 гектар кӯлу ҳавзҳо ба 22 адад расид. Азбаски аз моҳӣ ғизоҳои гуногуни парҳезӣ омода месозанд, солҳои охир масъалаи афзун кардани истеҳсоли моҳӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар ноҳияи Дӯстӣ 124 тонна моҳии хушсифат истеҳсол шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузошта 13 тонна бештар аст.
СОҲАИ САНОАТ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ ба 44,2 миллион сомонӣ баробар гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тадбирандешӣ дар ин самт ҷараён дошта, бовар ҳаст, ки саноатчиён баъд аз ба истифода додани корхонаю коргоҳҳои нав, ки дар нақшаи бунёдкориҳо ба шарафи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ба фатҳи зинаҳои боз ҳам баланди муваффақият комёб мешаванд.
Воқеан, ба истиқболи ҷашни барои миллати тоҷик муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 181 иншооти гуногунтаъинот дар нақша аст. Тули ҳафт моҳи соли ҷорӣ 43-тоаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки мутааллиқ ба ин соҳаҳоянд: тандурустӣ (4 адад), маориф (6 адад), саноат (4 адад), роҳсозӣ (6 километр), сохтмон ва таъмири пулҳо (6 адад), сардхона, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн (1-тоӣ) ва хатти оби нӯшоӣ (1 километр).
- Боиси ифтихор аст, ки бо мақсади ошно шудан бо фаъолияти созандаи сокинон 16 июни соли ҷорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварда, баҳри равнақи тоза пайдо кардани ободкориҳо дастуру супоришҳои муфид доданд. Сокинону соҳибкорон аз файзи қудуми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми нав гирифтанд. Биноан, шубҳае нест, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Дӯстӣ 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ - санаи барои тоҷикистониён фархундаро бо дастовезҳои арзанда ва нав ба нави меҳнатӣ истиқбол мегиранд, – иброз дошт Даврон Нишонзода.
МАРДУМ ДАСТУ ДИЛИ ГАРМ ДОРАД
Мирзосафар Сафарзода, собиқадори меҳнат, раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Дӯстӣ:
– Ҳар як навгонӣ ва пешравие, ки дар ноҳияи Дӯстӣ ва умуман, дар Тоҷикистон ба вуқуъ мепайванданд, ба исми шарифи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робита доранд. Агар соҳаи кишоварзиро мисол оварем, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо сабаби кашмакашиҳо заминҳо то як муддат бекор буданд. Маблағ намерасид. Дар деҳкадаҳо ҷойи кор набуд. Пас аз он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии фаъолияти иқтисодию иҷтимоии хешро муайян кард, дар асоси барномаҳои давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи кишоварзӣ замин соҳиби воқеии худро ёфт. Мардум аз фикри нон ба фикри бунёдкорӣ гузаштанд. Дар мавзеи Ғароутӣ қариб 9 ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун шуда буд. Бо пешкории Сарвари ғамхори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии молиявии шарикони рушд 49 пойгоҳи обкашии корношояму фарсуда иваз шуд. Ҳоло пойгоҳҳои пуриқтидор дар панҷ зина обро аз дарёи Вахш ба боло мекашанд. Мардуми аз беобӣ тарки Ғароутӣ карда буданд. Баъд аз пурра обёрӣ шудани заминҳои ташналаб сокинон ба манзилҳояшон баргашта, бо дасту дили гарм он мазраъҳоро сабзу хуррам карда истодаанд.
Саймухтор Зоиров, зиёӣ, сокини деҳоти Ҷиликӯл:
– Истиқлолият дастоварди беназири миллати тоҷик мебошад. Ба ин шубҳае нест! Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин интихоби вакилони Шурои Олии Тоҷикистон буд. Баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо дахолати аҷнабиҳою намакношиносҳо дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар шуд. Лекин Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ва азхудгузаштанҳои каммисл зуд ба ин алангаи кинатӯзиҳо оби сард пошида, тавонистанд сулҳро мустақар созанд. Ин марди соҳибфутувват дар ҳақиқат Асосгузори давлати навини тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Дар баробари истиқлол, барои мо Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон низ азизи дил ба шумор мераванд. Зеро, ба замми сулҳ овардан, то имрӯз Тоҷикистонро аз масири муваффақиятҳо пеш бурда истодаанд.
Маҳз ҳамин музаффариятҳои замони Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, то ноҳияи Дӯстӣ низ ба дараҷаи шинохтанашаванда рушд кунад. Солҳои охир ҳашт корхонаи коркарди пахта, шағал, истеҳсоли равған, собун сохта ба истифода дода шуд, ба миқдори зиёд ҷойҳои нави кор фароҳам омаданд. Дар зарфи даҳ соли охир қариб ҳамаи ташкилоту муассисаҳо бо биноҳои зебои маъмурӣ ва шароити хуби кор таъмин шуданд, ки ба ин биноҳои раёсатҳои молия, ҳифзи муҳити зист, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шуғли аҳолӣ, нозироти андоз ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мисол шуда метавонанд.
Қасри ҷавонон, варзишгоҳи марказӣ бо ғунҷоиши 3 ҳазор тамошогар, шаш варзишгоҳи хурди замонавӣ эъмор шуда, роҳҳои марказии ноҳия, ки ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуданд, бо фармоиши Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мумфарш шуданд.
Ҳамаи ин комёбиҳо ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, роҳбарияти вилояти Хатлон, ноҳияи Дӯстӣ, соҳибкорони ватандӯст ва масъулиятшиносии сокинон ба даст омадаанд. Мо – шаҳрвандонро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат аз таҳти дил меҳнат карда, саҳми назарраси худро дар пешрафту шукуфоии бештари Ватани азизамон гузорем ва дар ин баробар фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми заҳмати дигарон ва майли том ба донишу касбомӯзӣ тарбия намоем.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.08.2022 №: 168 Мутолиа карданд: 1046