сиёсат
ПАЙРАВОНИ ПЕШВО. СОҲИБКОРОНИ МАКТАБСОЗ ҲАМ ОЯНДАСОЗОНИ МИЛЛАТАНД
Аз файзу нусрати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол дар мамлакат таҳаввулоти азими бунёдӣ ба амал омада, дар ин миён, зербинои мактабу маориф қавитар ва сатҳу сифати таълим дараҷаҳои беҳтару хубтарро касб менамоянд. Аз ҷумла, ҳар сол дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Сарвари давлат дар кишвар даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд, ки дар камолоти насли ҷавони ҳушманду огоҳ нақши мунир мегузоранд.
Чунин як иқдоми нек имсол дар деҳаи Ремони деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ амалӣ шуд, ки акнун хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31-и ба номи Мирзобек Ҳоҷиев дар синфхонаҳои наву барҳаво ва муҷаҳҳаз бо тамоми аёниятҳои таълимӣ соли нави хонишро истиқбол намуданд. Синфхонаҳои нави таълимӣ барои 100 хонандаро дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори саховатпеша Луқмон Дӯстмуродов бо харҷи наздик ба як миллион сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дод.
Муқим Муродзода, раиси ноҳияи Айнӣ, Санъат Асо, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия, дар маросими ифтитоҳи бинои иловагӣ ва дигар иншооти ёрирасони Муассиса иштирок намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Зимни ба истифода додани синфхонаҳои нави таълимӣ, раиси ноҳия бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ коргоҳҳои нави саноатӣ фаъол гардида, ба шарофати корҳои созандагӣ симои ноҳия ба куллӣ дигаргун гаштааст.
- Ҳоло дар идомаи корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду барқарорсозии иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз як қисми онҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бонангу номус бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Сохта ба истифода додани синфхонаҳои нави таълимӣ аз ҷониби соҳибкор Луқмон Дӯстмуродов яке аз намунаҳои барҷаста аст, - иброз дошт раиси ноҳия.
Соҳибкори саховатпеша Л. Дӯстмуродов дар суҳбат бо «Ҷумҳурият» изҳор дошт, ки маҳз дар заминаи дастгирӣ ва ҳимояти Пешвои муаззами миллат аз соҳибкорон ва пешниҳоди имтиёзҳои муайян ба иҷрои ин амали хайр муваффақ шудааст. Ӯ ҶДММ «Луқмон - 2012»-ро роҳбарӣ мекунад, ки дар минтақаҳои саноатии мамлакат ба истихроҷи маъдан машғул буда, 150 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин менамояд.
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»,
Муҳаммадносири НАСРУЛЛОҲ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.09.2022 №: 172 Мутолиа карданд: 714