сиёсат
САРВАРИ ДАВЛАТ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИРО БА ИСТИФОДА ДОДАНД
31-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Муассисаи таълимӣ, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе бунёд гардид, барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ҶДММ “Саидиён ЛТД” дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби хоси меъморӣ ба анҷом расонданд.
Бинои асосӣ сеошёна буда, дорои 30 синфхона ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ, бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ муҷаҳҳазанд. Чор синфхонаи ҳунаромӯзии муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ барои соҳибкасб гардидани духтарону писарон мусоидат мекунад.
Дар боргоҳи илму маърифат 73 омӯзгор ба тадрису тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим ба воситаи 90 камераи мушоҳидавӣ, ки дар синфхонаҳо васлу насб шудааст, назорат мешавад.
Мактаб, ҳамчунин, дорои ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ бо 160 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 280 ҷойи нишаст ва иншооти ёрирасон мебошад.
Толори варзиш бо фарогирии 200 ҷойи нишаст, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳайати омӯзгоронро ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҳидоят карданд.
Таъкид гардид, ки ба истифода додани Муассисаи таълимии дорои шароиту имконоти муосири таҳсилот ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат намуда, ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнӣ ва навоварии насли наврас замина мегузорад.
Дар ҳудуди МТМУ рақами 12, ки 1,12 гектарро ташкил медиҳад, дар фазои кушод майдончаи варзиш сохта шудааст. Он барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, дорои шароити мусоиди машқу тамрин мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бинои қаблии МТМУ №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳолати ногувор қарор дошт ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд, аз ин рӯ, бинои нав эъмор гардид. Бо бунёди он мушкилоти чандинсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва набудани шароити мусоиди таълим ҳалли худро ёфт. Акнун, хонандагон метавонанд, дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба омӯзиши илму дониш машғул шаванд.
Соли равон мактаби мазкурро 60 нафар хатм намудааст. Аз шумораи хатмкардагон 56 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва мамлакатҳои хориҷӣ дохил шуданд, ки ин нишондод дар қиёс бо дигар муассисаҳои таълимӣ хуб арзёбӣ мегардад.
Иштироки хонандагони Муассисаи таълимӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ низ назаррас аст. Соли равон ҳафт нафар хонанда дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ сазовори ҷойҳои намоён шуд.
Солҳои минбаъд низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар пойтахт сохтмони мактабҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар аст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
31-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансурро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти тозабунёд барои 1280 хонанда дар ду баст дар доираи чорабиниҳои идона ба муносибати Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои бунёдкоронаву созандаи шаҳрдории пойтахти мамлакат, дар остонаи оғози соли нави таҳсил, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои ошноӣ бо шароити таҳсил дар муассиса, масъулони бахши маориф ва ҳайати омӯзгоронро бобати истифодаи имкониятҳои фароҳамовардашуда ба хотири илмомӯзии муҳассилин вазифадор карданд.
Бинои таълимии мазкур аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 31 синфхонаи барҳаво мебошад. Синфхонаҳои таълими меҳнату мусиқӣ, забонҳои хориҷӣ, компютерӣ, биология, омодагии дифои ҳарбӣ, лингафонӣ ва озмоишгоҳҳои химияву физика, асоси бинои нави таълимиро ташкил дода, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти муосири таълимӣ таъминанд.
Дар бино, инчунин, толори варзиш бо 200 ҷойи нишаст ва беҳтарин шароити машқу тамрин, маҷлисгоҳи барҳавою замонавӣ барои 390 нафар, ошхона бо 220 ҷойи нишаст, китобхонаи мактабӣ бо фонди китоби зиёда аз чору ним ҳазор адабиёти бадеӣ ва китобхонаи электронии пайваст бо шабакаи ҷаҳонии интернет бунёд ёфтаанд.
Иншоот бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бо тарҳу шакли муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои нави таълимӣ сохта шуд.
Фармоишгари бинои иловагии таълимӣ Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосӣ”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва паймонкор ҶДММ “Мир-Соз” буда, ҳангоми сохтмон беш аз 300 нафар бо кор таъмин буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз муассиса, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоиста дорад ва аз насли наврас танҳо тақозо мегардад, ки аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода бурда, баҳри шукуфоии бештари Ватани азиз талош варзанд.
Бояд гуфт, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансур соли 1975 бунёд гардида, дар он ҳудуди 4 ҳазор хонанда таҳсил мекунад. Масъалаи норасоии ҷойи нишаст ба мушоҳида мерасид.
Дар натиҷаи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди ба истифода додани бинои иловагии таълимӣ ин мушкилоти сокинони атроф роҳи ҳалли худро пайдо кард ва дар ин даргоҳ шароити мусоиди донишомӯзӣ барои хонандагон фароҳам омад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.08.2022 №: 169 Мутолиа карданд: 815