logo

иқтисод

ПАРАНДАПАРВАРӢ. 5 ОМИЛИ КАМШАВИИ САРШУМОР

Аз рӯи ҳисоботи оморӣ, ба ҳолати 1 августи имсол дар ҷумҳурӣ  саршумори паранда ба  10404018 сар расид, ки ин  нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта беш аз 340 ҳазор кам аст. Аз ин дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ (7341698 сар) 385609 сар кам мебошад. Дар хоҷагиҳои аҳолӣ  ба 3447929 сар расид, ки назар  ба ҳамин давраи соли гузашта 45035 сар  яъне, 101 дарсад зиёд мебошад. Сабабҳои чунин коҳиш ёфтани саршумори парандаи гӯштию тухм гуногун арзёбӣ мешаванд, ки мо ин ҷо 5 омили асосиро ба таври мушаххас манзури хонандагон менамоем.
 
1. Яке аз сабабҳои дар нимаи аввали соли ҷорӣ кам гаштани  саршумори паранда дар ҷумҳурӣ тағйири асъори хориҷӣ – доллари ИМА буд. Нархи гӯшти воридотӣ аз хориҷи кишвар нисбат ба гӯшти истеҳсоли дохилӣ   паст шуд ва боис ба зиён дидани корхонаҳои паранда гардид. Хоҷагиҳо ва соҳибкорони соҳа маблағи хароҷотро ба хазинаи хоҷагӣ баргардонда натавонистанд.
2. Пайдоиш ва таъсири касалиҳои гуногуни паранда - бронхид, зукоми паранда, хунукгирии рӯдаю меъда, касалии марека, коксидиоз, бемории нюкасл, колибактериоз, бронхопневмония, пуллороз сабаби дигари камшавии саршумори паранда мебошанд.
3. Коркарду таъмини хӯроки омехтаи паранда барои парандапарварон дар дохили кишвар басанда нест. То ҳол қисми бештари хӯроки парандаро аз хориҷи кишвар меоранд. Агар раванди интиқоли  он барои корхонаҳои ҷумҳурӣ каме халал ёбад, ба кори парандапарварон таъсири бештар мерасад. Ин ҳолат боиси кам гаштани саршумори паранда мегардад. Нокифоягии коркарду таъмини хӯроки омехтаи паранда ва тавлиди чӯҷаҳо бо роҳи инкубаторӣ  фаъолияти коргоҳу корхонаҳои соҳаро дар кишвар, хусусан дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мушкил намудааст.
4.  Қисми зиёди чӯҷаҳо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Суғд ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон интиқол меёбад. Ин муҷиби хароҷот ва ҳам қисман талафи чӯҷаҳо мегардад.
5. Бисёр хоҷагиҳои парандапарварӣ мутахассисонро аз кишварҳои дар ин соҳа пешрафта  киро карда меоранд, ки онҳо тамоми нозукиҳои амалии парандапарвариро ба соҳибони корхонаҳо нафаҳмонда, муҳлати шартномаи меҳнатиашон  тамом мешавад. Дар ин сурат таҷрибаю малакаи парандапарварӣ аз ҷониби фермерони ватанӣ хуб омӯхта намешавад ва ҷӯҷаҳои зиёди харидаашон дуруст парвариш наёфта аз байн мераванд. Дар умум, корашон нотамом мемонад.
Бо сабаби мушкилиҳои дар боло зикр гардида, баъзе корхонаҳои парандапарварии самти тухм фаъолияташонро муваққатан баста, як қисм мурғони тухмдеҳи аз зоиш бозмондаро ба аҳолӣ фурӯхта, қисми дигарро барои истеҳсоли гӯшт забҳ намуданд. Вазъи бавуҷудомада сабаби боз ҳам кам шудани теъдоди корхонаҳо ва саршумори парандагон гардид.
Барои расидан ба амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла дар самти истеҳсоли гӯшт  дар соҳаи кишоварзӣ, илм ва истеҳсолотро бояд тавъам  пеш бурд. Дар ҷумҳурӣ мутахассисону олимони беҳтарин дар соҳаи парандапарварӣ фаълият доранд. Соҳаи парандапарварӣ, хусусан мурғи гӯштӣ, соҳаи нав ба шумор меравад. Хуб мешуд, ки масъулони соҳаи чорводории кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии соҳаи парандапарварӣ, тухм ва технологияи коркарду нигоҳ доштани гӯшти онро ҳар чи зудтар ба роҳ монанд. Ба ин васила, парандапарварон бо олимону мутахассисон дар ҳамкории зичи доимӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар самти парандапарварӣ дар фаъолияти корхонаҳои соҳа  пурзӯр гарданд.
Ҷиҳати дастгирӣ ва зиёд намудани фермаҳои парандаи тухму гӯшт  ва муҳайё намудани ҷойҳои бисёри кор,  ҷудо намудани қарзҳои имтиёзноки фоизашон кам ва дарозмуддат яке аз тадбирҳои таконбахши рушди соҳа маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, бо ин қарзҳо парандапарварон метавонанд таҷҳизоти зарурӣ харида, маҳсулотро барои муддати дароз нигоҳ доранд. Дар баъзе корхонаҳои соҳа сардхонаҳо барои нигоҳдории гӯшти паранда вуҷуд надоранд, ки ин мушкил дар фасли тобистон муҷиби талафи маҳсулот ва  камшавии саршумори паранда хоҳад шуд.
Бовар аст, ки масъулони соҳа дар пайи иҷрои тадбирҳо бо хоҷагиҳои парандапарварӣ  барои зиёд кардани саршумор ва таъмини амнияти ғизоии мардум ба натиҷаҳои бештару назаррас комёб мегарданд.
 
Р. ШАРИФЗОДА, 
коршиноси масоили кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2022    №: 172    Мутолиа карданд: 1388
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед