logo

сиёсат

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ХУСУСИИ “МАКТАБИ МУОСИРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ”

 
1-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ”-ро ба истифода доданд.
 
Муассиса дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми шахси саховатпешаи ватанӣ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ барои 640 нафар хонанда дар як баст бунёд ёфтааст.
Сохтмони иншоот соли гузашта тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисону муҳандисони ватанӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид. Дар рафти сохтмон 250 нафар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин буд. 
Масоҳати Мактаб 1,4 гектарро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 3462 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Таълимгоҳ аз чор бинои чорошёна бо таҳхона иборат буда, дорои 52 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла химия, физика, математика, астрономия, табиатшиносӣ, биология, география, лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнати писаронаю духтарона, компютерӣ, толори мусиқиву хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон ва иншооти ёрирасон мебошад.
Омӯзгорону хонандагон барои кору таҳсил дар Мактаби муосири байналмилалӣ дар асоси озмун қабул мегарданд ва Муассиса мувофиқи барномаи таълимии мактаби Кембриҷи Британияи Кабир фаъолият менамояд.
Дар Мактаб барои таълиму тарбияи наврасон шароити заруриву мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ фароҳам оварда шуда, омӯзиш дар он ба забонҳои англисӣ ва русӣ сурат мегирад.  
Озмоишгоҳҳои фаннии мактаб бо асбобу аёниятҳои дарсӣ таъминанд ва хонандагон барои гузарондани таҷрибаҳои амалӣ аз онҳо босамар истифода мебаранд. Синфхонаҳо дорои тахтаҳои электронӣ мебошанд.
Бо ифтитоҳи ин даргоҳи маърифат дар шаҳри Душанбе 100 нафар, аз ҷумла 50 кас ба ҳайси омӯзгор, бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардид. 20 фоизи хонандагону омӯзгорони онро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Ошхонаи мактаб бо 300 ҷойи нишаст дар ошёнаи якуми бино қарор дорад. Биноҳои Муассиса ба системаи гармидиҳӣ ва огоҳкунанда аз сӯхтор  пайвастанд. 
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву оммавӣ, дар Мактаб маҷлисгоҳ бо 320 ҷойи нишаст  мавҷуд аст.
Ҳамчунин, баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш толори барҳавою муосири варзиш бунёд ёфт. Дар ҳудуди муассиса, ҳамзамон, ду майдонча барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол сохта шуд.
 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони саховатпешаи кишвар барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба омӯзгорону дигар масъулон ҷиҳати тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншинсоӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконоту шароити таълиму тарбияи хонандагон дар таълимгоҳи нав, ба сохтмони хобгоҳи Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” оғоз бахшиданд.
Хобгоҳ барои беш аз 270 нафар хонандагону омӯзгорон пешбинӣ гардида, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир бунёд хоҳад шуд. Иншоот шашошёна буда, масоҳаташ 0,28 гектарро ташкил медиҳад.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот, иттилоъ доданд, ки мувофиқи нақша хобгоҳ соли оянда сохта мешавад ва хонандагону омӯзгорони ин даргоҳи нави маърифат бо ҷойи хоб ва истироҳату фароғат таъмин мегарданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо бинокорону масъулон, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва истифодаи масолеҳи аълосифати ватанӣ дар ҷараёни бунёди иншоот ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2022    №: 171    Мутолиа карданд: 731
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед