фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙН – КРОСВОРДИ «АДАБӢ»
1 Асари Ҷ. Икромӣ. 2. Китоби Р. Ҷалил. 3. Гул ё номи занона. 4 Адиб … Ҳаким. 5. Асари Ҷ. Айтматов. 6. Як навъи санҷиш дар мактаб. 7. Синоними фахр. 8. Қишлоқ, деҳа… . 9. Жанри адабӣ. 10. Қаҳрамони «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ. 11. Асари Ф. Ниёзӣ 12. Корманди Академия. 13. Жанри журналистӣ. 14. Қаҳрамони «Гӯрғулӣ». 15. Синоними ғалаба. 16. Адиб Боқӣ … . 17. Синоними бузург. 18. Академик … Шакурӣ. 19. Оне, ки асар менависад. 20. Синоними қадрдон. 21. Истилоҳи забон. 22. Ноҳия дар Суғд. 23. Асбоби хона. 24. Муқобили «Арзон». 25. Синоними нам. 26. Яке аз барномаҳои Радиои «Ватан». 27. Адиб … Юсуфӣ. 28. Ҳодисаи табиат. 29. Китоби Муҳиддин Хоҷаев. 30. Адиб … Насрулло. 31. Шоир … Шералӣ. 32. Асбоби адиб. 33. Аъзои ҷумла. 34. Ячейкаи ҷамъиятӣ. 35. Ширинӣ. 36. Пайвандак. 37. Маҳсулоти гандумӣ. 38. Овозхони Ӯзбекистон … Абдуллоева. 39. Ҳақиқат, ошкоро. 40. Давлат дар Африқо. 41. Он чизе, ки дар ҳар хонадон ҳаст.
Таҳияи Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ, сокини ноҳияи Ашт
Ҷавоби муаммои «Давра» аз 26 августи соли 2022
1. Андалеб. 2. Бах. 3. «Ховар». 4. Рух. 5. Хурмо. 6. Офарин. 7. Нусрат. 8. Таблак. 9. Калон. 10. Нигина. 11. Ашқобод. 12. Дӯст. 13. Табошар. 14. Радио. 15. «Офтобниҳол». 16. Лоҳутӣ. 17. Иморат. 18. Тоқӣ. 19. Икс. 20. Суҳроб. 21. Баҳодур. 22. Рақам. 23. Мим. 24. Мамлакат. 25. Туқсабо. 26. Офтоб. 27. «Баҳористон». 28. Набот. 29. Тавба.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
МАСЛИҲАТИ ХОНУМИ МИЛЛИАРДДОР: “БА ФАРЗАНДОН КУМАК НАКУНЕД!!!”
Ба Опра Уинфри яке аз мизбонони ток-шоуҳои машҳури ҷаҳон вақте суол карданд: «Дар ҳоле ки шумо миллиарддоред, фарзандони худро чӣ гуна тарбият мекунед?». Ӯ ҷавоби ҳайратангез дод:
– Ба хидматгорон иҷоза нест, то ба ҳуҷраҳои фарзандонам ворид шаванд, рӯбучин кунанд, зарфҳояшонро бишӯянд, инчунин, ба онҳо як пиёла об ё шарбат диҳанд. Ин корҳоро фарзандон бояд худ анҷом диҳанд. Муваффақ шудан дар мактабҳо низ, масъулияти худи онҳост. Фарзандро набояд дар вобастагӣ ба модар ё каси дигар тарбият кард. Бигзор фарзанд дар иҷрои вазифаҳои шахсӣ худ эҳсоси масъулият кунад. Ҳангоме ба ӯ кумак мекунед, вай мисли як кӯдаки аз назари ақлию зеҳнӣ маъюб камол меёбад ва ҳисси нобоварӣ ба худаш меафзояд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ҚУДРАТИ ИНСОН
29. МАРЛИ
Маъюбе, ки дар 21-солагӣ «Оскар» гирифт
Марли Мэтлин бар асари беморӣ ҳанӯз якунимсола буд, ки шунавоияшро аз даст дод. Падару модар аз талошҳои зиёди бенатиҷа ноумед шуданду ихтиёри духтаракро, ба қавле, ба дасти худаш доданд.
Марли мустақилона роҳи театрро пеш гирифт ва дар ҳафтсолагӣ ба нақшофарӣ дар намоишҳои бачагона оғоз кард. Боварнокарданист, вале Марли Мэтлини маъюб дар 21-солагӣ барои иҷрои беҳтарин нақши занона дар филми «Кӯдакони хомӯшӣ» сазовори ҷоизаи "Оскар" шуд.
Воқеан, Марли аввалин ҳунарманди ношунавоест, ки ин ҷоизаро касб мекунад ва яке аз чор нафаре, ки дар кино бо нақши дебютӣ сазовори "Оскар" шудааст.
Баъд аз ин дастоварди беназир, дари тамоми театрҳои дунё барои Марли бозу мухлисон муштоқаш буданд. Дар як муддати кӯтоҳ ҳунарнамоиҳои беҳамтои ин духтараки маъюб бо ҷоизаҳои дигари соҳа, амсоли «Глобуси тиллоӣ» ва "Эмми", қадр мегарданд.
Барои дастовардҳои барҷаста дар соҳаи синамо, 6-уми майи соли 2009-ум ба ифтихори Марли Мэтлин дар фарши «Хиёбони шараф»-и гулгашти Ҳолливуд нишони ситора гузошта шуд.
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
Як байт
Неши каждум хубтар аст аз заҳри дӯст,
Дӯст бар дил мезанад, каждум ба пӯст.
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҲИЛА
Соли 1922. Дар зиёфати расмӣ, ки намояндагони зиёди хориҷӣ ҳузур доштанд, ногаҳон Чичерин мебинад, ки Красин ду қошуқчаи нуқрагиро дуздида, дар киса мезанад. Аз наздик рафта, дар гӯшаш мегӯяд, ки агар яктояшро ба ман диҳӣ сирратро намекушоям. Вале Красин қошу қавоқ карда: «Ҳунар дошта бошӣ, худат гирифтан гир», – мегӯяд.
– Диққат, – ногаҳон овози Чичерин аз миёни издиҳом баланд мешавад:
– Рафиқон, пеш аз он ки зиёфатро ҷамъбаст намоем, ман ба шумо як ҳила намоиш медиҳам. Марҳамат карда бинед, ана ин ду қошуқчаи нуқрагиро ман дар киса мезанам, дӯстам Красин бошад, онҳоро дар ҳузури шумо аз кисаи худаш бароварда, болои миз мегузорад.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ШЁНБРУНН
ҚАДИМТАРИН БОҒИ ҲАЙВОНОТ ДАР ДУНЁ
Император Франтс Стефани I (солҳои ҳаёт 1708-1765) дар мавзеи гаштугузори ҳайвонот дар Вена боғи ҳайвоноте таъсис дода буд. Император Иосифи II (1741-1790) ба Африқо экспедитсия ташкил намуд, то аз он ҷо намудҳои гуногуни ҳайвонот, аз ҷумла заррофаро биёрад. Моҳи июли соли 1906 дар муҳити озод аввалин филбача ба дунё омад.
Бо гузашти садсолаҳо, аниқтараш соли 2002 ба муносибати 250-солагии боғи ҳайвоноти Шёнбрунн тангаи нуқрагини австриягии 5-евроӣ бо акси ҳайвонот баромад. Ин яке аз камшумортарин боғест, ки дар он пандаҳои калонҷусса мезиянд.
Аз соли 2006 инҷониб ба Шёнбрунн ҳамасола зиёда аз ду миллион сайёҳ меояд ва он беҳтарин боғи ҳайвонот дар Аврупо маҳсуб меёбад. Дар масоҳати 17 гектар наздики 8 000 ҳайвон (700 намуд) гаштугузор менамояд.
Таҳияи Иронбӣ Мӯсозода
5РОҲИ БЕМАРГӢ
3. КӮРМУШУ КИРМҲО БЕМАРГ МЕШАВАНД, ОДАМ ЧӢ?
Як гурӯҳи пажӯҳишгарон «таҳрири ирсӣ»-ро дар вуҷуди одам сабаби намурдан медонанд. Бояд ҳамаи беморӣ ва лакнатҳои мавҷудаи организм, ки аз насл ба насл мегузаранд, дақиқ ва пешгирӣ карда шаванд. Барои ин код ё рамзи ирсиро бояд ошкор кунанд.
Ҳоло дар озмоишгоҳ ферменти махсус барои истеъмол сохтаанд, аммо озмудани он дар одам манъ ва дар ҳайвонҳо иҷозат аст. Аллакай, кирму кӯрмушҳо аз озмоиш гузаштанд ва ба наздикӣ шояд ба бемаргӣ «шарафёб» шаванд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
ТАВСИЯ
ЧӢ ГУНА АЗ ТАНБАЛӢ РАҲО ЁБЕМ?
27. ХУДРО ТАШВИҚ КУНЕД
Барои ҳар қадаме, ки ба сӯи ҳадаф бармедоред, лоиқи ташвиқ ҳастед. Худро дӯст доред. Ба худ аҳсан ва офарин хонед. Ҷумлаҳои мусбат шуморо тавонотар ва боангезатар мекунанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
АЗ ЗАБОНИ РАҚАМ
Хароҷот ба 1 одам барои тандурустӣ дар 1 сол (аз рӯи маълумот то соли 2018, ба доллар)
ИМА – 10586, Швейтсария – 7 317.
Норвегия – 6 187, Германия – 5 986,
Латвия – 1 749, Россия – 1514 (соли 2017),
Туркия – 1277, Колумбия – 1000...
Таҳияи Борбади МУСТАФО
Ганҷи шойгон
ҲАФТ ПАНД АЗ МАВЛОНО
1. Шаб бош дар пӯшидани хатои дигарон.
2. Замин бош дар фурӯтанӣ, хоксорӣ.
3. Хуршед бош дар меҳру дӯстӣ.
4. Кӯҳ бош дар ҳангоми хашму ғазаб.
5. Дарё бош дар саховатмандӣ ва ёрӣ ба дигарон.
6. Баҳр бош дар канор омадан бо дигарон.
7. Худат бош, ҳамон гуна, ки ҳастӣ.
Ҳозиркунандаи чоп А. РАҲИМ
ФУТБОЛ
ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНАИ «БАРСЕЛОНА» Ё ТАВАЛЛУДИ ДИГАРИ МЕССИ
Футболбози машҳури аргентинӣ Лионел Месси аз овони кӯдакӣ ба бозии «рақами 1»-и олам мароқи беандоза дошт ва ҳамин буд, ки ҳанӯз дар панҷсолагӣ дар академияи футболи зодгоҳаш ба машқ оғоз намуд. Бояд гуфт, ки касе ба ояндаи дурахшони ӯ бовар надошт ва танҳо бибии меҳрубонаш бо итминон мегуфт, ки аз Лео бозигари оламгир ба воя мерасад.
Месси дар академия ба ҷидду ҷаҳди зиёд тамрин мекард ва, аллакай, соли 1995, дар ҳаштсолагӣ, ба яке аз дастаҳои маъруфи Аргентина "Нюэллс Олд Бойз" роҳ меёбад. Вале хурсандии Леои хурдсол дер давом намекунад. Чун қадаш хеле паст буд, барои фаҳмидани сабаби он, соли 1998 ӯро аз ташхис мегузаронанд. Дар натиҷа, маълум мегардад, ки дар организми ӯ гормони соматотропин (моддае, ки барои баландшавии қад мусоидат мекунад) намерасад, аз ин рӯ, бояд фавран муолиҷаро оғоз кунад. Лекин оилаи онҳо чунин имконро надошт ва дар зодгоҳаш касе ҳам ба ёрӣ намешитофт.
Ба бахти Месси, роҳбарияти академияи футболи бошгоҳи «Барселона» аз ин огоҳ гашта, розӣ мешавад, ки тамоми хароҷоти табобатро ба уҳда гирад. Маҳз ҳамин иқдоми хайрхоҳонаи онҳо боис гардид, ки Леонел Месси шифо ёбад ва мо имрӯз ӯро ҳамчун яке аз беҳтарин футболбозони ҷаҳон (ягона дорандаи ҳафт ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ») мешиносем.
Аз русӣ тарҷимаи
Меҳрона ЗУВАЙДОВА
Натиҷаи барҷаста:
10 ВАРЗИШКОР – 10 МЕДАЛ
Тими бачагонаи Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии гимнастикаи бадеии «Ситораҳои олимпии Шарқ», ки дар Фарғона баргузор гардид, 10 варзишгар бо 10 медал: як тилло, панҷ нуқра ва чаҳор биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.
Дар мусобиқа беш аз 300 варзишкор аз 8 кишвар ширкат доштанд. Тоҷикистонро тарбиятгирандагони Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 1-и шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
25 ҷойи мамнуъ дар сайёра
21. СЮРТСЕЙ, ИСЛАНДИЯ
Ин ҷазираи кӯчаки вулқонӣ шомили галаҷазираҳои Вестманнаэйяр буда, дар соҳили ноҳияҳои ҷанубии Исландия ҷойгир аст. Сюртей яке аз ҷавонтарин ҷазираҳои сайёра мебошад. Он дар вақти хуруҷи вулқонӣ, ки аз соли 1963 то 1967 идома ёфт, пайдо шудааст.
Дастрасӣ ба ҷазира ба истиснои гурӯҳи хурди олимони интихобшуда қатъиян манъ аст. Маҳдудият ба хотири таъмини шароити мусоид барои ташаккули экосистемаи хос бе мудохилаи одамон, ҷорӣ шудааст.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
Мушфиқу ҳалиму меҳрубон бошед!
Чуноне ҳамагон медонем, баъзе инсонҳо нисбат ба якдигар хусумат доранд ва ақидае ҳаст, ки гӯё онҳо аз нокомии рақиби хеш пайваста хурсандӣ хоҳанд кард. Инак, пажӯҳишҳои деринсола собит сохтанд, ки ин гумон чандон дуруст нест. Бале, дар аввал, бо сабаби худхоҳӣ, барои рушду нумӯи якдигар монеа эҷод мекунанд, вале чун дурри мақсуд ба дасташон ояд, дар охири кор аз кардаашон пушаймон мешаванд ва дар дил ба хеш нафрин мехонанд, ки чаро хусуматашонро ба хубӣ аз байн набардоштанд.
Аз ин рӯ, табиист, ки муҳаққиқон ба чунин хулоса омаданд: «Ба якдигар душманӣ наварзед, балки ба ҳам мушфиқу ҳалиму меҳрубон бошед!».
Таҳияи Ш. ШОКИР
СИСТЕМАИ ҲИСОББАРОРӢ
Тибқи нигоштаи шоир ва донишманди садаҳои XIX-XX Муҳаммадалии Хатлонӣ (дастнависи соли 1906) тоҷикон дар асрҳои миёна системаи ҳисоббарории махсуси арабиасосро истифода мебурдаанд, ки он аз оҳод (якиҳо) то ашарот, курур (сад миллион)-ро фаро мегирифт.
Дар ин система истилоҳои «лак» (100 ҳазор), «курур» (10 миллион), «арб» (1 миллиард), «карб» (100 миллиард), «мил» (10 триллион), «фил» (квадриллион), «рух» (100 квадриллион), «баҳр» (10 квинтиллион), «муҳит» (секситиллион), «савр» (100 секстиллион), «саман» (10 сеттиллион), «унсур» (1 октиллион), «офоқ» (100 актиллион), «симок» (10 контиллион), «манзил» (1 детсиллион) ва ғайра истифода шудаанд.
Масалан, адади 18446740737-09551615 ин тавр хонда мешуд: 18 баҳру 446 руху 744 миму 73 арбу 709 куруру 551 лаку 615. Ҳисоби мазкур дар тадовули мардум ва муомилоти пуливу молӣ мустаъмал будааст. Чунончи, Аҳмади Дониш (1826-1897) навиштааст: «Агар ин замин дар хитаи тасарруфи ин давлат дарояд, миқдори як курур дар нуфузи аскари ҷаррор... мулҳақ мегардад».
Таҳияи Умар АЛӢ
Ду панд
Бояд аз бадӣ кардан бештар битарсем, то аз бадӣ дидан.
***
Ҳасрати воқеиро он рӯз мехӯрӣ, ки мебинӣ ба андозаи синну солат зиндагӣ накардаӣ.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ТУҲМАТ
Як нафар назди Фачино Кане, ки бераҳмтарин ва дар айни замон яке аз беҳтарин лашкаркашони замонаш буд, даъво меояд, ки гӯё аскаре аз зердастони генерал боронии ӯро дуздидааст.
Фачико андоми даъвогарро аз нӯги по то болои сар аз назар гузаронда, мепурсад:
– Вақте туро ғорат карданд, ҳамин сарулибосро дар бар доштӣ?
– Бале, аълоҳазрат, ҳаминҳоро доштам.
– Пас, даъвои ту нисбат ба аскарони ман туҳмате беш нест. Агар ғоратгар дар ҳақиқат зердасти ман мешуд, дар тани ту аз ин туфлии чармину аз ин костюми гаронқимати пахтагӣ ҳам, осоре намемонд.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ТАЛОШ БАРОИ ДОНИШ
УИЛЯМ КАМКВАМБО ЧӢ ГУНА МУВАФФАҚ ШУД?
Агар мо ба таҳсил дар мактабҳои миёнаву олӣ дастрасии пурра дорем, дар кишвари африқоии Малави хондан орзуи кӯдакон асту аксари онҳо, ҳатто, маълумоти ибтидоӣ гирифта наметавонанд. Аз ҷумла, Уилям Камквамба барои напардохтани ҳаққи таҳсил аз мактаб хориҷ шуда, вақтҳои холиашро дар китобхона мегузаронд.
Дар 14-солагӣ баъд аз мутолиаи китоби «Истифодабарии энергия», ба сохтани генератори шамолӣ пардохт. Ба сифати ашё шикастапораҳои дучарха, ҳавокашаки трактор, амортизатор хизмат карда, генератори Уилям ба кор даромад ва нахустин хонаро чароғон намуд.
Пас аз ин номи Уилям вирди забонҳо гашту дар бораи истеъдоди ӯ маводи зиёд нашр шуд. Акнун, ашхоси машҳур ба ӯ таваҷҷуҳ мекарданд. Аз ҷумла, Эмек Окафор, директори нигерии барномаи «TEDGlobal», ӯро ҳамчун стипендиати ширкати худ ба конфронси байналмилалӣ фиристод. Чун ба Уилям сухан доданд, вай ин тавр гуфт: «Ман кӯшиш кардам ва муваффақ шудам». Ҳама ӯро хуш пазируфтанд ва ин нутқаш ба шиори доимии ҳамоиш табдил ёфт.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.09.2022 №: 171 Мутолиа карданд: 1194