logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

 
КОРРУПСИЯ
50000 сомонӣ барои 0,04 гектар қитъаи замин
 
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Шамсулло Нозимов, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан, ба суд ирсол шудааст. 
 
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, номбурда бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои ҷудо намуда додани 0,04 гектар қитъаи замин 50000 сомонӣ талаб намудааст. Шамсулло Нозимов аз ин мабалағ қаблан 20000 сомониашро гирифта, ҳангоми гирифтани 30000 сомонии дигар дастгир шуд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) мавриди тафтиш қарор гирифтааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то дуҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ менамояд.
 
 
ҚАЛЛОБӢ 
Ду “иҷорашин” хонаҳои мардумро фурӯхтаанд
 
Кормандони мақомоти милитсия ду бонуеро ба гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ боздоштанд, ки хонаҳои дар шаҳри Душанбе иҷорагирифтаашонро бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фурӯхтаанд. 
 
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз онҳо занҳои 32 ва 28 сола ном мебарад, ки дар ду маврид даст ба чунин амал задаанд. Аз ҷумла, гумонбарон хонаи истиқоматии марбут ба марди 35-сола, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанберо ба иҷора гирифта, дар ҳамдастӣ бо марди 72-сола 220 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд. Дар мавриди дуюм як хонаи дигарро дар кӯчаи Соҳилии пойтахт ғайриқонунӣ ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд, ки ҳоло оид ба ҳар ду ҳолат тафтишот идома дорад. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2022    №: 168    Мутолиа карданд: 2339
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед