маориф
1 СЕНТЯБР. ВАҚТЕ СОЛИ ХОНИШ БО НАВГОНИҲО ОҒОЗ МЕШАВАД...
Дониш ва донишомӯзӣ муҳимтарин унсури маънавии инсон, ҷавшани башарият аз ҷаҳлу бадкирдориҳо ва омили истиқлолбахшӣ ҳоло дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар қарор гирифта, дар роҳи азхудкунии он ҳамасола Рӯзи дониш кишвари моро навгониҳои беназир фаро мегиранд. Имсол дар яке аз бахшҳои ниҳоятдараҷа муҳими мамлакат – соҳаи тибби ҷумҳурӣ, шоҳиди яке аз чунин туҳфаҳои мондагору ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем. Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дари боз як даргоҳи муҳташами илмомӯзӣ – бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ба рӯи ташнагони илму маърифат кушоданд. Руҳи Синое, ки дар замони худ хорию зорӣ ва азобу уқубати алим дида буд, аз ин қадар шаҳомату шукуфоиҳо атрофи ному пайкораш акнун беандоза шод шуд.
Ҳамон тавре мо, сокинони гӯшаю канори ҷумҳурӣ, огоҳ гардидем, он аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурию таълими донишҷӯён пешбинӣ шудааст.
Баробари ин, фақат ҳамин сол ба муносибати оғози соли хониш бо иштироки Пешвои миллат иншооти зиёди соҳаи маориф ифтитоҳ ёфт, ки ин ҷо зикри ҳамаи онҳо имкон надорад. Ҳамзамон, аз ҷониби мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии мамлакат садҳо иншооти наву замонавии дигар ба фъолият оғоз намуданд, ки гувоҳи ғамхории доимию афзояндаи давлату Ҳукумат дар ҷодаи илму маориф аст.
Бо чунин пешравиҳо ва таъмини шароитҳои нави таҳсил оғоз ёфтани соли хониш боис ба он мегардад, ки насли нав ҳар чи бештару хубтар аз малакаҳои нави замонавӣ баҳраманд гардад. Бо вуҷуди он ки ҳамасола шумораи муҳассилин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ босуръат меафзояд, шароиту имконоти хониш барояшон аз ин бештар муҳайё гардида истодааст. Чунончи аз рақамҳо бармеояд, дар ин давра шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 3920, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 63, миёнаи касбӣ ба 78 ва олии касбӣ ба 41 адад расидааст.
Дар ивази чунин ғамхориҳои бемислу барои насли имрӯзу оянда тақдирсоз фақат лозим аст, ки ҷавонону наврасон бо пайравии содиқона аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат дучанд омӯзанду дар ҷомеа шахсияти созанда ва барои пешрафти Ватани азизи худ саҳим бошанд
Гуландом РАҲМОНОВА,
Гулрафтор АБДУЛЛОЕВА,
омӯзгорони Коллеҷи технологии
шаҳри Душанбе,
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.09.2022 №: 172 Мутолиа карданд: 2096