фарҳанг
АГАР ТАДБИР Н-АНДЕШЕМ...
Таълиф ва ба нашр расидани китобу маҷаллаву рӯзнома масъулияти ҷиддиро, махсусан дар ин рӯзҳо, ки майли аксар мардум ба шабакаҳои иҷтимоианду бо ғалату хатоҳои мантиқиву имлоӣ рӯ ба рӯ мешаванд, тақозо дорад. Вазифаи аҳли зиё, хоса омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, он аст, ки ба шогирдон ва дигарон сари вақт роҳу тарзи дурусти омӯзишу навиштанро биомӯзонанд. Мутаассифона, вақте ба журналҳои синфӣ, дафтари сабтҳои дарсӣ ва китобҳо чун назар бикунем, ин ҳақиқат равшан мегардад, ки худи онҳо ба ғалату хатоҳо, аз нофаҳмиҳо роҳ додаанд. Дар ин сурат, албатта, раҳнамоӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.
Тарсам нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ,
К-ин раҳ, ки ту меравӣ,
ба Туркистон аст.
Инчунин, ба қавли Мавлоно, ҳеҷ хуфта хуфтаеро бедор накарда ва минбаъд низ наметавонад. Иллатро бархе аз омӯзгорон дар зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои имло медонанд. Ҳамчунин, ин гурӯҳ изҳор медоранд, дарбарҳамиҳои қоидаҳои имло, ки илман асоснок нестанд, мушкили онҳоро ба даҳҳо маротиба афзудааст. Махсусан, дар навиштану омӯзондани калимаҳое, ки «ӯ» доранд, бештар ранҷ мебаранд, зеро калимаҳои арабиро хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва ҳам болоӣ шинохтаву ҷудо карда наметавонанд. Баъзе аз калимаҳои арабӣ, ончунон тоҷикӣ шудаанду дар гуфтугӯ ба кор бурда мешаванд, ки кас ҳеҷ бовар намекунад аз забони араб ба забони мо роҳ ёфтаанд. Аз рӯи талаботи қоидаи мавҷуда нахуст хонанда бояд забони арабиро биёмӯзад, то шинохти калимаҳои ин забон ва тоҷикӣ барояш осон шавад.
Назари баъзе аз хонандагон ин аст, ки аксар ҳафтаномаву маҷаллаҳо, ҳатто ҳафтаномаву маҷаллаҳои адабӣ то ба ҳанӯз аз имлои нав истифода накардаанд ва дар гумон аст, ки ба ин наздикиҳо истифода бикунанд. Сарварону муассисони як қисм аз ин ҳафтаномаҳо ошкоро изҳор медоранд, ки ба ин қоидаҳои имло эътимод надоранд ва чун даврони пешин амал мекунанд. Албатта, айби надонистани қоидаҳои нави имло, надоштани мутахассисони соҳаро ба ин васила пӯшонданӣ мешаванд, варна хуб медонанд, ки қоидаҳои нави имло бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ва бояд бечунучаро иҷро бишаванд. Иҷрои қарор зарур аст, ки аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор назорат гардад.
Хатоҳои мантиқӣ, вазнӣ ва имлоӣ бештар дар китобҳои бадеӣ, китобҳои бахшида ба рӯзгору кори одамони алоҳида ва оилаҳои онҳо, хотиравӣ ба назар мерасанд. Коршиносону дастандаркорон ва бархе аз сарварони нашрияҳо бар ин назаранд, ки мутахассисони соҳа намерасанд. Бештари онҳо калонсолонанд, яъне синну солашон аз 40-50 зиёданд. Синну соли бархе аз ин мутахассисон аз 60 ҳам болост.
Дар бархе аз китобҳо мо бо номҳои шахсиятҳои маъруфи адабиву илмиву сиёсӣ вомехӯрем, ки ё муҳаррир ва, ё муқарризанд. Кас ҳеҷ бовар карда наметавонад, ки ин афрод одитарин ғалатҳову хатоҳоро надида бошанд.
Муаллифи ин сатрҳо дар ин хусус бо чанде аз онҳо вохӯрд ва ҳамсуҳбат шуд. Бархе гуфтанд, ки аз нашри ин гуна китобҳо хабар надоранд ва онҳо ҳатто як сатри китобро нахондаанд.
Як гурӯҳ изҳор доштанд, ки ғалату хатоҳоро ислоҳ намуда буданд. Муаллифони чунин китобҳо ин гуфтаи онҳоро тасдиқ карданд, аммо дар навбати худ изҳор доштанд, ки ба таҳрирашон ризо набуданд, аз ин рӯ, тарзи навишти худашонро саҳеҳтару дурусттар шумориданд. Аҷаб андешае?! Агар ба ислоҳу раҳнамунии ин муҳаррирон ризо набудед, чаро онҳоро ба ин кор ҷалб намудед?!
Як гурӯҳи дигари муаллифон гуфтанд, ки дар нусхаҳои охирон, нусхаҳои пеш аз ба нашр расидан ғалату хатоҳоро нишон додаанд ва таъкид кардаанд, пас аз ислоҳи онҳо ин китобҳоро ба чоп бирасонанд, мутаассифона, аз бемасъулиятӣ хатоҳои онҳо ислоҳ нашудаанд.
Муаллифоне ҳам вуҷуд доранд, ки китобҳои таълифкардаашонро ба шахсиятҳои машҳуру маъруф медиҳанд, то ба онҳо муҳаррирӣ бикунанд. Албатта, дар ин мавридҳо аз андак шиносоӣ ва ё амрҳои шахсиятҳову сарварон истифода менамоянд. Яъне, мехоҳанд ин корро муҳаррирон ройгон анҷом бидиҳанд. Дар натиҷа, дар ҳар панҷоҳ саҳифаи китоб як ё ду ғалату хатоҳоро ислоҳ ва ба ин иктифо мекунанд. Яке аз чунин китобҳо, романҳоро ба ман ҳавола карданд, то аз назар сарсарӣ ҳам бошад, бигузаронам. Муаллиф таъкидам кард, ки онро як нависандаи машҳуру маъруфу романнавис хондаасту ман дар хондани он ранҷ намекашам. Чун аз назар гузарондам, тавре ки худ хоста буд, яъне сарсарӣ, дарёфтам, ки пештар он нависанда ҳатто як саҳифаи онро нахонда ва варақ низ назада будааст. Бешак, ҳар нависандае, ки худро андак эҳтиром мегузорад, вақташро ба хондану таҳрири ин гуна асарҳои каммазмуну пастсифату орӣ аз маҳорати адабиву нависандагӣ сарф намекунад. Ин афрод, яъне нависандагони бемаҳорат ҳатто додани чанд сомониро ба як мусаҳҳеҳ раво намедоранд, то ақаллан, китобҳояшон бе ғалату хатоҳои имлоӣ нашр бишаванд.
Боз як гурӯҳ шоирону нависандагоне ҳастанд, ки асарҳояшонро ба муҳаррирон пешниҳод мекунанду таъкид мекунанд, ки ҳатто як мисраъ ва ҳам як ҷумлаашонро дигар нанамоянд. Агар муҳарриреро ба нохост виҷдонаш азоб бидиҳаду дуруст таҳрир бикунад, ғалату хатоҳоро нишон бидиҳад, бо ӯ дар баҳси дуру дароз меояд ва оқибат ӯ бесаводаш эълон мекунад. Дар ин сурат барои ҳифзи обрӯяш маҷбур мешавад, ки пешниҳоди муаллифро бипазирад.
Ҷойи бас таассуф мебошад, ки имрӯз бо истифода аз озодиҳо гунҷишкро қассоб намекушад. Муаллифон ба соҳаҳо, мавзуъҳое даст мезананд, ки дар ин риштаҳо андаке ҳам таҳсил накардаанду китобе нахондаанд. Дар бораи театр, синамо, сиёсат, суруд, тиб, дин, таърих, сохтмон, варзиш, ҳам менависанду дар бораи адабиёту фалсафаву китобҳои дарсиву илмиву адабӣ низ. Ҷавоне ҳам, ки нахустин гомҳои худро дар ин ё он соҳа мегузорад ва чанд китобаке хондааст, бо навиштаҳояш даст ба гиребони адибу олиму ҳунаршиносе мебарад, ӯ дар ин соҳа, ба қавле, мӯйи сар сафед кардаасту дар дохил ва берун аз кишвар эътироф шудаасту суханаш, таълифаш арзиш дорад. Хомӯшӣ, посух нагуфтани ин афродро нишонаи дурустии андешаҳои худ дармеёбаду аз роҳи хато ҳеҷ барнамегардад ва дар шинохти роҳи дуруст саъй намекунад. Ин гурӯҳ ба ин васила мехоҳанд, бигӯянд, ки онҳо ҳам ҳастанду ба бузургони соҳа эрод гирифта метавонанд. Мурод, албатта, ба даст овардани шуҳрат аст. Ҳеҷ намедонанд, ки шуҳратро бо ин роҳ наметавон ба даст овард. Баръакс, зуд ё дер беобрӯ мешаванд, хандахариши мутахассисони соҳа ва мардум қарор мегиранд. Бархе аз «бузургон» ин ҷавонони гумроҳро ба ин кор вомедоранд, то аз «душманонашон» бо дасти онҳо қасос бигиранд. Дар ин маврид халқ барои гирифтани ибрат зарбулмасале дорад: «Роҳро нишон медиҳанду тӯшаашон намедиҳанд». Маълум аст, ки бе тӯша роҳрав дар роҳи дурудароз ба ҳалокат мерасад.
Ин масъала, тавре зикр шуд, ҳаргиз масъалаи одӣ нест. Зарари он бештару бештар ба насли наврас мерасад ва дар натиҷа миллатро бесаводу беобрӯ месозад. Пас, бо ҳисси масъулиятшиносӣ, дӯстдории миллат, пойдории давлат тадбиру чораҳои заруриро ҳарчи зудтар биандешему амалӣ бинамоем.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.09.2022 №: 172 Мутолиа карданд: 1676