иқтисод
ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН. АЗ НАЗДИК БИНЕД, НА АЗ ДУР БИГӮЕД!
Коршиносони иқтисодии хориҷӣ дар баъзе мавридҳо дастовардҳои кишвари моро дар ҷодаи истеҳсолот ба инобат нагирифта, онро ҳамчун мамлакати, асосан, истеъмолкунанда медонанд. Вале омори бахши истеҳсолот, хусусан солҳои охир, дар пайи иқдомҳои саноатикунонӣ, нишон медиҳад, ки дар иқтисоди ҷумҳурӣ истеҳсолот ҷойгоҳи махсус касб дорад. Ҳисоботи шашмоҳаи вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дақиқ сохт, ки рушди саноати ҷумҳурӣ дар муқоиса бо давлатҳои дигари ИДМ пеш гузаштааст.
Мусаллам аст, ки танҳо мамлакати рӯ ба тавлидот метавонад пешрафтаву обод ва мардумаш осудаву дорои зиндагии арзанда бошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти масъала ҳанӯз аз рӯзҳои аввали муътадилшавии вазъи иқтисодии кишвар ба ин самт таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ҳамин аст, ки бо қабули чанд барномаи соҳавӣ, роҳандозии тадобири мушаххас, ислоҳот ва ҳавасмандсозии соҳибкорони маҳаллию хориҷӣ тавассути муҳайё кардани шароиту имтиёзҳо ҳоло Тоҷикистон қадам ба қадам пеш меравад. Имрӯзҳо, аллакай, маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла либосу хӯрока, сементу дигар маҳсулот бозори ҷаҳониро тасхир карда истодаанд.
Яъне, аз кишвари мо акнун ба хориҷи дур сабзавоту меваҷот, молҳои тайёри сарулибос, маҳ-сулоти консервагӣ, рангҳои гуногуни сохтмонӣ, пӯшиданиҳои варзишӣ, нӯшобаҳои рангин бо навиштаҷоти “Истеҳсоли Тоҷикистон” содирот мешаванд. Аз ҷумла, дар корхонаҳои нави истеҳсолии шаҳру навоҳии вилояти Суғд тавлиди бозичаҳои бачагона, мебелҳои гуногун, дару тирезаҳои пластикӣ, велосипед, автобусу трактор истеҳсол мегарданд.
Гузашта аз ин, иқдомҳои навбатии саноатикунонии босуръат ва Солҳои рушди саноат (2022 - 2026) шароит фароҳам меоваранд, ки дар ин ҷода иқтидорҳои мавҷуда боз ҳам ҷоннок гардонда шаванд. Масалан, дар вилояти Суғд тавлиди қариб ҳамаи маводи ниёзи мардум роҳандозӣ шуда, ин раванд дар ҳолати боз ҳам, вусъат гирифтан аст. Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Исфара, Бӯстону Гулистон ва навоҳии Ҷаббор Расулову Спитамен низ, истеҳсоли маҳсулоти зарурии бозоргир барои Аврупо ба роҳ монда шавад.
Дар ҷараёни сафари навбатии корӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд боз дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истаравшан, Ҷаббор Расулову Конибодом корхонаву коргоҳҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки, асосан, ба содирот нигаронда шудаанд.
Тибқи маълумоти расмии раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд, давоми моҳҳои январ - июни соли 2022 гардиши савдои хориҷии вилоят 1 миллиарду 416,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,2 дарсад ва ё 391,3 миллион доллар зиёд мебошад. Ҳоло вилояти Суғд бо 53 мамлакат муносибати савдои хориҷӣ дорад. Ин теъдод рӯ ба афзоиш мебошад.
Дур нест он рӯз, ки воқеан ҳам, Тоҷикистон ба як давлати рушдёфтаи истеҳсолӣ мубаддал мегардад. Вақте аз гӯшаю канори мамлакат бо чашми сар дидан мекунед, шоҳиди ин ҳама авҷи истеҳсолу созандагиҳо мешавед ва боваратон ба рушди саноати Тоҷикистон дучанд меафзояд. Он гоҳ ба суоли мо чӣ истеҳсол мекунем, посухи рӯшан худ пайдо мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.08.2022 №: 168 Мутолиа карданд: 1014