фарҳанг
ПАЙКАРАИ УСТОД РӮДАКӢ ДАР САМАРҚАНД
ҚАДАМИ НАВБАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ДӮСТӢ
Пайкараи асосгузори адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Самарқанди бостонӣ қомат афрохт. Ҳайкали устод Рӯдакӣ дар кӯчаи ба номи шоир воқеъ шуда, ҳамчунин, атрофи онро бо гулу буттаҳои ороишӣ муназзам кардаанд.
Дар маросими пардабардорӣ аз рӯйи пайкара раиси вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдиматов, аҳли қалами шаҳри Самарқанд ва фаъолони давлативу ҷамъиятӣ иштироку суханронӣ доштанд.
- Устод Рӯдакӣ дар баробари шоири ширинкаломи тоҷику форс будан, ҳамчунин, нобиғаи номвари ҷаҳониён аст. Маснавӣ, ғазал, қасида ва рубоиҳои ӯ бо гузашти айём пурмазмунтару боҳикматтар мешаванд. Ашъори ин бузургвор гӯё алмос аст, ки ҳар бор ҷилои нав медиҳад. Сабаби гузоштани ҳайкали нави шоир дар Самарқанд, ки замоне маркази фаъолият ва эҷодиёти ӯ будааст, бисёр шодиовар аст. Ифтихори мо аз он аст, ки бозкушоии пайкара дар шабу рӯзҳои пурнишоти кишвари мо – 31-умин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон рост омад, - гуфт Эркинҷон Турдиматов.
Таъкид кардан зарур аст, ки хиёбони ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ яке аз кӯчаҳои марказӣ ва дарозтарини шаҳри Самарқанд буда, аз истгоҳи асосии роҳи оҳан то мавзеъҳои қадимии шаҳр – Афросиёби куҳан, ёдгории Шоҳи Зинда, масҷиди Ҳазрати Хизр тул мекашад.
Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Субҳи Гулобод»-и Самарқанд Нормурод Каримзода аз ин падидаи хуҷастаи фарҳангӣ шод шуда, изҳор дошт: «Бисёр фараҳмандем, ки шоҳроҳи Рӯдакӣ, инак, сарпаноҳи шоири шоирон шуд. Ба ин муносибат бадоҳатан гуфтам:
Ваҳ, чи зебо шоҳроҳи Рӯдакӣ,
Шуд диёрам сарпаноҳи Рӯдакӣ.
Аҳли олам шеъри ӯро дӯст дошт,
Ин ҷаҳон бин аз нигоҳи Рӯдакӣ»
Бино ба гуфтаи Файзулло Нарзуллоев, муовини директори мактаби № 51-и ноҳияи Самарқанд, аз ин пас омӯзгорону фаъолони метавонанд дар атрофи пайкараи Одамушшуаро маҳфилҳои фарҳангӣ, озмуну сабқатҳои фанниву маърифатӣ гузаронанд. Ҳамин як ҳайкал барои ангезаи ҳисси ватандорӣ ва ташаккули ахлоқи ҷавонону наврасон аҳамияти бузург дорад.
Амина Шарофиддинова, яке аз фаъолони шаҳр ифтитоҳи муҷассамаро хуш пазируфта, баён кард: «Соли 1996 дар майдони Регистон пайкараи қофиласолори адабиёти тоҷик гузошта шуд, баъди он солҳо интизор будем, ки устод Рӯдакӣ ба шаҳри дӯстдоштааш – Самарқанд баргардад. Ин орзуи дерини зиёиён шукр, ки дар арафаи ҷашни истиқлоли Ӯзбекистон ба ҳақиқат табдил ёфт».
Дар идомаи чорабинӣ Эркинҷон Турдиматов маҷмуаи тозанашри рубоиёти устод Рӯдакиро дар тарҷимаи ӯзбекӣ муаррифӣ кард. Ин китоб бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” рӯйи чопро дидааст.
Чунин иқдоми накуи масъулони вилояти Самарқанд баҳри дар амал татбиқ кардани нақшаву тадбирҳои сарварони худогоҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои дӯстиву рафоқати миллатҳои ба ҳам қарин муфид аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.09.2022 №: 172 Мутолиа карданд: 1040