logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ МДТ “ЛИТСЕЙИ УМАРИ ХАЙЁМ”

 
 
31-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём” – ро мавриди истифода қарор доданд.
 
Даргоҳи нави маърифат дар кӯчаи Ҷаббор Расулов дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд ёфт.
Тибқи лоиҳа, Муассисаи нави таълимӣ барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҳашт бинои се ва чорошёнаи бо ҳам пайваст иборат мебошад. Литсей дорои 70 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ буда, бо ифтитоҳи он 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд, ки аз он 70 нафараш омӯзгор аст.
Таълимгоҳ озмоишгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои химия, биология, физика, компютерӣ, робототехника, мусиқию рассомӣ, китобхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон дошта, барои гузарондани таҷрибаҳои гуногун дар онҳо дастгоҳу аёниятҳои зарурӣ васлу насб шудаанд.
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040, дар таълимгоҳ имконоти фарох муҳайёст.
Лоиҳаи бинои Литсей аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” таҳия гардида, корҳои паймонкориро мутахассисону муҳандисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далер – 2000” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “СТС иншоот” дар муҳлати камтар аз як сол бо сифати баланд ба анҷом расонданд. Дар рафти сохтмон зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин буд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити муосири донишомӯзӣ дар Литсейи нав, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдомҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самти такмили инфрасохтори соҳаи маориф намуна арзёбӣ карданд.
Дар Муассиса тарбияи хонандагон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Синфхонаи компютерии Литсей бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, бо мақсади омӯзондани хуби он ба хонандагон дастгоҳу аёниятҳои зарурии таълимӣ муҳайё мебошанд.
Китобхонаи замонавии Литсей бо адабиёти дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, барои хонандагон толори алоҳидаи хониш ва китобхонаи электронӣ ташкил гардидааст, ки толибилмон метавонанд ба адабиёти ҷаҳонӣ ҳам дастрасӣ пайдо намоянд.
 Таълимгоҳ, ҳамчунин, дорои синфхонаҳои омодагии дифои ҳарбӣ ва омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, маҷлисгоҳ бо 240 ҷой, толори хурди маҷлис ва ошхона бо 300 ҷойи нишаст мебошад.
Дар Литсей бо мақсади омӯзиши касбу ҳунар синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат оид ба коркарди чӯб ва металл ташкил гардид.
Синфхонаҳои таълими меҳнати духтаронаю писаронаи даргоҳи маърифат дорои тамоми шароити зарурӣ барои омӯзиши касбҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сарулибоси миллӣ буда, хонандагон бо роҳнамоии омӯзгорони ботаҷриба, баробари омӯзиши фанҳои гуногун, касбу ҳунарҳои навро аз худ мекунанд.
Толори варзиши Литсей 130 ҷойи нишаст дошта, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ду майдончаи варзиши тобистона низ бунёд ёфтааст. Дар саҳни Литсей, ҳамзамон, роҳрав барои давидан ба масофаи 75 метр мавҷуд мебошад.
Тамоми биноҳои таълимгоҳ бо маркази гармидиҳӣ пайваст буда, гармии синфхонаҳо дар айёми сардиҳо таъмин мешавад.
Ба фаъолият оғоз кардани Литсейи мазкур дар шаҳри Душанбе идомаи мантиқии сиёсати муваффақи маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири таълиму тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ ба шумор меравад.
 
МАРОСИМИ ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ СОХТМОНИ БИНОИ ФИЛИАЛИ ДОНИШКАДАИ РУШДИ МЕНЕҶМЕНТИ СИНГАПУР 
 
31-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози сохтмони бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе асос гузоштанд.
 
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи тарҳи бунёди бинои филиали Донишкада шинос шуданд. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар асоси мулоқотҳои дуҷониба ва мувофиқаи тарафҳо бо мақсади ифтитоҳи филиали мазкур дар Тоҷикистон 30 июни соли 2020 Ёддошти тафоҳуми ҳамкории академӣ ба имзо расид.
Фаъолияти филиал дар шаҳри Душанбе тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъалаҳои таъсиси филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе” ба роҳ монда мешавад.
Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур соли 1956 таъсис ёфта, ҳамчун муассисаи ғайритиҷоратии таълимии пешсаф дар ин давлат, сеюмин филиали худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ менамояд. 
Бинои бунёдшавандаи филиали Донишкада дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ буда, бо тарҳу усули замонавӣ тарҳрезӣ гардидааст ва масоҳати умумии он беш аз 20 ҳазор метри мураббаъро бо назардошти бинои маъмурӣ, синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, лабораторияи компютериву киберамниятӣ, китобхона, бойгонӣ, ошхона, толори варзиш, толори вохӯрӣ ва иншоотҳои ёрирасон ташкил медиҳад.
Филиал имкон дорад 2500 донишҷӯйро барои таҳсил қабул намояд. Низоми таҳсили Донишкада барои хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола бидуни курсҳои омодагӣ ва барои хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 11-сола бошад, як соли курсҳои омодагӣ пешбинӣ мешавад. Муддати таҳсил дар зинаи бакалавриатура чор сол ва зинаи магистратура ду сол мебошад.
Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе аввалин намояндагии донишкадаҳои кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷавонон бояд аз ин дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат ва шаҳрдорӣ истифода бурда, ҳарчи бештар донишҳои муосирро аз худ намоянд.
Ҳадафи асосии таъсиси филиали мазкур, эҷоди фазои рақобати солим дар самти илму маориф бо ҷалби сармоя ва иқтидори зеҳнию касбӣ, тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар самти омода намудани кадрҳои барои иқтисодиёти Тоҷикистон зарур ва таъмини бозори меҳнати дохилии кишвар бо мутахассисони варзидаи соҳибкасб дар соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.
Тибқи созишнома байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур, таҳсил дар филиал бо забони англисӣ ва ба таври шартномавӣ ба роҳ монда мешавад. Раванди таҳсил ва фаъолияти методӣ, стандартҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимии филиали Донишкада мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо дар зинаҳои бакалавриатура ва магистратура дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми мамлакат амалӣ мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди бинои филиал, иттилоъ доданд, ки таҳсил дар таълимгоҳ аз рӯи самтҳои “менеҷменти саноатӣ”, “сайёҳии байналмилалӣ ва меҳмондорӣ”, “амнияти иттилоотӣ ва кибернетикӣ” бо омӯзиши ҳатмии забони тоҷикӣ, таърихи Тоҷикистон ва дигар ҷузъиётҳои миллӣ роҳандозӣ мегардад. Қабули довталабон ва аттестатсияи хатмкунандагон тибқи тартиб ва муҳлатҳои аз ҷониби Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур муқарраргардида, амалӣ мешавад.
Дар рафти муаррифии лоиҳаи намунавии бинову иншооти бунёдшаванда, Пешвои муаззами миллат диққати асосиро ба назорати корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои бехатарӣ дода, барои насли навраси кишвар, ки дар филиали Донишкада таҳсил хоҳанд кард, ташкили шароити сазоворро тавсия доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари оғози корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди бинои филиал, аз соли таҳсили нав, яъне аз моҳи сентябри соли равон, фаъолияти омӯзишии он оғоз гардида, аз рӯи тахассусҳои пешбининамуда мутахассисон омода мешаванд.
Ба ин мақсад, имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо президенти Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур доктор Эрик Куан дар ифтитоҳи расмии фаъолияти таҳсилотии филиал дар бинои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳозиринро ба муносибати ба фаъолият оғоз кардани филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур табрику таҳният гуфта, ин рӯйдоди муҳимро дар оғози соли нави хониш дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати табодули таҷрибаи илмию амалӣ муҳим арзёбӣ карданд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки низоми таҳсил ҳарчи бештар ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонда шавад. 
Раиси шаҳри Душанбе зимни суханронӣ самти тарбияи насли наврас, дастрасӣ ба дониши сатҳи хуб, омодаи кадрҳои ба талаботи имрӯзаи ҷаҳон ҷавобгӯ ва фароҳамоварии шароитҳои сазоворро ба таври возеҳу дақиқ зикр намуданд.  Рустами Эмомалӣ ба ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён дар оғози соли нави таҳсил ва ба фаъолият шуруъ кардани даргоҳи илм барору комёбиҳо хостанд.
Доктор Эрик Куан дар баромади худ ба Сарвари давлат ва роҳбарияти шаҳри Душанбе барои мусоидат ва ташкили фазои корӣ ва ба фаъолият оғоз бахшидани филиали ин муассисаи олии таълимӣ дар пойтахти зебоманзари тоҷикон миннатдорӣ баён дошт. Зикр шуд, ки фаъолияти филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ба таври пурсамар ба роҳ монда мешавад.
Зимни муаррифии имкониятҳо, фаъолияти бомуваффақияти филиал дар самти омода кардани кадрҳои баландихтисос таъкид гардид.
Бунёду ба истифода додани биноҳои типи нави муассисаҳои таълимӣ, ворид намудани технологияи муосир ва ба фаъолият оғоз кардани филиалҳои донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои дуру наздики ҷаҳон давоми солҳои охир имкон фароҳам овардааст, ки шаҳри Душанбе ба макони илму дониш ва рушди соҳаи маориф табдил ёбад. 
Сипас, дар маросими оғози фаъолияти филиали Донишкадаи менеҷменти Сингапур аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба доктор Эрик Куан калиди рамзӣ супурда шуд. Ҳамзамон, филиали Донишкада соҳиби сертификати рамзӣ гардид. 
Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат барои фароҳам овардани шароити замонавии таҳсил бо саъю кӯшишҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар он барои таҳсили ҷавонон беҳтарин шароит фароҳам омадааст. 
Ба фаъолият оғоз намудани филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар доираи ҳадафҳо ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои муосири таълим, мутобиқ шудани имконияти соҳаи маориф ба талаботи байналмилалӣ ва омода кардани кадрҳои лаёқатманд нақши муҳим хоҳад гузошт. 
Дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, таҳкими ҳамкорию ба фаъолият оғоз намудани филиалҳои муассисаҳои таълимии бонуфузи давлатҳои пешрафтаи дунё тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида мешаванд. 
Оғози фаъолияти филиали Донишкада дар шаҳри Душанбе шаҳодати сулҳу оромӣ, пешрафти ҷомеа, кӯшиши омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ, дастрасӣ ба барномаҳои таълимии байналмилалӣ ва дар маҷмуъ, пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар тавассути омодакунии кадрҳои соҳибтахассус маҳсуб меёбад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.09.2022    №: 170    Мутолиа карданд: 688
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед