сиёсат
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ДДТТ
1-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз бинои марказии даҳошёна бо ду бинои чорошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурият ва таълими донишҷӯён пешбинӣ мешавад. Бино аз 62 синфхонаи таълимии барҳаво ҳар яке аз 20 то 30 ҷойи нишаст, толори компютерӣ бо 80 ҷойи нишаст, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ бо 500 ҷойи нишаст, 2 маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ барои омӯзиши нозукиҳои илми тиб иборат мебошад.
Дар бинои маъмурӣ ва таълимӣ маҷлисгоҳ бо 1 ҳазору 600 ҷойи нишаст сохта шуд, ки масоҳаташ 7 ҳазору 437 метри мураббаъро дар бар мегирад. Он бо санъати гаҷкорӣ ва нақшу нигори миллӣ ороиш ёфта, барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои илмию сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангию фароғатӣ мувофиқ аст. Масоҳати толори хониши электронӣ 291 метри мураббаъ буда, дорои 80 ҷойи нишаст мебошад, ки барои донишҷӯён ҷиҳати аз бар намудани илму дониши муосири тиббӣ мусоид мебошад. Дар ошёнаҳои аз якум то сеюм ҳуҷраҳои маъмурӣ, аз ҷумла раёсати рушди кадрӣ, маркази технологияи иттилоотӣ, маркази омӯзиши симулиятсионӣ ва факултетҳо, ҷойгир буда, мизу курсӣ ва дигар шароити муосири корӣ муҳайёанд. Дар ошёнаҳои аз 4-ум то 9-ум 6 кафедра ҷойгир аст, ки аз синфхонаҳои кушоду барҳаво ва озмоишгоҳи замонавӣ иборат мебошанд. Кафедраи биохимия (ошёнаи 4-ум) дорои шароити муосири гузарондани озмоишҳои кимиёвист.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар назди муассисаи таълимӣ Маркази омӯзиши симулятсионӣ таъсис ёфт. Он дар ошёнаи якуми бинои нав ҷойгир буда, бо муосиртарин дастгоҳҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз аст. Дастгоҳҳои мазкур барои баланд бардоштани малакаву маҳорати табибӣ истифода мегарданд. Марказ аз ҳафт ҳуҷраи махсусгардондашуда иборат буда, дар онҳо вобаста ба салоҳияти асосии табибон барои расондани ёрии таъҷилии тиббӣ ва кумаки аввалияи тиббӣ шароитҳои мусоид фароҳаманд. Инчунин, дар марказ мошини ёрии таъҷилӣ ҷой гирифтааст, ки аз тариқи он донишҷӯён ҳолати расондани кумаки аввалияи тиббиро меомӯзанд.
Дар баробари ин, дар ошёнаи якуми бино студияи таълимӣ таъсис ёфт, ки барои сабти маводи дарсии видеоӣ, видеолексияҳо, мустақиман баргузор намудани вохӯрӣ ва ҳамоишҳо тариқи фосилавӣ мусоид аст. Дар ошёнаи даҳум осорхона мавҷуд мебошад, ки дар он ёдгориҳои таърихӣ, аксу мусаввараҳо ва дигар маводи вобаста ба таърихи ДДТТ нигоҳ дошта мешаванд. Китобхонаи кушоду барҳавои Донишгоҳ дорои зиёда аз 690 ҳазор нусха адабиёти гуногуни илмиву дарсӣ буда, аз ин ганҷинаи бебаҳо донишҷӯён бо самар истифода хоҳанд бурд. Дар ҳудуди Маҷмааи таълимии шаҳраки Шифобахши Донишгоҳ бинои дуошёнаи ошхонаи замонавӣ бо 600 ҷойи нишаст барои донишҷӯён ва омӯзгорон сохта шуд, ки масоҳаташ 3 ҳазору 42 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино яке аз муассисаҳои бонуфузи олии таълимии мамлакат ба шумор рафта, дар самти омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ нақши муҳим дорад. Донишгоҳ аз рӯйи 5 ихтисос: “кори табобатӣ”, “педиатрия”, “ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа”, “духтури дандон” ва “фарматсия” мутахассис омода менамояд. Ҳамзамон, аз рӯйи чил ихтисоси таҳсилоти баъдидипломӣ – таҳсил дар интернатура, ординатураи клиникӣ, магистратура, аспирантура, докторантура ва таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст.
Донишгоҳ ҳаштоду се сол боз барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассис тайёр карда, пойгоҳи асосии таълимӣ, илмию методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Донишгоҳ 1 академик, 4 узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, 85 доктори илм ва профессор, 254 номзади илму дотсент ва 406 муаллими калон ва ассистентон фаъолият доранд. Муассиса тайи солҳои фаъолияташ зиёда аз 46 ҳазор табиб тайёр кардааст, ки аз он 1 ҳазору 500 нафараш шаҳрвандони хориҷӣ аз 36 давлати дунё мебошанд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар ин муддат зиёда аз 46 ҳазор табибу фарматсевти баландихтисосро тайёр кардааст, ки 63 дарсадаш ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд. Инчунин, Донишгоҳи тиббӣ 1 ҳазору 634 нафар кадрҳои илмиро барои соҳаи тиб омода кардааст, ки аз онҳо 228 нафар доктори илм ва 1 ҳазору 406 нафар номзади илм мебошанд. Ин нишондод аз фаъолияти пурсамари Донишгоҳ шаҳодат медиҳад.
Соли таҳсили 2022 шумораи донишҷӯёни ин боргоҳи бузурги илму дониш 13 ҳазору 504 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамасола шумора ва географияи шаҳрвандони хориҷии хоҳиши дар Донишгоҳи мазкур таҳсилкунанда афзуда, соли таҳсили 2021 – 2022 он қариб ба ду ҳазор нафар (аз 20 давлати дунё) расид. Ҳамзамон, имсол 1 ҳазору 874 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ тайёр шуд, ки аз онҳо 1 ҳазору 518 нафараш шаҳрвандони мамлакат ва 356 нафари дигараш аз нуҳ давлати ҷаҳон мебошанд. Аз шумораи умумии хатмкардагони ватанӣ, 380 нафар дар бахши буҷетӣ, 254 нафар аз тариқи Квотаи президентӣ ва 884 нафар бо тариқи шартномавӣ таҳсил намуданд.
Тайи панҷ соли охир аз тарафи раёсати Донишгоҳ бо зиёда аз 150 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Алъон Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Молдова, Чин, Туркия, Италия, Австрия, Олмон, Швейтсария, Канада, Литва, Эстония ва Корея муносибатҳои зич дорад.
Давоми даҳ соли охир ба Донишгоҳ 1 ҳазору 445 нафар донишҷӯ тибқи Квотаи президентӣ қабул гашт. Дар сохтори муассиса, ҳамчунин, хадамоти ректор, 2 раёсат, 12 шуъба, 8 бахш, 15 марказ, 5 факултет, 59 кафедра, аз ҷумла 35 кафедраи клиникӣ, 16 кафедраи назариявӣ ва 8 кафедраи умумитаълимӣ, 20 шуро ва 27 озмоишгоҳи таълимию илмӣ бомуваффақият фаъолият доранд. Тайи даҳ соли охир 12 марказ, 5 шуъбаи алоҳида ва 4 озмоишгоҳ таъсис ёфтанд, ки самаранок гардидани раванди таҳсилот ва фаъолияти Донишгоҳро таъмин менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, таъкид карданд, ки бо истифода аз беҳтарин шароити дар ин боргоҳи бузурги таълимӣ фароҳамгардида, дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад, зеро ҷомеаи имрӯза ба кадрҳои соҳибтахассуси ин даргоҳ ниёз дорад.
Баъди маросими ифтитоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар ҳузури аҳли маорифи пойтахт ва донишҷӯён сухан ронданд.
Баъди суханронӣ як гурӯҳ донишҷӯёну устодони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ Нозия Аминбекзода, Тоҷиддин Раҳмон, Иззатулло Ҳомидзода, Розияи Ғаффор, Меҳрнигори Музаффар ва Рамазон Сафарзода баромад карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.09.2022 №: 170 Мутолиа карданд: 691